Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » «Бонки Эсхата» додани қарзро то 100 000 сомонӣ аз сар гирифт

«Бонки Эсхата» додани қарзро то 100 000 сомонӣ аз сар гирифт

28-06-2022, 06:26
Хабарро хонданд: 1580 нафар
Назарҳо: 0
«Бонки Эсхата» додани қарзро то 100 000 сомонӣ аз сар гирифт
Июнь 27, 2022 10:25

ДУШАНБЕ, 27.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Бонки Эсхата» додани қарзро то 100 000 сомонӣ бе гарав дар доираи хизматрасонии «Эсхата Экспресс» аз сар гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар бонки мазкур хабар доданд.

«Қарз ба маблағи то 100 000 сомонӣ дар 1 рӯзи корӣ, бе гарав ба муҳлати то 36 моҳ дода мешавад. Мизоҷ танҳо як кафилро таъмин менамояд. Фоизи қарз дар як моҳ барои мизоҷони такрорӣ 2,33% ва барои мизоҷони нав 2,5% мебошад», — таъкид намуданд дар «Бонки Эсхата».

Гуфта мешавад, ки қарзи бе гарав барои соҳибкорони инфиродӣ, бобати васеъ кардани тиҷорати онҳо пешбинӣ шудааст.

Барои гирифтани қарз мизоҷон метавонанд ба наздиктарин филиали «Бонки Эсхата» муроҷиат кунанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: