Истаравшан: Мулоқот бо сокинон
28-04-2022, 07:52. Разместил: orifi

Мулоқоти ҳайати гурӯҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо сокинони ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калон ва маҳаллахонаи “Суғдиён” ҷиҳати иҷрои дастуру супоришоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи сафари кориашон ҳангоми мулоқот бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо иброз доштанд, барпо гардид.
Вохӯриҳоро бо сухани муқаддимавӣ муовини раиси шаҳри Истаравшан Фирӯза Мӯъминова ҳусни оғоз бахшид. Мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидов, омӯзгори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат Нуров Мелс дар асоси дастуру супоришоти Президенти мамлакат сокинонро ба самаранок истифода бурдани замин, пешгирии болоравии нархи ниёзи аввал, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, таҳкими тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, даъват намуданд.
Дар ҷамъомадҳо аъзои гурӯҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан раиси шӯрои ҷанговарони байналмилал Мирзо Олимов баромад намуда, ба ҷавонон аз ҳаёти ҷангии худ дар марзи ҳамсоякишвари Афғонистон ва душвориҳои солҳои ҷанги бародаркушӣ нақл кард.
Инчунин сокини деҳаи Қалъачаи Калон Шодиева Ҳанифа аз номи модарони сарбозони хизматро ба итмомрасонда баромад намуда, дар бораи шароити хуби хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ сухан намуд.
Мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Муаззама Абдуваҳҳобова дар баромади худ иброз намуд, ки чунин вохӯрию мулоқотҳо дар дигар ҷамоатҳои деҳот низ бо ҷалби ҳайати гурӯҳҳои тарғиботӣ баргузор карда мешавад ва кумитаи иҷроияи шаҳрӣ кӯшиш менамояд, ки дастуру супоришоти Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳар як сокини шаҳри Истаравшан расонад.
Вернуться назад