Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Натиҷаҳои назаррас арзёбӣ гардиданд 2022-06-08

Натиҷаҳои назаррас арзёбӣ гардиданд 2022-06-08

9-06-2022, 07:36
Хабарро хонданд: 269 нафар
Назарҳо: 0
Натиҷаҳои назаррас арзёбӣ гардиданд 2022-06-08
Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ бо иштироки Латифзода Асрор Қурбон, Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.

Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботиро Кабиров Маҳмуд, раиси ташкилоти ибтидоии

“Маркази саломатӣ” ифтитоҳ намуда, меҳмононро муаррифӣ намуд.

Сипас рӯзномаи маҷлис тасдиқ карда шуд.

Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома Кабиров Маҳмуд оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои минбаъда ҳисобот манзур намуд.

Дар ҳисобот зикр гардид, ки давраи ҳисоботӣ аёми баргузории тантанаҳои ҷашнии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифта, роҳи рушди устувори давлатдорӣ муайян гардиданд. Ба роҳ мондани ҷабаҳи бузурги корҳои созандагию бунёдкорӣ тавонист кишвари моро ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид намояд.

Гуфта шуд, ки фаъолияти аъзои ташкилоти ибтидоии “Табибон” дар давраи ҳисоботӣ пурра ба эмгузаронии сокинон равона шуда, дар ин самт корҳои муайне ба анҷом расонида шуданд.

Қайд гардид, ки дар ин давра дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ҷиҳати фарогирии сокинони шаҳр ба эмгузаронӣ бар зиддӣ бемории сироятии ковид-19 аз ҳисоби аъзои фаъоли ҳизб ситоди доимамалкунанда таъсис дода шуд, ки бо фаъолияти назарраси ситод маъракаи эмгузаронӣ дар сатҳи зарурӣ гузаронида шуд.

Сипас бо назардошти талаботи Оинномаи ҲХДТ аъзои раёсати ташкилоти ибтидоӣ иборат аз 7 нафар интихоб карда шуд.

Вобаста ба масъалаи интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ Изатуллои Ҳабибзод Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор зикр дошт, ки дар маъракаи ҳисоботӣ –интихоботӣ раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб ва ё аз вазифа озод карда мешаванд.

Бо назардошти фаъолияти пурмаҳсули сиёсӣ ва натиҷаҳи назарраси соҳавӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоӣ номзадии Кабиров Маҳмуд ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” пешбарӣ гардид.

Бо ҷонибдории ҳамагон Кабиров Маҳмуд –раиси ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” интихоб карда шуд.

Оид ба масъалаи интихоби вакилон ба Конференсияи ХХ ҳисоботӣ - интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор зикр гардид, ки мутобиқи муқаррароти тасдиқгардида, аз ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” 11 нафар вакил ҷиҳати иштирок дар Конференсияи ХХ ҳисоботӣ - интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор бояд интихоб карда шавад.

Бо пешниҳоди аъзои ҳизб 11 нафар фаъолон ҳамчун вакил интихоб карда шуданд.

Бо ҷонибдории аъзои ҳизб нақшаи кории ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” барои нимсолаи дуюми соли 2022 тасдиқ карда шуд.

Дар Маҷлиси ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” Латифзода Асрор Қурбон, Муовини Раиси ҲХДТ суханронӣ намуда, зикр дошт, ки дар давраи хуруҷи бемории сироятии ҳамагири ковид-19 бо тадбирандешии саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Певшои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти дастаҷаъмонаи табибон пеши хатари ин беморӣ гирифта шуд.

Дар идома оид ба беҳтар намудани фаъолияти дохилиҳизбӣ, ҷалби бештари кормандон ба сафи ҳизб, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, расонидани кӯмакҳои ройгони тиббӣ ба бепарасторон ибрози андеша кард шуд.

Таъкид гардид, ки дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ва торафт мураккаб гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон аъзои ҳизбро лозим аст, ки бо мардум бошанд ва ба мардум оид ба моҳияти ваҳдати миллӣ сӯҳбатҳо анҷом диҳанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: