Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Варзоб 7 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Варзоб 7 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад

21-06-2022, 07:25
Хабарро хонданд: 234 нафар
Назарҳо: 0
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Варзоб 7 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад


Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Варзоб 7 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Варзоб Фарухи Абдуқодир иброз намуд, ки «имрӯзҳо гурӯҳҳои таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо аҳолӣ вохӯрӣ гузаронида, оид ба аҳамияти ҷашни Ваҳдати миллӣ ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу он изҳори андеша мекунанд».

Ҳамчунин бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ имрӯзҳо корхонаи ободонии ноҳияи Варзоб маркази ноҳияро гулзор намуда, ҳамарӯза аз партобҳо тоза намуда, барои дар муҳити зебо ҷашн гирифтани ин сана дигар корҳоро ба анҷом мерасонанд. Ҳамчунин маркази ноҳия бо шиору овезаҳои дорои ғояҳои ватандӯстӣ оро дода шудааст.

Ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Муҳаммадулло ва саҳми соҳибкорону сокинони ноҳия бунёди 158 иншооти гуногунро ба нақша гирифтаанд, ки дар ояндаи наздик роҳҳои маҳаллӣ мумфарш гардида, ҳамому марказҳои хизматрасонии нав бунёд мешаванд. Инчунин баҳри саноатикунонии ноҳия сохтмони корхонаю коргоҳҳои истеҳсолию саноатӣ оғоз гардидааст.

АМИТ «Ховар»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: