НАРХИ ПИЁЗ ПОИН МЕРАВАД1-08-2022, 12:03
Хабарро хонданд: 72 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯзҳо нархи як килограмм пиёз дар бозорҳои ҷумҳурӣ, ки аз 7 то 8 сомонро дар бар гирифтааст, мардумро нигарон кардааст.
Дар ин мавзуъ Ҳусейн Идиев Раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки поинравии нархи пиёз дар Тоҷикистон бояд дар арафаи зимистони соли ҷорӣ сурат бигирад. Ба гуфтаи ӯ, чунин пешгӯӣ дар асоси натиҷаи санҷиши бозор, бо назардошти ниёзи мардум ба ин маҳсулоти кишоварзӣ ва суръати истеҳсоли он ҳосил гардидааст. - Ҳоло ман гуфта наметавонам, ки мо дар моҳи сентябр бо кадом нархҳо картошка ва пиёз харидорӣ мекунем, аммо итминон дорам, ки арзиши он коҳиш хоҳад ёфт, - тазаккур дод Ҳусейн Идиев. Қурбон АҲМАДЗОДА |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.