Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Сурия хабарнигорон зери тирборон монданд

Дар Сурия хабарнигорон зери тирборон монданд

4-03-2016, 14:37
Хабарро хонданд: 284 нафар
Назарҳо: 0
Дар Сурия хабарнигорон зери тирборон монданд
Дар Сурия 33 хабарнигори рус ва хориҷӣ зери тирборон афтоданд.

Ба иттилои намояндаи вазорати мудофиаи ФР Игор Конашенков, тирпарронӣ аз минтақаи рустои Дама дар атрофи Идлиб сурат гирифтааст. Хабарнигорон аз Булғористон, Канада ва Чин ҷароҳатҳои андаке бардоштаанд.

Ба иттилои ин манбаъ, афсари артиши Сурия хабар додааст, ки ҷангиёни гурӯҳи ифротии "Ҷабҳат ан-Нусра" тирпарронӣ кардаанд, ки муқаррароти оташбас ба онҳо марбут намешавад.

Дар маҷмӯъ, дар шабонарӯзи гузашта Маркази русиягии оштии ҷонибҳои даргир дар Сурия 15 мавриди поймолшавии оташбасро ошкор кардааст, ки бештаре аз онҳо дар Димишқ ва вилоятҳои Ҳумс, Ҳалаб ва Латакия рух додаанд.

Рӯзи душанбе котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ гуфт, ки ҳамаи мавридҳои вайрон кардани муқаррароти оташбас дар Сурия таҳқиқ мешаванд ва ҳоло барои нофарҷом донистани оташбас асосе вуҷуд надорад. Аммо мухолифони суриягӣ бар инанд, ки оташбасе вуҷуд надорад, зеро нерӯҳои Башор Асад ҳамла ба шӯришиёнро давом медиҳанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: