Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВАЗОРАТИ КАЛИДИИ НИЗОМИ ИДОРАИ ДАВЛАТ

ВАЗОРАТИ КАЛИДИИ НИЗОМИ ИДОРАИ ДАВЛАТ

1-03-2022, 08:51
Хабарро хонданд: 98 нафар
Назарҳо: 0
         ВАЗОРАТИ КАЛИДИИ НИЗОМИ ИДОРАИ ДАВЛАТ

Миёни 14 вазорати ҷумҳурӣ Вазорати адлия мақомоти калидӣ мебошад. Ин ҳақиқати бе исботро мо бори дигар ҳангоми иштирок дар баргузории нишасти матбуотии ин мақоми салоҳиятнок, ки 2 феврали соли ҷорӣ бо иштироки бевоситаи вазири муҳтарам Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад баргузор шуд, дарк кардем.
Хонандагони нуктасанҷӣ нашрия хуб медонанд, ки давлатро Сарвари он бо сиёсат саришта месозад. Ва ин сиёсат, таҷассум инъикоси худро дар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ меёбанд. Дар ҷумҳурӣ мақомоте, ки қариб ба тамоми ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ хулосаи дақиқи ҳуқуқӣ медиҳад, ин Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз гузориши вазири муҳтарам, мо бори дигар огоҳӣ ёфтем, ки дар умум соли ҳисоботӣ ба вазорат 57 249 мавод вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ ворид гардидааст. Аз ин шумора, дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба 3471 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ба 3406 ҳуҷҷати дорои хусусияти ҳуқуқии байналмилалӣ хулосаи зарурӣ ва муҳими ҳуқуқӣ пешниҳод намудааст. Дар самти санҷиш, баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 1457 мавод ворид шудааст, ки аз онҳо 823 санад барои баҳисобгирии давлатӣ, 187 санад барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ, 68 санад бо супориши Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулосаи ҳуқуқӣ ворид шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 823 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 56 қонуни конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 100 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 554 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 қарори ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 96 қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ҳисобгирии давлатӣ ворид гардиданд.
Инчунин, дар рафти нишасти хабарӣ аз ҷониби вазири ниҳоди мазкур зикр гардид, ки дар самти додани мақоми адвокатӣ ва бақайдгирии шаклҳои адвокатӣ, танзими амалиёти холисонаи натариалӣ, фаъолияти хуби идораҳои натариалӣ, бақайдгирии давлатии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои гуногуни ҷамъиятӣ, беҳтар гардидани фаъолияти идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, такмили ихтисоси мақомоти адлияи ҷумҳурӣ, сари вақт гузаронидани экспертизаҳои судӣ-криминалистӣ маълумот дар шакли хаттӣ манзур намуданд.
Вазорат дар якҷоягӣ бо сохторҳои зертобеи худ корҳои тарғиботиву ташвиқотии зиёдро анҷом додаанд. Дар чор ноҳияи ҷумҳурӣ бинои замонавии марказҳои адлияро сохта, ба истифода додаанд. Аз ҳама асосиаш барои сари вақт муроҷиат кардан ва гирифтани маслиҳату машварати ҳуқуқии ройгон хати телефонии 30-40 дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намудааст, ки мушкилии ҳазорҳо шаҳрвандонро дар муддатин муайяншуда бартараф месозад, ки дар татбиқи Ҳукумати электронии соҳа нақши калидӣ дорад.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: