Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » “Карим қаҳрамон”

“Карим қаҳрамон”

7-05-2023, 11:30
Хабарро хонданд: 12285 нафар
Назарҳо: 2
“Карим қаҳрамон”
Аз Тоҷикистон дар ҷанги Шӯравӣ алайҳи олмонӣ фашистӣ ё худ нозӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар ширкат кардааст. Он замон ин кишвар 1 миллион аҳолӣ дошт ва аз се 1 нафари он дар ҷанг ширкат кардаанд, ки 92 ҳзаорашон ҳалок шудаанд. Ин дар ҳолест, ки аксаран, дар замони ҷанг ва то кунун саҳми тоҷиконро нодида мегиранд.
Дар замони ҷанг ба 64 нафар иштиркочии ин ҷанг аз Тоҷикистон унвони олии Шӯравӣ, яъне “Қаҳрамони иттифоқи Советӣ” додаанд, ки аксари онҳо “зодагон”-и Тоҷикистон буда, танҳо 17 нафарашон тоҷиканд.
Даҳҳо нафари дигар ба мисли Саидаҳмад Каримов, ки қаҳрамонона дар ин ҷанг ширкат карданд, ҳеч қадрдоние нашуданд. Саидаҳмад Каримов соли 1991, вақте ҳанӯз Шӯравӣ пош нахӯрда буд, аз дунё чашм пӯшид. Баъди 24 соли даргузашташ аввалин иқдом дар зодгоҳаш гирифта шуд ва бори нахуст як нимпайкарааш дар боғи ба номи “Карим Қаҳрамон” гузошта шуд.



САЙИДАҲМАД КАРИМОВ-ФАРМОНДЕҲИ ҲАРБӢ ДАР ОЗОДКУНИИ КОНСЕЛАГЕРИ ОСВЕНТСИМИ ПОЛША
(МОҲИ ЯНВАРИ СОЛИ 1945)
Баъди мурратаб сохтану ба чоп омода намудани китобномаи шарҳиҳолии «Сайидаҳмад Каримов- Каримқаҳрамон» ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон рафта, хостам, ки аз он ҷо оиди ин марди ҷасуру қаҳрамон аз нашрияҳои электронӣ маълумот ва ё маводе пайдо намоям. Чун ба интернет муроҷиат намудам, навиштаҳое дастрас шуданд, ки онҳо бароям тоза, нав ва бисёр муҳим мебошанд. Навиштаҳо бо чунин сарлавҳа оғоз меёфтанд:
«Саҳми С. Каримов ва 191 сарбози тоҷик дар раҳоии конслагери Освентсим»
Дар раҳоии асирони конслагер ё урдугоҳи фашистии Освентсим дар Лаҳистони (Полша- А.С.М), ки 70-сол қабл сурат гирифтааст, 192 афсару аскари тоҷикистонӣ ҳам саҳм доштанд.
Маълумот оид ба озодсозии ин урдугоҳ ва намояндагони миллатҳо дар ҳайати артиши Шўравиро, ки то имрўз махфӣ нигоҳ дошта мешуд, вазорати дифои Руссия охиран оммавӣ кардааст.
Гуфта мешавад, ки дар раҳоии асирони ба истилоҳ, «лагери марг» намояндагони қариб 40-миллат, аз он ҷумла 14-афсар ва 178 сарбози тоҷик ширкат варзидаанд.
Тибқи иттилои Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон, тақрибан ҳамаи собиқадорони тоҷикистонии ҷанг, ки дар озодии Освентсим иштирок карда буданд, аз олам даргузаштанд ва имсол нафаре аз Тоҷикистон барои ширкат дар маросими 70-солагии озодсозии ин урдугоҳ даъват нашудааст.
Таърихнигорон мегўянд, ки дар сафи пеши сарбозони Артиши Сурх ҷанговарони савораи Тоҷикистон ва дигар ҷамоҳири Шўравӣ таҳти фармондеҳии афсари тоҷик Сайидаҳмад Каримов барои озод намудани урдугоҳи Аушвитс-Биркенау ё Освентсим ҷангидаанд. Афсари номии ҶБВ Сайидаҳмад Каримов барандаи орденҳои «Шараф» ва ба номи Суворов буд. 27-уми январи соли 1945 урдугоҳи Освентсим аз ҷониби артиши 60-уми Фронти якуми Украина забт ва асиронаш раҳо карда шуданд. Бар асоси арзёбиҳо, дар ин муҳориба аз 230 то 350 афсару сарбози Шўравӣ ба ҳалокат расиданд.
Рўзи раҳоии асирон аз урдугоҳи Освентсим аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун Рўзи байналмилалии поси хотираи қурбониёни Ҳолокост эълон шудааст».
Ба таърихи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ солҳои 1939-1945 назар афканем, маълум аст, ки ин ҷангро қувваҳои иртиҷоии империалистии байналхалқӣ, ба хусус давлатҳои асосии таҷовузкор Германияи фашистӣ, Италияи фашистӣ ва Японияи милитаристӣ сар кардаанд.
Давраи якуми ин ҷанг, ки 1-сентябри соли 1939 то 21 июни соли 1941-ро дарбар мегирад, аввалин бор 1-уми сентябри соли 1939 Германия ба Полша ҳуҷум овард. 3-юми сентябр бошад Англия ва Франсия ба муқобили Германия ҷанг эълон намуда, аммо онҳо ба қушунҳои Полша ёрӣ нарасониданд. Ҳамин тавр Полша то аввали моҳи октябр аз тарафи гитлерчиён истило карда шуда, ҷанг дар Аврупо идома ёфт.
Гарчанде, ки Франсия ва Британияи Кабир бо Германия ҷанг эълон карда бошанд ҳам, 9-моҳ амал накарданд. Ҳамин буд, ки Германия имконият ёфт, ки ба ҳуҷуми зидди давлатҳои Европаи Ғарбӣ тайёрӣ бинад. Германия моҳҳои апрел-майи соли 1940 ба Норвегия ва Дания зада даромад. 10-уми майи соли 1940 Белгия, Нидерландия, Люксенбургро гирифта, ба Франсия ҳуҷум карда қувваҳои Мусаллаҳи Франсия 22-июни ҳамин сол таслим шуданд. Соли 1941 бошад, ба нимҷазираи Балкая таҷовузро сар карда, 2-уми март фашистони немис ба Булғория ва дигар давлатҳо зада даромаданд…
Дар мамлакатҳои истилошуда гитлерчиён террор ташкил намуда, лагерҳои консентратсионӣ сохтанд. Бо вуҷуди он, шумораи чунин конселагерҳо баъди ба СССР ҳуҷум намудани Германия 22-уми июни соли 1941 хеле зиёд шуд. Яке аз лагерҳои консентрасионӣ ҳамин урдугоҳи Освентсими Лаҳистони (Полша) ба шумор мерафт.
Тавре маълум аст, урдугоҳи Освентсими Полша яке аз калонтарин лагерҳои консентратсионӣ буда, дар он қариб 4-миллион нафар гирифтори шиканҷаву марг гашта буд. (ЭСТ, ҷ.8.с 466).
Қаҳрамонписари мардуми тоҷик Сайидаҳмад Каримов дар набардҳои мудҳиши ҶБВ-и солҳои 1941-1945 бо аспи афсонавии Гули Бодомаш корнамоиҳои бемислу монанд нишон дода бошад ҳам, дар озод намудани зиндониёни бисёр зиндонҳо, аз ҷумла зиндони Бранденбург – Гердени Германия соли 1945, ки дар ин зиндон бештар аз 9-ҳазор зиддифашистҳо дар дами марг буданд, корнамоиҳои бемисл нишон дода, ба гирифтани Ордени Суворов (дараҷаи 3) ноил гаштааст. (Рақами мукофот 7975, №2/Н. 02.07.1945). Гарчанде, ки солҳои дароз бо Сайидаҳмад Каримов ҳамчун хешованди наздик, дар як деҳа-деҳаи Доробии ноҳияи Ховалинг ҳаёт ба сар бурда дар борааш бисёр хабару мақола, очерку публистика ва ба муносибати 70-солагии Ғалаба дар ҶБВ-и солҳои 1941-1945 бо номи «Карим-қаҳрамон» (иборат аз 288 саҳ бо расмҳо, «Шарқи озод», 2015) китоби калонҳаҷме навишта, ба табъ расонида бошам ҳам, оиди ҳамчун фармондеҳи озодкуниҳои ў дар ин ҷо маълумоте бароям маълум набуд. Танҳо ҳаминаш барои мо аён буд, ки Сайидаҳмад Каримов баробари дигар корнамоиҳои бемислу монандаш дар дигар давлатҳои фарогири ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар давлати Полша низ бемисл буд ва ў бар ивази корнамоиву ҷонбозиҳои зиёд бо аспи Гули Бодомаш дар озодкунии ин давлат, ба хусус пойтахти он шаҳри Варшава аз 13-уми январи соли 1945, бо А. №492439 медал барои озодкунии Варшава гирифта аст.
Тавре, ки бо сабабҳои ба ҳол номаълум, то солҳои наздик (2015) озодкунии лагери консентратсионии фашистони Освентсими Полша аз тарафи Вазорати дифои Руссия ба таври махфӣ нигоҳ дошта мешудааст, акнун ошкору оммавӣ гашт ва маълум шуд, ки фарзанди ҷасуру вафодори миллати тоҷик Сайидаҳмад Каримов бо аспи Гули Бодомаш фармондеҳии ҷанговарони Артиши Сурхи Советиро барои озод кардани ин зиндон ба душ дошта аст, ки ин шаъну шарафи ҳамаи мо, тоҷикону тоҷикистониён ҳисоб меёбад…
Дар навиштаи интернетӣ, аз ҷумла чунин ишора аст: «Афсари номии ҶБВ Сайидаҳмад Каримов барандаи орденҳои «Шараф» ва ба номи Суворов буд. Ба мо ордени Суворов доштани Сайидаҳмад Каримов маълум аст. Вале сазовори гирифтани ордени «Шараф» гардидани ў то ҳол барои мо маълум нест.
Дар маҷмўъ, Сайидаҳмад Каримов бо орденҳои Суворов (дараҷаи сеюм №2/Н. 02.07.1945), Байрақи Сурхи Ҷангӣ (№ 059/Н 10.06.1944), Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 1, №07/Н, 10.02.1944), Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 2, 15.05.1944), Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 1, 13.03.1985) аввалин медал барои озодкунии Варшава (13.01.1945) ва бештар аз 20-ордену медалҳои дигар, бо фармонҳои Сарфармондеҳи Олӣ, Маршали Иттифоқи Советӣ И.В.Сталин бар ивази корнамоиҳову ҷонбозиҳо ва зиёда аз 20-раҳматномаҳо ва мукофотҳои дигар қадр карда шудааст. Аммо, ин марди ҷасур дар солҳои ҶБВ-и солҳои 1941-1945 3-маротиба ба гирифтани унвони Олӣ- Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ пешниҳод шуда бошад ҳам, ҳақ ба ҳақдор то ба имрўз нарасида аст. Инчунин ў имрўз орденҳои Александр Невский ва Ситораи Сурх (№415, аз моҳи январи соли 1945)-ро низ нагирифтааст. Ордени «Шараф»-ро низ ҳамчунон…
Хулоса, корнамоиҳои бемислу хидматҳои Сайидаҳмад Каримов беҳудуд, беҳамто ва беназир буда, ў қаҳрамони абадзинда аст…

Амир Саиди Мункӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (2)
Rayford 29 июня 2023 18:52
unchristlich brilinta reopro derecho lower chance
of stroke in patients taking ticagrelor
- cost
of brilinta truth
about brilinta
berakumulasi brilinta dose per pill

my site ... ticagrelor iv oral
Цитировать          1
Tammy 27 октября 2024 04:30
fake jordans lj370
Replica Sneakers Dirty White,Replica Sneakers for Men hs485
Цитировать          2
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: