Русия Туркияро ба «ҳимояти ошкорои террористон» айбдор кард7-03-2016, 12:03
Хабарро хонданд: 268 нафар
Назарҳо: 0
Туркия ҳимояи ошкорои террористон дар Сурияро идома медиҳад, гуфт раҳбари Маркази русиягии оштидиҳии ҷонибҳои даргир дар Сурия генерал-лейтенант Сергей Кураленко.
Ба гуфтаи вай, тақрибан ба таври шабонарӯзӣ аз марзи Туркия ба самти минтақаҳои таҳти назорати гурӯҳҳои террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» ва "Аҳрор Аш-Шамъ" мошинҳои боркаши ҳомили мавод ва силоҳ убур мекунанд. Мухолифони суриягӣ бар ин назаранд, ки амалкарди нерӯҳои содиқ ба президент Башор Асад ба оташбас таҳдид мекунад, зеро онҳо ҳамла ба мавзеъҳои ошӯбгаронро идома медиҳанд. Фаронса дар бораи ҳолатҳои ҳамла ба ҷангиёни гурӯҳҳои мухолифи суриягӣ хабар медиҳад. Ин ҳамлаҳо шартҳои барои оташбас муайянкардани Русия ва ИМА-ро вайрон мекунанд. Пештар котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ гуфта буд, ки ҳамаи ҳолатҳои поймол шудани шартҳои оташбаси Сурия назорат мешавад ва ҳоло асосе нест, ки оташбас ноком шумурда шавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.