Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Машғулияи нахустини мактаби захираи кадрҳо

Машғулияи нахустини мактаби захираи кадрҳо

3-04-2022, 10:55
Хабарро хонданд: 318 нафар
Назарҳо: 0
Машғулияи нахустини мактаби захираи кадрҳо

Дирӯз дар асоси дастури Кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии ҳизб машғулияти нахустини мактаби захираи кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд.

Ба мактаби захираи кадрҳо бо тавсияи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ нафароне, ки дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ,ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъол ҳастанд, қобилияти баланди ташкилотчигӣ доранд, ҷалб карда шудаанд.

Ба шунавандони мактаби мазкур мавзӯъҳои пешбинишударо кормандони масъули Кумитаи иҷроия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳуқуқшиносон, олимон- устодони донишкада ва коллеҷҳои шаҳр матраҳ менамоянд.

Дар ифтитоҳи машғулияти нахустин муовини раиси Кумитаи иҷроия Парвина Тошева шунавандагонро бо мақсади ташкили он, мавзӯъҳои баррасишаванда, реҷаи баргузории машғулиятҳо шинос намуд.

Мавзӯи машғулияти нахустин- “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- ҳизби созанда ва нерӯи бунёдкор”-ро роҳбари дафтарн матбуоти Кумитаи иҷроия, муҳаррири нашрияи ҳизбии “Фарвардин” Турдибой Солеҳзода матраҳ намуд.

Машғулиятҳои мактаби захираи кадрҳои Кумитаи иҷроия ҳар ҳафта баргузор шуда, се моҳ идома меёбад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: