Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Маҷлиси ҳисоботӣ дар “Илмпешагон”

Маҷлиси ҳисоботӣ дар “Илмпешагон”

7-03-2016, 15:20
Хабарро хонданд: 356 нафар
Назарҳо: 0
Маҷлиси ҳисоботӣ дар “Илмпешагон”
Маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон”, ки аз ҳисоби кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, дар толори маҷлисгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон”, президенти АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшида, дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Номбурда қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ махсусан дар мавриди тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, пешгирии онҳо аз пайвастан ба гурӯҳҳои тундгаро ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолият, баланд бардоштани илму фарҳанги сиёсии ҷавонон, дастгирии соҳибкорони ҷумҳурӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дигар масоили марбут ба амният ва рушду тараққиёти кишвар андешаҳои судмандро иброз кард.
Дар Паёми Президенти кишвар паҳлуҳои гуногуни илму маорифи миллӣ мавриди таҳлил қарор гирифт, ки ба рушди низоми таълиму тарбия, бахусус фанҳои дақиқ, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ равона гардидааст.

Сипас, ҳисоботи солонаи муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон” Ширин Қурбонова оид ба фаъолияти ташкилот дар соли 2015 шунида шуд. Зикр гардид, ки дар давоми соли 2015 чор ҷаласаи ҳизбӣ доир гардид, ки дар он масъалаҳои таҳия ва тасдиқи нақшаи солонаи кории ташкилот, баррасии мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили чорабиниҳои муҳим бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, Наврӯзи Аҷам, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҳисобот қайд гардид, ки аз моҳи октябри соли 2015 то моҳи январи соли 2016 сафи аъзои “Илмпешагон ба 370 нафар расид.
Аз моҳи ноябри соли 2015 то моҳи январи соли 2016 аз ҳисоби кормандони институтҳое, ки дар назди АИ ҶТ фаъолият доранд, ташкилотҳои ибтидои ҳизбии “Риёзӣ” таъсис дода шуд.
Дар ҷаласа Фарҳод Раҳимӣ ба 10 нафар аъзои нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорид.

Дар маҷлиси солона Ширин Қурбонова аз ҷониби аъзои ҳизб якдилона раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Илмпешагон”–и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Илҳоми Баҳром муовини раиси ташкилот интихоб гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: