Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Панҷакент: Ташкилоти ибтидоӣ

Панҷакент: Ташкилоти ибтидоӣ

13-06-2022, 06:49
Хабарро хонданд: 190 нафар
Назарҳо: 0
Панҷакент: Ташкилоти ибтидоӣ

Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ давоми як соли гузашта чӣ корҳоро анҷом дод, корҳои тарғиботиро чӣ гуна роҳандозӣ намуд, ҳизбиён то чӣ ҳад дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол буданд?

Ба ин саволҳо дар ҳисоботи муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Обтаъминкунӣ ва канализатсия” Рустам Азимов дар маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии корхонаи обу ташноби шаҳри Панҷакент ҷавоб гуфта шуд.

Дар ҷаласа иштирокчиён ба музокира баромада, паҳлуҳои дигари фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбиро баррасӣ намуда, пешниҳод карданд, ки сафи аъзоёни ҳизб аз ҳисоби фаъолон ва ҷонибдорон зиёд карда шавад.

Дар идомаи маҷлис Алишер Пӯлодзода – сарвари коргоҳ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва вакили конфронси шаҳрии ҳизб интихоб шуда, нақшаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли равон тасдиқ карда шуд.

Дар интиҳои маҷлис мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Мастона Муродзода ва раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб Ҳамида Холова сухан карда, барои пешбурди кори ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: