Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ

Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ

19-10-2015, 11:30
Хабарро хонданд: 398 нафар
Назарҳо: 0
Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣТибқи нақшаи чорабинҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен дар Литсейи касби техники №68 вохӯри баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур Раиси кумитаи иҷроия Насруллоев О. намояндаи шӯъбаи корҳои дохили, капитани милитсия Назаров Ш, кормандони кумиҷроия, роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Муҳаммадиев М, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан», омӯзгорони литсей ва хонандагон иштирок доштанд. Дар рафти вохӯри Раиси кумиҷроия Насруллоев О. оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зиддикоррупсия» баромад намуда, зикр кард, ки коррупсия ин зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ буда, омӯзиши ҷиддӣ, муносибати махсус, муқобилияти дастаҷамъона ва оперативиро талаб менамояд.
Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Муҳаммадиев М. баромад намуда, оиди таъсири коррупсия дар раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, боварии шаҳрвандон ба давлати демократии ҳуқуқбунёдро дар миқёси умумимиллӣ талаб мекунад.
Инчунин, намояндаи шӯъбаи корҳои дохилӣ, капитани милитсия Назаров Ш. қайд намуд, ки дар солҳои охир муздситонии ғайриқонунӣ дар ноҳия авҷ гирифтааст, ки пеши роҳи онро гирифтан вазифаи ҷонии ҳар як фарди тоҷик ба ҳисоб меравад.
Дар охир баромадкунандагон оиди мақсад, вазифа, ташвиқу тарғиби сиёсати зиддикоррупсионӣ ва роҳ надодан ба падидаҳои номатлуб ҳозиринро даъват намуданд.
©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: