Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба хизмати Ватан камар бастанд

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба хизмати Ватан камар бастанд

4-05-2022, 07:16
Хабарро хонданд: 283 нафар
Назарҳо: 0
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба хизмати Ватан камар бастанд

Май 3, 2022 11:20

ДУШАНБЕ, 03.05.2022 /АМИТ «Ховар». 13 нафар хатмкунандагони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар донишкадаи мазкур хабар доданд.

Ба ин муносибат дар саҳни донишкада барномаи хотимони фарҳангӣ ва ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода ин амали дастпарварони донишкадаро барои дигар ҷавонон намунаи ибрат номида, аз ҷумла, изҳор дошт, ки «хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар ҷавони ватандӯсту худшинос мактаби ҷасорату диловарист. Маҳз дар хизмати ҳарбӣ ҷавонон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт — дӯст доштан ва содиқонаву самимона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро меомӯзанд».

Зикр шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат барои ҷавонон шараф ва муҳимтарин мактаби обу тоби ҳаёт аст.

Мавриди зикр аст, ки дар посух ба ин амали намунавии донишҷӯён барои онҳо аз ҷониби раёсати донишкада якчанд имтиёзҳо муқаррар гардидаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: