Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Боздид аз ҶДММ фабрикаи қолинбофии “Хива Гилам Комбинатӣ”-и Ҷумҳурии Узбекистон 03.06.2022 14:28, Узбекистон

Боздид аз ҶДММ фабрикаи қолинбофии “Хива Гилам Комбинатӣ”-и Ҷумҳурии Узбекистон 03.06.2022 14:28, Узбекистон

6-06-2022, 08:06
Хабарро хонданд: 139 нафар
Назарҳо: 0
Боздид аз ҶДММ фабрикаи қолинбофии “Хива Гилам Комбинатӣ”-и Ҷумҳурии Узбекистон 03.06.2022 14:28, Узбекистон

3 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Фабрикаи қолинбофии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди қолинбофии “Хива Гилам Комбинатӣ” боздид намуданд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хатҳои истеҳсолии корхона шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъиятидорои масъулияти маҳдуди қолинбофии “Хива Гилам Комбинатӣ” аз соли 1977 таъсис ёфтааст. Корхона тӯли 45 сол фаъолияти пурсамар дошта, бо истеҳсоли қолинҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл дар бозори дохил ва хориҷ мавқеи хос дорад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳуди қолинбофии “Хива Гилам Комбинатӣ” калонтарин корхонаи саноатии Узбекистон буда, қолинҳои гуногун ва калоба истеҳсол мекунад ва соли 1977 таъсис дода шудааст.

Майдони умумии корхона 11, 8 гектар ва масоҳати зери сохтмони иншооти истеҳсолӣ 4,7 гектарро ташкил медиҳад.

Айни ҳол дар корхонаи қолинбарорӣ 250 нафар бо кор таъмин ҳастанд.

Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 2,2 миллион метри мураббаъ қолин мебошад.

Дар сехи бофандагӣ роҳбарони ду давлат бо таҷҳизоти истеҳсолот шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2002 корхонаи муштараки Узбекистону Олмон барои истеҳсоли қолинҳои пашмин, ки дар бозорҳои хориҷӣ серталаб аст, бо насби 30 дастгоҳи нави бофандагӣ ба фаъолият оғоз кард.

Корхона бо дастгоҳҳои муосири ресандагӣ (PPM240) ва дастгоҳҳои шонабандӣ (ACH214) муҷаҳҳаз буда, истеҳсоли риштаи нимпашминро ба иқтидори пурраи истеҳсоли қолин ба роҳ мондааст.

Маҳсулоти тайёри корхонаи Ҷамъияти саҳомии қолинбофии “Хива” ба Русия, Олмон ва дигар кишварҳо содирот карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори содиротии корхона дар як сол 5 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхона ва суҳбат бо коргарону мутахассисони фабрикаи қолинбофӣ Сарони давлатҳо - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиëев ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, васеъ намудани ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла боз ҳам густурда намудани ҳамкориҳоро дар самти содироту воридоти маҳсулот байни Тоҷикистону Узбекистон муҳим шумориданд.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: