Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ИСТАРАВШАН: Маҳфили “Пайванди наслҳо”

ИСТАРАВШАН: Маҳфили “Пайванди наслҳо”

18-11-2021, 07:36
Хабарро хонданд: 144 нафар
Назарҳо: 0
ИСТАРАВШАН: Маҳфили “Пайванди наслҳо”

Бо ташаббуси шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан маҳфили навбатии “Пайванди наслҳо” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти “Зарҳалол” барпо гардид.

Дар кори он собиқадорони ҳизб ва хизмати давлатӣ, иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон, собиқ вакилони Шӯрои Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва як гурӯҳ ҷавонони фаъол иштирок намуданд.

Маҳфилро бо сухани муҷаддимавӣ Раиси шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Муаззама Абдуваҳҳобова ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёни маҳфилро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуд.

Сипас Раиси шӯрои собиқадорони шаҳр Абдуваҳҳоб Қаюмов дар бораи баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ интихоб гаштани Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ, заҳматҳои шабонарӯзии он кас дар таҳкими сулҳи тоҷикон, фазои нобасомони солҳои 90-ум сухан ронда, таъкид кард, ки ин зиндагии осудаю ороми мо маҳз ба туфайли хиради некбинонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гаштааст.

Ба ҷавоби ин ғамхориҳои Президенти мамлакат аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки дар мактаб бо баҳои аъло хонанд, дар озмунҳо иштирок намоянд, баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша омода бошанд, Ватани азизи худро содиқона дӯст доранд.

Олимов Мирзо, полковники Амнияти миллӣ дар баромади худ зикр намуд, ки рӯзҳои баргузории Иҷлосия чун муҳофизи Президент Раҳмон Набиев дар он ширкат дошт. Ӯ лаҳзаҳои интихоби Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси Шӯро, суханрониашон ва сари таъзим фуруд оварданашонро дар назди Парчами миллӣ ва бӯсидани онро бо ҳаяҷони зиёд нақл намуд.

Деҳқони асил Саидмурод Миразизов бошад дар суханрониаш лаҳзаҳои ташрифи Президенти мамлакатро ба хоҷагии деҳқониаш нақл карда, афзуд, ки бо баробари аз токзори ӯ дидан намудан, Президенти мамлакат маслиҳатҳои худро ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат дареғ надоштаанд.

Собиқ депутатҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қобилова Нурхон ва Қобилова Нуринисо дар баромади худ аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки содиқона ба халқу Ватан хизмат кунанд. Меҳнати пурсамар инсонро ба саодати комил мерасонад.

Қобилова Нуринсо зикр намуд, ки ӯ дар замони шӯравӣ яке аз говдӯшони беҳтарин буда, аз ҳар сар модагов то ба 5000 литрӣ шир медӯшид ва заҳматҳои ӯ бо ордени “Байрақи сурхи меҳнат” қадрдонӣ гаштааст.

Собиқадори меҳнат Мавлуда Умарова низ дар баромадаш зикр намуд, ки меҳнат асоси зиндагии орому осудаи инсон аст. Дар поёни ҷамъомад аз номи ҷавонон омӯзгори ҷавони МТМУ №15 Азимова Фархунда ва корманди ҷамоати деҳоти “Зарҳалол” Никитина Марина баромад намуда, қавл доданд, ки кору пайкори падарони шӯҳратманди худро идома медиҳанд ва баҳри хизмати содиқона ба Ватан ҳамеша омодаанд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти “Зарҳалол” Умарова Гулрухсор барои иштироки меҳмонон дар маҳфил ва сӯҳбати гарму самимиашон миннатдорӣ изҳор намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: