Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Нигина овозхони маъруфтарини Тоҷикистон шуд

Нигина овозхони маъруфтарини Тоҷикистон шуд

19-02-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 250 нафар
Назарҳо: 0
Нигина овозхони маъруфтарини Тоҷикистон шудZ-Analytics Group назарсанҷиеро анҷом дод, ки дар он 14% пурсидашудагон аз овозхон Нигина Амонқулова ҳимоят кардаанд.

Мавқеи дувумро дар феҳрасти овозхонҳои саршинос Зиёвиддин Нурзод (6%) ва ҷои севумро якбора се ҳунарманд – Садриддин Наҷмиддин, Афзалшо Шодӣ ва Нозияи Кароматулло ишғол кардаанд.

Дар маҷмӯъ дар ин назарсанҷӣ номи 167 овозхон зикр шудааст. Намояндаи Z-Analytics Group гуфт, ки ҳар як нафари шашӯми пурсидашуда (15%) эълон кард, ки овозхони дӯстдошта надорад.

Назарсанҷӣ тавассути сӯҳбатҳои телефонӣ аз 24 декабри соли 2015 то 14 январи соли 2016 сурат гирифтааст. Дар ҳамаи минтақаҳои кишвар беш аз 900 нафар пурсида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки чанд сол пеш маркази таҳлилии “Зеркало” низ рӯйхати маҳбубияти овозхонҳои тоҷикро таҳия карда буд. Он замон низ Нигина Амонқулова овозхони дӯстдоштатарин тоҷик дониста шуд. Вай бо дарёфти 15% овозҳо даҳгонаи сарояндаҳои саршиноси кишварро пешсаф шуд.

Зимнан, дар ҷараёни ин назарсанҷӣ ҳамчунин рӯйхати маҳбубтарин ғизоҳои миллии тоҷикӣ таҳия карда шуд. Мушаххас шуд, ки тоҷикон ҳамчунон палавро зиёд дӯст медоранд ва аз ин намуди ғизо 44 дарсади пурсидашудагон ҳимоят кардаанд. Ба “сегона”-и аввал ҳамчунин шӯрбо ва манту низ ворид шудааст.

Танҳо панҷ дарсад ва 2,5% пурсидашудагони “Z-Analytics Group” аз гӯшти зирбидашуда ва сихкабоб пуштибонӣ кардаанд. Шакароб ва қурутоб дар ҷойгоҳи ахири рӯйхати ғизоҳои миллӣ қарор гирифтааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: