Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Падидаҳои номатлуб

Падидаҳои номатлуб

11-02-2022, 08:07
Хабарро хонданд: 58 нафар
Назарҳо: 0
Падидаҳои номатлуб
Ҳанӯз аз солҳои бистуми асри гузашта сар карда, мардуми мусулмонтабори собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таҳти тасарруфи маънавии ҳихзби коммунист буда, тӯли 70-сол аз ҷаҳони исломии мамлакатҳои мусулмонтабор бехабар буданд. Ҳамзамон дар он замон ҷаҳони ислом ба худ протсеси адаптатсия, модернизатсияи динниро мегузаронд ва манзалати наве дар олами ислом пайдо мекард. Мусалмонони шӯравӣ мехостанд динашонро аз нестшавӣ нигоҳ доранд ва дар атрофи пешрафти он касе андеша намекард. Зеро ақидаҳои марксистӣ ленинӣ тақозои онро дошт, ки динро пурра аз мадди назари мардум дур созад. Аммо вобаста ба гузашти айём ашхосе пайдо шуданд, ки байни мардум исломгароиро пинҳонӣ тарғиб мекарданд.
Ҳанӯз аз айёми дури даврони Шӯравӣ, аниќтараш аз соли 1973-юм сар карда, ҳаракати « Наҳзати исломӣ» дар ватани мо арзи вуҷуд карда буд ва ду самти асосии фаъолияти корӣ дошт, яке тарғиби идеяҳои исломӣ ва дигаре мардумро дар руҳияи динӣ тарбия карданро дар бар мегирифт. Дар маъракаҳо ва дигар ҷамъомадҳои мардумӣ пинҳонӣ ва баъзан рӯи рост идеяҳои гуногуни исломиро тарғиб мекарданд ва мо шоҳиди он гаштем,ки кори онҳо дар солҳои 90-уми қарни гузашта, чӣ натиҷаҳои хунинро ба бор овард. Мақсади мо он нест, ки дини мубини исломро паст занем, гап дар сари он аст, ки зумрае аз маҳзабиёни навбаромад исломро силоҳи асосии худ карда, дар рӯй ниқоб кашидаанд ва бо ин роҳ дар ҷомеа ихтилофангезиву фитнаандозӣ мекунанд. Олими барҷастаи муосири ҳинд Имом Сайид Абулҳасан Алии Надавӣ дар китоби худ «Тазқия ва эҳсон» ё «Тасаввуф ва ирфон» менависад; «Баъзе аз суфинамоёни ҷоҳталаб, гандумнамоёни ҷавфуруш мебошанд, ки тасаввуфро барои хароб кардани дин ва гумроҳ намудани муслимин ва барои расидан ба аҳдофи шуми худ истифода мебаранд».
Дар ақсои олами ислом бошад падидаҳои исломгароӣ, экстремистии диннӣ барвақтар пайдо гардиданд ва дар солҳои баъди ба худ унвонҳои нав гирифтанд. Дар ибтидо ва даҳсолаи дуюми асри 21 гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ рӯ ба инкишоф оварданд. Таъсиси азҳобу равияҳои исломӣ ба монандӣ “Ихвон-ул-муслимин”, ”Ҳизб-ут-таҳрир”, “Давлати исломӣ”, “Ҳизбулло”, “Ал қоида”, “Боко ҳарам”, ”Толибон” бо мақсади анҷом додани ғаразҳои сиёсӣ бо истифода аз дини мубини ислом равона гардиданд. Ин равияҳои экстремистию ифротии исломӣ мардумро барои ба “роҳи ҳақ” расидан ба “ҷиҳод” даъват мекунанд. Аммо ин роҳи ҳақ кадом аст? Қатлу куштор , азозилпеша будан ва ё мурдан?!
Мутаассифона таи солои охир дар расонањои интернетї аз љониби иддае аз бадхоњони миллати мо, беасосу бе далел сохтори давлатдории муосири моро интиќод мегиранд. Њамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки то ҳанӯз нотавонбинони ҷомеаи муосири мо ободии мамлакатамонро намехоҳанд ва бо ҳар андешаи тахсиромези худ мехоҳанд ҷомеи шаҳрвандии моро сиёҳ кунанд.
Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуктаи назари динӣ хатогии маҳз аст ки онро “гурӯххои муайян” дар муборизаҳои сиесии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда, дар давлатњои мусалмонии Шарќ оташи љангњои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Њизбу њаракатњои хусусияти динӣ дошта, одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар љомеа мењисобанд.
Дар баробари њамаи ин ашхосе низ њастанд, ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазњаб медонанд, ки ин аќида хато аст.Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди љомеа аќидањои нодурусти динӣ љой доранд, ки онњоро шомил шудан ба гуруњњои ифротгарої њавасманд мегардонанд. Онњо ақидахои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд.
Иддае аз коршиносон ин таҳрикоти номатлубро, ки сабабгори асосии ба роҳи исломгароӣ рафтани ҷавонон таъсири шабакаҳои интернетӣ медонанд. Бале, дуруст аст, аммо ба ҷуз сомонаҳои интернетӣ омилҳои дигаре ҳастанд, ки ба мафкураи ҷавонон таъсир мерасонанд. Ин мазмунро метавон чунин шарҳ дод:
-тарғиб намудани мазмунҳои ғаразноки мазҳабӣ бо истифода аз эътиқоди бузурги дини доштани мардум;
-суханбозӣ ва мазмунгароие, ки ба воситаи дастгоҳҳои аудивизуалӣ ба одамон расонида мешаванд;
-дар маросим ва ҷашнвораҳои динӣ то ҳанӯз пардапӯшона аз ҷониби зумрае аз руҳониён маъниҳое иброз мегарданд, ки таҳаввули андешаҳои миллиро халалдор месозанд;
-на ҳамаи мо аз паҳлуҳои мухталифи дини ислом бархурдорем. Надонистани фарҳанги исломӣ, расму русум ва оинҳои мазҳабӣ инсонро зудбовар намуда, эътимоду эътиқодашро ба мавзӯъҳои бофтаи динӣ зиёд мекунад.
Албатта гунаҳгор кардану ба доми тазвир кашидани давлати тозабунёди мо аз ҷониби ашхоси тақаллубпешаю нохалаф, боиси нигаронии афроди солимфикри ҷомеаи муосири мо мешавад. Агар боре ба гузаштаи на чандон дур нигарем, ҳизби наҳзати ислом дар тарҳрезии ошӯби нофарҷоми моҳи сентябри соли 2015 бо раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ даст дорад. Бубинед, ошуби мазкур чӣ бадбахтиҳоеро ба сари мардуми мо овард, ҷони чандин нафаронро рабуд ва хонадони онҳоро тираву тор кард. Баъди ин бо ҳукми додгоҳи олӣ созмонро ифротӣ ва террористӣ номида, фаъолияташро қатъ карданд.
Аммо имрӯз ин фитнаандозони бадкеш иддаои он мекунанд, ки ошуби хунини гузашта барои мақомоти имрӯзаи Тоҷикстон баҳонае барои аз саҳнаи сиёсат дур намудани ҳизби наҳзати ислом буд.Ин эрод то андозае хандаовар аст. Бе асноду далел камбудӣ кофтан мазмуни тағофулпарастӣ дорад, яъне «ҳама чизро мебинаму ҳеч чизро дидан намехоҳам».
Дар баробари ин, Кабирӣ доимо таъкид мекард, ки гӯё наҳзат ҳизби моддигаро нест. Аммо агар ин ташкилот моддигаро намебуд, чаро хонадони Кабирӣ имрӯз ҳам дар хориҷа дар рифоҳи молӣ зиндагӣ мекунад? Маблағҳое, ки дар қисмати молиявии ҳизб мавҷуд буданд, ба чӣ кор масраф гардиданд? Албатта қабл аз ҳама, ба манфиати хонаводаи ӯ сарф шуданд, зеро манфиати хонавода асли сиёсати ҳизбии ӯро ташкил медод. Аммо ӯ бо муқаддасоти динӣ ва сиёсӣ - Худо, дин, мазҳаб, Қуръон, паёмбар, миллат, давлат, демократия, мардумсолорӣ, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ ва амсоли инҳо бозӣ карда, ҳар яки ин вожаҳоро дар ҷояш ба ҳадафи ба даст овардани султа, қудрати сиёсӣ ва тиҷоратӣ суйистифода мекунад. Мусоҳибаҳо, суханрониҳо ва матолиби ӯ аз корбурди вожаҳои мазкур моломол аст ва тавассути технологияи суханварӣ кушиш мекунад, ки ба хотири манфиатҳои ғаразнокаш ҷомеаро таҳти фишори равонӣ, забонӣ, такаллумӣ ва сиёсӣ қарор диҳад.
Инсоне, ки дониши казоӣ надорад, ба зиндагӣ бо чашми хира менигарад ва аз паҳлуҳои зиндагиномаи бошарафӣ одамӣ ҳеҷ гоҳ бархурдор шуда наметавонад. Чунин одамон алафи зарпечакеро мемонанд, ки ҷараёни таҳаввулоти миллиро халалдор месозанд.
Дар ҷамъбаст бояд иброз дошт,ки имрӯз ақсои оламро нобасомониҳо ва носозгориҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ фарогир гаштаанд. Бахусус, ҷангҳои шаҳрвандие, ки дар мамлакатҳои исломӣ ба монандӣ- Афғонистон, Ироқ, Ливия, Сурия ба вуқӯъ омада буданд, мазмуни мазҳабӣ доштанд.
Дар ҷамъбастӣ андешаҳои болоӣ ҳаминро бояд гӯям, ки яке аз пояҳои асосии зиндагиномаи бошарафи инсонӣ, осудагӣ ва амнияти шаҳрвандӣ мебошад. Мо ҳамагон баҳри таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуб, исломгароию терроризм, радикализм, вуруди идеологияи харобкорона ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез бо истифода аз имконоти мавҷудаи худ дар доираи қонун бояд мубориза барем ва сатҳи маънавию сиёсии худро мустаҳкамтару қавитар гардонем.

Т. Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: