Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Н. ЗАФАРОБОД: Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и ноҳияи Зафаробод

Н. ЗАФАРОБОД: Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и ноҳияи Зафаробод

14-06-2022, 07:22
Хабарро хонданд: 430 нафар
Назарҳо: 0
Н. ЗАФАРОБОД: Баргузории маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и ноҳияи Зафаробод

Дирӯз маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и ноҳия баргузор гардид. Дар маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун Тоҳир, мудири шуъбаи маориф-раиси ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и ноҳия Ниёзқулова Дилафрӯз, фаъолон ва аъзоёни фаъоли ҳизби ташкилоти ибтидоӣ иштирок доштанд. Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Маорифчиён”-и ноҳия масъалаҳои зерин баррасӣ гардид:

1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;

2. Тасдиқи нақшаи фаъолияти нимсолаи дуюми ташкилоти ибтидоӣ.

3. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ.

4. Интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Маорифчиён Ниёзқулова Дилафруз ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, барномаҳои ҳизбию давлатӣ ҳисобот дод.

Пас аз он директори МТМУ №6 Холиқзода Абдуманнон дар бораи ҷалб ва иштироки хонандагон дар фестивалу озмунҳо, олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба суҳан баромада, аз муввафақиятҳои имрӯза ва дар ин хусус, нақшаҳои ояндаи соҳаи маорифи ноҳияи Зафаробод зикр намуд.

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ба сухан баромада, оид ба тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла, татбиқи ҳадафҳои барнромавии ҳизб, аз ҷумла дар самти татбиқи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ пешгирӣ намудани наврасону ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва дигар масоили мубрами рӯз андешаҳои худро иброз дошт.

Доир ба масъалаи дуюми рӯзнома оиди тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022, раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Маорифчиён” бо лоиҳаи нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ шинос намуда, бо назардошти тағйиру иловаҳо ба нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои нимсолаи дуюм тасдиқ карда шуд. Аз рӯи масъалаи сеюм ва чоруми рӯзнома интихоби раис ва интихоби вакилон ба Конфренсияи ҳисоботӣ – интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо пешниҳоди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Ниёзқулова Дилафрӯз аз нав раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Маорифчиён” интихоб гардида, вакилон ба Конфренсияи ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод интихоб карда шуданд.. Пешниҳод аз ҷониби аъзоёни ҳизб қабул карда шуд. Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: