Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Достони зиндагӣ

Достони зиндагӣ

10-03-2022, 11:30
Хабарро хонданд: 179 нафар
Назарҳо: 0
Достони зиндагӣ

Салом, ҷарроҳ! Зуд биёед, ҷавоне ба садама дучор шуд ва аҳволаш вазнин аст.
- Хуб, ман меравам! - ҷавоб омад.
Пас аз ним соат мошине ба сўи беморхона омад ва ҷарроҳ аз он берун шуд. Падари бачае, ки дар вазнинхона хобида буд, ба ҷарроҳ нигариста гуфт:
- Чаро ин қадар дер кардед? Магар нафаҳмидед, ки ин масъалаи ҳаёту мамот аст! Агар бо писари шумо ин ҳодиса рўй медод, ҳатман, ба зудӣ меомадед!
Духтур ба таври аҷиб ба падар нигоҳ карда, зуд халат ба бар кард ва ба ҳуҷраи ҷарроҳӣ рафт.
Ин як амалиёти мураккаб ва тўлонӣ буд. Пас аз чанд соат ҷарроҳ аз ҳуҷраи амалиёт хаста баромада, хомўшона аз назди падари ҳаяҷонзада гузашта, рафт.
Аз паси ў ёрдамчӣ баромад, ки хушхабар дод:
- Ҳамааш хуб аст, хавотир нашавед, писаратон нағз мешавад. Амалиёт бомуваффақият анҷом ёфт!
- Аммо, духтури шумо чӣ гуна одами ногувор аст, - падари писарбача ба ғазаб омада, боз илова кард - аз пеши ман гузашту чизе нагуфт!
- Шумо ҷарроҳи моро бояд дарк кунед! Дар садамаи имрўзе, ки писари шумо нафареро бо нақлиёт пахш намуда, ба ҳалокат расонд, писари ҳамин ҷарроҳ буд. Бо вуҷуди ин, ў маросими дафни писарашро тарк кард, то омада, фарзанди шуморо аз марг наҷот бахшад, - гуфт ёрдамчии ҷарроҳ.
PS: Одамонро бидуни шинохт ва андеша ҳукм накунед!

Наргис ШАМСОВА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: