Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » НИЛУФАРЊОИ БОЃИ ИРАМ ДАР БОТЛОЌ

НИЛУФАРЊОИ БОЃИ ИРАМ ДАР БОТЛОЌ

4-04-2022, 10:30
Хабарро хонданд: 268 нафар
Назарҳо: 0
НИЛУФАРЊОИ БОЃИ ИРАМ ДАР БОТЛОЌ
Боѓи Ирам (собиќ боѓи ботаникии Академияи миллии илмњои Тољикистон) наздики 90 сол мешавад, ки макони хеле тамошобоб ва дидании сокинони пойтахти љумњуриамон - шањри Душанбе ва мењмонону сайёњони бешумор гардидааст. Ин боѓи беназир, ки дар соњили чапи Душанбе-дарёи ноњияи Исмоили Сомонии пойтахт воќеъ мебошад, дар масоњати 40 га доман пањн намудааст. Боѓи Ирам роњраву гулгаштњои тозаву озода, вобаста ба фаслњои сол гулзорњои њамеша хуррам дошта, дар он њазорњо намуди буттањо ва дарахтони аз гўшаву канори дунё гирдоварда, ки аксарияташон ба Китоби сурхи наботот сабт шудаанд, барои шиносоии одамон манзур гардидааст. Дар боѓ барои фароѓати хуш айвонњои миллии чўбини кандакорї сохта, растаи таљњизоти варзишї ва курсињо муњайё карда шуданд.
Боѓи мазкур воќеан ба маркази асосии фароѓат ва истироњати сокинону мењмононии пойтахт мубаддал гаштааст. Ин фароѓатгоњ номи зебою пурмаънои «Боѓи Ирам»-ро бо ќарори маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе ба муносибати 20-солагии Истиќлолияти давлатии Тољикистон гирифтааст.
НИЛУФАРЊОИ БОЃИ ИРАМ ДАР БОТЛОЌ
Дар Боѓи Ирам чорабинињои оммавии фарњангию истироњатї зиёд гузаронида мешаванд. Рўзњои истироњат намоиши мањсулоти миллии косибон, рассомон ва сохибкорону њунармиандони мањаллї барпо мегардад. боѓ хусусан рўзњои љашнњо серодам аст.
Ба боѓ, аз љумла, њавзи алоњидаи гулњои нилуфарњо њусни хотирмоне зам мекунад. Њар як нафари ба боѓ аз даромадгоњи (дарвозаи) асосии ташрифоварда нахуст аз дидани гулњои нилуфари тару тоза ба шавќ меомад. Нилуфарњо, ки бахусус дар рўзњои офтобї дањсолањо назаррабої менамуданд, имрўзњо ба њоли табоње гирифтор шудаанд. Онњо дар ињотаи рустанињо ва гилу лойи дањсолањо љамъгардида харобу залил ба назар мерасанд ва мисли солњои пешин гул намекунанд. Гулњояшон њам дар рўйи об ќариб ки пайдо намешаванд. Илова бар ин, баъзе тамошобинон ба њавз баклашкаю коѓазпорањо ва чўбу хасро мепартоянд. Алафзору гили пайдошуда ќариб тамоми масоњати њавзро ѓасб намуда, онро ба ботлоќ табдил доданд ва њаљми оби њавзро низ кам карданд. Ањён-ањён моњичањо дар оби мављуда базўр шино мекунанд. Маълум ки аз селаи пешинаи моњию моњичањо осоре намондааст.
НИЛУФАРЊОИ БОЃИ ИРАМ ДАР БОТЛОЌ
Чаро нилуфарњо хор гардидаанд? Шояд аз чорабинињои бисёр дасти кормандони масъули Боѓи Ирам ба нигоњубини дурусти нилуфарњо намерасад? Ё аз маъмурияти барои тару тоза ва шукуфо нигоњ боштани нилуфарњо, ки дар фароѓатгоњ ягона намояндаи гулњои обї мебошанд, маблаѓи њангуфте таќозо мешуда бошад?
Умед дорем, ки маъмурияти Боѓи Ирам нилуфарњоро аз ботлоќи сањлангориашон базудї наљот медињад ва хотири сокинону мењмонон ва сайёњони шањри Душанберо гулњои зебои бемисли онњо шод мегардонанд. Ин тадбири созанда туњфаи муносибе хоњад гашт барои 90-солагии Боѓи Ирам.
Э. НАЗАРИЁН,
рўзноманигор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: