Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Доя мегӯяд, кӯдакро бо "Амри Аллоҳ" куштааст

Доя мегӯяд, кӯдакро бо "Амри Аллоҳ" куштааст

4-03-2016, 15:26
Хабарро хонданд: 261 нафар
Назарҳо: 0
Доя мегӯяд, кӯдакро бо "Амри Аллоҳ" куштааст
Гулчеҳра Бобоқулова, зане ки дар куштори кӯдаки чаҳорсола дар Москва муттаҳам мешавад, гуфт, "Аллоҳ фармудааст", ки ин амалро анҷом диҳад.

Ин зодаи Ӯзбекистон дар додгоҳ ба гуноҳаш иқрор шуд ва изҳори пушаймонӣ кард. Бино бар қарори додгоҳ, Бобоқулова то 29 апрел ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Бобоқулова рӯзи душанбеи 29 феврал дар назди метрои "Майдони октябр"-и Москва боздошт шуд. Вай дар даст сари буридаи кӯдакеро дошт. Баъдтар маълум шуд, ки боздоштшуда кӯдаки чаҳорсоларо, ки барояш доягӣ мекардааст, куштааст. Тафтишот мегӯяд, доя берун рафтани волидонро интизор шуда, баъдан кӯдакро кушта ва хонаро оташ задааст.

Муфаттиши парванда дар додгоҳ гуфт, ин зан "ҳаммаслак ва таҳрикдиҳандагоне" доштааст. Дар наворе, ки дар Интернет нашр шуд, Бобоқулова бо забони русӣ фарёд мезанад: "Ман террористам, ман хоҳам мурд, вале ҳамаи шумо ҷазо мебинед".
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: