Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Шифокор

16-01-2019, 09:02
Хабарро хонданд: 486 нафар
Назарҳо: 0
Шифокор

Солҳои бачагии Коммунар дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ сипарӣ гардидааст. Падари ӯ Ёқубҷон Тошматов корманди масъули кумитаи ҳизби коммунисти собиқ ноҳияи Микоянобод – (ҳоло Қубодиён) ба таври ихтиёрӣ ба майдони набарди зидди фашистони ғосиб рафтагор шудааст. Ёқубҷон-амак шахси хеле фазилатпеша буда, мутолиаи китобҳои бадеиро дӯст медоштааст. Ӯ дар як утоқи ҳавлиаш китобҳоро эҳтиёткорона нигоҳ дошта, ба дӯстон ва шогирдонаш низ қироати онҳоро тавсия медодааст. Хислати дигари шоистаи Ёқубҷон-амак дар ҳалқаи наздикон замзамаи сурудҳои «Шашмақом» будааст. Афсӯс, ки Ёқубҷон Тошматов аз майдони ҷанг барнагашта, дар ҳимояи хоки поки Ватан ҳалок гардидааст. Иддае аз шогирдони ин марди ватандӯст хисоли неки ӯро ҳанӯз ёдоварӣ менамоянд. Мегӯянд, ки ба эҳтироми коммунарҳои Пориж ба писари дӯстдоштааш чунин ном гузоштааст.
Модар ва бибиҳои Коммунар бештар китобҳои ба ҳуруфи ниёгон навиштаро мехондаанд. Ба ҳамин минвол Коммунар низ аз овони кӯдакӣ дӯстдори китоб шуд ва мутолиа шуғли доимии ӯ ҳисоб меёфт. Дар мактаб вай аз ҷумлаи аълохонҳо буд.
Коммунар то даҳ-дувоздаҳсолагӣ орзу дошт, ки ҳавопаймо шавад, вале фаъолияти духтурии бародари калонии ӯ Мунаввар Қурбонович Собиров нақшаи ҳаёташро тағйир дод. Мунаввар Қурбонович пеш аз ҷанг омӯзишгоҳи тиббиро хатм карда, ба ҳифзи Ватан даъват шуд. Вай аз арсаи муҳориба ба сифати афсари Артиши Сурх ва бо нишону медалҳо баргашта, таҳсилоти Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро низ бо муваффақият хатм намуд, ва дар бемористони ноҳия машғули кор гардид.
Коммунар пас аз дарс аксаран ба коргоҳи бародараш меомад. Ба ӯ хилъати сафеди пок, муомилаи хуби Мунаввар Қурбонович бо беморон мақбул буд.
- Бародарам ифтихори хонадони мо, ифтихори Қубодиён буданд, - ба ёд меорад Коммунар. – Он солҳо дар ноҳияи Қубодиён табибони маълумоти олидор хеле кам кор мекарданд. Ман ҳам мехостам, ки мисли бародарам дар донишгоҳ таҳсил намуда, табиб шавам, ба дарди беморон даво бахшам, мушкили ононро осон кунам. Дар ноҳияи мо мардум ба касалиҳои вазнини сирояткунандаи вабо, домана, зардпарвин, табларза бисёр гирифтор мешуданд.
Ба ҳамин минвол Коммунар бо роҳи бародар рафта, ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуд ва соли 1964 онро бо дипломи сурх хатм намуд. Аз ҳамон вақт ӯ ба сифати ҷарроҳи беморхонаи рақами 1-и ноҳияи Қубодиён ба кор шурӯъ намуд.
– Маслаки ман ҷарроҳи умумӣ буд, - мегӯяд Коммунар Ёқубович, - ба ғайр аз ин касбам ҳамчун табиби бачагона, духтури касалиҳои занона ва дигар иллатҳои дарунӣ, сирояткунанда ва ғайра беморонро муолиҷа менамудам. Табиб он солҳо дар муолиҷаи бемор кулли кори аз дасташ меомадаро бояд анҷом медод ва агар дар ягон масъала дармонад, табибони дигарро ба ёрӣ даъват менамуд. Зарур ояд, ба ҳавонавардии санитарии шаҳри Душанбе муроҷиат мекард.
Коммунар ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард, ки дар оғози кораш дар як рӯз теғи синоӣ ба каф гирифта, ду ҷарроҳиро бо маҳорати баланд анҷом дод: якеро аз дарди кӯррӯда наҷот бахшиду дигареро аз иллати чурра.
Аслан Коммунар ҷарроҳии аввалро дар беморхонаи шаҳраки табибони пойтахт вақти таҷрибаомӯзӣ таҳти назорати профессор Комил Тоҷиевич Тоҷиев иҷро кардааст.
- Устод Комил Тоҷиевич донишманди фозил буданд, - ҳикоят менамояд Коммунар, - ҷарроҳиро ба донишҷӯ месупориданду худашон бидуни ҳарфе ҷиддан назорат мекарданд. Пас аз фарҷоми амалиёт фаъолияти донишҷӯро дар кафедра бо шогирдон муҳокима намуда, аз он хулосаҳои муҳим мебароварданд. Умуман сабақҳои ин устоди забардаст фаромӯшнашавандаанд.
Чи тавре ки аён аст, аслан устоди аввалини Коммунар дар соҳаи табибӣ бародараш мебошад.
- Дар навбати аввал ба чашмони бемор амиқан назар бикун, - мегуфт Мунаввар Қурбонович ба додараш, - сонӣ набзи вайро саҳеҳ бисанҷ. Мутафаккир ва олими бузурги халқамон Абӯалӣ Сино набзи беморро санҷида, то дусад навъи иллатро муайян мекардааст.
Сабақҳои устодони донишгоҳ ва панду андарзи бародар дастури якумраи Коммунар Ёқубович гардидаанд.
Мудири кафедраи ҷарроҳии умумии Донишгоҳи тиббии пойтахт, доктори илми тиб, профессор, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Сино Бӯрӣ Музаффарович Нурхонов (шодравон) Коммунар Ёқубовичро на танҳо ҷарроҳ, балки ҳамчун олими соҳаи тиб ҳисобида, вайро борҳо ба таҳсили аспирантура даъват намуда буд, то бо таҳқиқоти илмӣ машғул шавад. Вале ӯ бо амалияи ҳаррӯзаи муолиҷаи беморон шуғл варзида, ба ҳамин васила ба фаъолияти илмӣ таъхир кард...
Боре хоҳари шафқати шуъбаи амрози занон дари коргоҳи ӯро шадидан бикӯфт ва бо зорию тавалло ин суханон бигуфт:
-Коммунар Ёқубович, хоҳиш дорам, ёрӣ расонед, духтури навбатдори мо гирифтори садама шуда, ба кор наомадааст, ҳоло вазъияти як бемор хеле вазнин аст.
- Духтарҷонам, ором бошед, ман комилан тайёр ҳастам, ки ба бемори шумо ёрӣ расонам, - фавран аз ҷо бархост Коммунар Ёқубович ва ҳамроҳи хоҳари шафқат роҳӣ шуд.
Ҳақиқатан ҳам вазъи бемор гарон буд. Коммунар Ёқубович аз нигоҳи чашм ва шиддати набз инро муайян намуда, ба хоҳари шафқат фармуд:
- Беморро барои ҷарроҳӣ тайёр намоед!
Воқеан ҳам дигар роҳ набуд, Коммунар Ёқубович чоки қайсарӣ намуда, тифлро эҳтиёткорона аз батни модар гирифт. Бо ҳамин бемор тадриҷан шифо ёфт.
Солҳо гузаштанду тифл ҳам ба камол расид ва ба сури арӯсии худ Коммунар Ёқубовичро даъват намуд.
Ҳолатҳои фавқ борҳо такрор шуда, рӯзе ҳам буд, ки Коммунар Ёқубович ҷарроҳии раҳим, печхӯрии рӯда, пайдоиши захми меъда ва дигар амрозро анҷом додааст.
7 ноябри соли 1992 бо нолаю фиғон, даҳшату хунрезиҳои одамони захмин ҳаргиз аз хотираи Коммунар Ёқубович сутурда намешавад. Ӯ ҳамроҳи ҷиянаш Аҳмадҷон Раҷабов ба роҳи марказии ноҳия баромад. Ҳавлии ҷарроҳ дар паҳлуи бозор ва роҳи марказӣ ҷойгир аст.
- Муҳтарам Коммунар Ёқубович, - муроҷиат кард афсаре, ки дар болои соғуи мошини боркаш рост меистод, - мо суроғаи ҳавлии шуморо ҷустуҷӯ доштем, хайрият, ки худатонро дидем.
- Бародар, тинҷӣ аст, - пурсид ҷарроҳ.
- Он қадар ҳам тинҷӣ нест, дар Хармайдони ақиби кӯҳ задухӯрд ба амал омад, якчанд нафар сарбозону афсарон захм бардоштанд.
Коммунар Ёқубович ба чархи мошин пой монда, чолокона боло шуд ва ба даруни соғу нигарист.
- Маълум, - гуфт ӯ ба афсар ва дигар ҳарфе ба забон наовард, зеро ҳоҷати сухан гуфтан набуд.
- Аҳмадҷон, ту инҳоро ба маркази санитарию эпидемологӣ роҳбаладӣ намо. Дар ҳамон ҷо шифохонаи муваққатӣ мекушоем, чунки дар беморхонаи ноҳиявӣ ҷой нест. Ман аз ҳавлӣ дорую даво ва асбобҳои худро гирифта, ба ҳамон ҷо меоям.
Вақте ки Коммунар Ёқубович хилъати сафед пӯшида, бо сомони зарури ҷарроҳӣ ба ёрии захмиён омад, аллакай мошини боркаш ду адад шуда буд, яъне маълум гашт, ки захмиён зиёд гардидаанд. Ин бемористони куҳансохти ноҳия ба ҷарроҳ аз замони кӯдакӣ шинос буд, зеро он коргоҳи Мунаввар Қурбонович ҳисоб меёфт. Дар ҳамин ҷо ӯ ба фаъолияти табибии бародараш бо шавқу завқ назар намуда, дар дили худ нисбат ба ин касби шариф тухми меҳру муҳаббат мепарвард.
- Аҳмадҷон, имрӯз ба ту ҳам кор бисёр мешавад, бояд шитобон ба беморхонаи ноҳия рафта, ду-се нафар хоҳарони шафқатро аз номи ман ба ин ҷо даъват намоӣ, сонӣ хешу таборонро бигӯ, ки кату бистар ва болинҳои зиёдиашонро биёранд. Бояд дастҷамъона кор кунему ба ин бародарон мадад расонем, - бо даст ба тарафи захмиён ишора намуд табиб.
- Тағо, ман тайёрам, - посух гуфт Аҳмадҷон.
Муддати мадиде сипарӣ нагашта, хешовандони Коммунар Ёқубович бо маводи ғизоӣ, катҳо ва бистарҳо омада, дар бунёди шифохона кумак расонданд. Сипас онҳо бо навбат истода, ба анҷоми дигар корҳо низ ба ҷарроҳ дастрасоӣ намуданд.
Пас аз чанд рӯз захмдорон сиҳат гашта, аз шифохонаи Коммунар Ёқубович яке пайи дигар рухсат мешуданд ва онҳо даст пеши бар ниҳода, ба ҷарроҳ ташаккур баён медоштанд.
- Намеарзад, - посух мегуфт табиби ҳозиқ, - ман ҳамагӣ вазифаи худро адо намудаам. Минбаъд шумо саломат бошед ва аз даргоҳи Худованди бузургвор таваллою тазаррӯъ кунем, ки дигар ҳеҷ гоҳ аз ягон гӯшаю канори диёрамон садои тир шунида нашавад. Шукрона гӯем ба Яздони Пок, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар кишвари мо сулҳу оромӣ барқарор гардид ва гурезаҳои иҷборӣ ба мулку макони аслии худ баргаштанд.
- Илоҳӣ, даргириҳои бемаънӣ ҳам дигар гуму бенишон гарданд, - мегуфтанд захмиёни шифоёфта.
- Ҳоло дар ноҳия мутахассисони соҳаи тиб хеле зиёданд, - қаноатмандона мегӯяд Коммунар Ёқубович, - биноан кори муолиҷа басо осон шудааст. Раиси ноҳия муҳтарам Файзуллозода Зафар Хайрулло ба ободии муассисаҳои тиббӣ доимо ёрӣ мерасонад. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки эътиқоди мардум ба кори духтурон афзун гардидааст. Солҳои қабл мо чунин эътиқодро мушоҳида карда наметавонистем. Агар ягон фалокат рух диҳад, хешу табори шахси осебрасида қаблан ба чаламуллоҳо ва аласу куҳначароғи кампирон муроҷиат менамуданд. Чунин ҳолатро ман борҳо мушоҳида кардаам. Як рӯз муаллими мактаби маркази ноҳия ба садамаи автомобилӣ дучор шуд. Қабурғааш шикаста ба шуши ӯ халида будааст. Хешовандон ва наздикон осебрасидаро ба беморхона наоварда, ба назди шикастабанд бурдаанд. Шикастабанд ба болои қабурғаи осебрасида тухми хом молида, сипас бо сони сафед маҳкам бастааст. Дар натиҷаи ин кӯрдилӣ ва бефаросатӣ теғи қабурғаҳои шикаста ба шуш бештар фурӯ рафта, боиси пайдоиши вараму зардоби зиёд гардидааст. Вақте ки ба ҷарроҳон рӯйи эҳтиёҷ оварданд, дигар фурсат аз даст рафта буд...
Ҷарроҳи номдор ва накӯкор Коммунар Ёқубович Тошматов қадам ба шоҳроҳи ҳаштодсолагӣ ниҳода, шодмон аст, ки панҷоҳу панҷ сол боз дар ҳифзи саломатии мардум хизмат кардан дорад. Писаронаш Ёқубҷон ва Пайрав соҳибкор ҳастанду духтараш Заррина бо пайраҳаи падари бузургвор устуворона равон аст. Коммунар Ёқубович аз бахту иқболи фарзандон қаноатманд буда, бо шукронаю фараҳмандӣ мегӯяд:
- То ҳастам ба халқи азиз хизмат мекунам!

Бахтиёр Муртазо,
рӯзноманигор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: