Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ шинос шуданд Июнь 16, 2022 10:57

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ шинос шуданд Июнь 16, 2022 10:57

17-06-2022, 07:37
Хабарро хонданд: 121 нафар
Назарҳо: 0
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ шинос шуданд Июнь 16, 2022 10:57
16 июн дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дӯстӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои марказии ноҳия шинос шуданд.

Корҳои таъмиру навсозии роҳҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ соли 2019 дар асоси дастуру роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи меъёрҳои муосир оғоз гардида, бо руҳия ва ҳисси баланди миллӣ анҷом дода мешаванд.

Таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ дар асоси лоиҳа дар маҷмӯъ 5 километр роҳ дар ду марҳила дар бар мегирад.

Дар ҳамин замина соли 2019 аз тарафи Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,3 километр роҳҳои кӯчаҳои Лоиқ Шералӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Ваҳдат ва Каримов бо сатҳу сифати баланд таъмиру навсозӣ ва асфалтпӯш гардида, кӯчаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо дарозии 1,8 километр чароғон карда шуд.

Соли 2022 бошад, роҳҳои 6 кӯча бо дарозии 2,7 километр таъмиру асфалтпӯш карда мешавад, ки дар ин замина нақшаи пешбинишуда пурра татбиқ мегардад.

Тибқи лоиҳа айни замон бо ҷалби мутахассисони паймонкори иншоот асфалтпӯшнамоии кӯчаҳои Бобоҷон Ғафуров ва Турсунзодаи маркази ноҳияи Дӯстӣ пурра ба анҷом расонада шуда, мумфаршкунии кӯчаҳои Фирдавсӣ, Шерозӣ, Хайём ва Рӯдакӣ идома дорад.

Аснои муаррифии лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ иттилоъ дода шуд, ки бо пурра ба анҷом расидани корҳои асфалтпӯшнамоӣ кашидани хатҳои уфуқӣ ҳам амалӣ мегардад.

Бо мақсади таъмини ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт ва рафтуомади озоди сокинону меҳмонон дар кӯчаҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ ҳангоми шабона чароғонкунии онҳо низ ба нақша гирифта шудааст.

Асфалти истифодашуда дар роҳҳои марказии ноҳия истеҳсоли корхонаҳои маҳаллӣ буда, корҳои таъмириву мумфаршнамоӣ бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва техникаву механизми муосири роҳсозӣ анҷом пазируфтаанд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: