Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Ҳизбҳои сиёсӣ

20-01-2022, 08:44
Хабарро хонданд: 4154 нафар
Назарҳо: 0
  Ҳизбҳои сиёсӣ
Дар ҳама давру замон, новобаста аз сохтори ҷомеа, барои ноил шудан ба мақсадҳои муайян гурўҳҳое буданд, ки мубориза мебурданд. Таҳрикоти муборизаи ин гурўҳҳо дар ҳар шакл ба назар мерасид. Агарчи одамони қадим барои ғасб намудани мавзеоти шикоргоҳ, замин, талаву тороҷ намудани қавми дигаре муборизаҳои хунин мебурданд, вале, бо мурури замон, вобаста ба пешрафти тафаккуру тамаддун, ин муборизаҳо ба худ шакл ва намуди дигар гирифт. Шуур пешрафта шуд ва инсон дарк кард, ки на танҳо бо роҳи хунрезӣ, балки бо усули тарғиботу ташвиқот бурдан, метавонад ба ҳадафу мақсадаш ноил шавад.

Аз ҳамон давра сар карда, дар ҷомеа ҳизбҳои сиёсӣ пайдо шуданд. Дар қадим онҳо гурўҳи ихтиёрии одамоне буданд, ки дар доираи идеологияи ягона, мақсади ба ҳокимият расидан ва онро аз худ карданро доштанд. Мафҳуми «ҳизб» ифодаи гурўҳҳое буд, ки байни худ барои расидан ба ҳокимият муттаҳид мешуданд. Ҳанўз дар даврони Арасту мафҳуми ҳизб пайдо шуда буд. Ҳизбиён шахсоне буданд, ки муваққатан иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода, гурўҳе аз одамони тарғиботчиро дар он аъзо мекарданд ва барои ҷонибдории шахсони алоҳида барнома таҳия мекарданд. Чунин иттиҳодияи ҳизбиён нахустин маротиба дар асри 18 дар Британияи Кабир байни ашрофзодаҳо (аристократҳо) мураттаб гардида буд.
Аввалин маротиба ҳизб ҳамчун ташкилоти сиёсӣ дар Британияи Кабир байни аристократҳо дар асри 18 пайдо шудааст. Баъдан, дар охирҳои асри 18 ибтидои асри 19 клубҳои сиёсӣ пайдо шуданд ва дар заминаи онҳо ҳизбҳои оммавӣ ташкил ёфтанд, ки мақсаду ҳадафашон таҳлил ва баррасии вазъи сиёсии ҷомеа буд.
Бо гузашти қарнҳо ҳизбҳои сиёсӣ марҳилаҳои мураккабу дурударозро тай намуда, дар фаъолияти минбаъдашон ба худ мазмун ва мундариҷаи нав гирифтанд.
Аввалин ҳизби сиёсӣ дар Аврупо ба таври расмӣ соли 1861 бо номи ҳизби либералӣ (озодандешон) дар Англия ташкил ёфт. Баъдан, соли 1863 дар Олмон ҳизби нахустини коргарӣ бо номи “Иттифоқи коргарии умумиолмонӣ” таъсис ёфт, ки ба он файласуф, сиёсатмадори олмонӣ Фердинанд Лассал асос гузошта буд.
Дар охири асри XIX дар бисёри кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ҳизбҳои оммавӣ, асосан ҳизбҳои сотсиал-демократӣ таъсис ёфтанд.
Бояд иброз дошт, ки сабабҳои асосии ташаккули ҳизбҳои сиёсиро дар охири асри XIX дар Аврупои Ғарбӣ ду ҷиҳати ҳаёти сиёсӣ ташкил медоданд;
- интихобкунандагон ҳуқуқҳои зиёд доштанд ва ин ба мардум имконият медод, ки бештар ба сиёсат ва фаъолияти сиёсӣ рў оранд;
- комил гаштани ҳаракати коргарӣ. Синфи коргар бедор гашта, дар мубориза барои қонеъ гардонидани талаботҳо ва ҳимояи манфиатҳои худ ҳизбҳои сиёсиро барпо карданд.
Дар таърихи ҳаракатҳои сиёсӣ ҳизбҳои сиёсӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нақши хоса доранд. Соли 1828 дар Амрико Ҳизби демократии ИМА таъсис ёфт. Он манфиати доираҳои савдою бонкиро ҳимоя мекард. Дар саромади ҳизби демократии Амрико президенти сеюми ИМА-Томас Ҷеферсон меистод.
Имрўз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳизбу созмонҳои зиёди сиёсиву ҷамъиятӣ амал мекунанд. Айни ҳол дар Ватани мо 7 ҳизби сиёсӣ фаъолият дорад:
- Ҳизби аграрии Тоҷикистон;
- Ҳизби демократии Тоҷикистон;
- Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон;
- Ҳизби коммунистии Тоҷикистон;
- Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон;
- Ҳизби сотсиал - Демократии Тоҷикистон;
- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
Дар ҷаҳони муосир бошад, ҳизбҳои дигаре пайдо шудаанд, ки равияи фаъолияи тарғиботӣ ва ҳадафашон гуногун аст. Ҳизбҳои либералӣ, демократӣ, сотсиал-демократӣ, миллатгароӣ, фашистӣ, шоҳӣ, ҷумҳурихоҳ, исломӣ ва ҳаракатҳои зиёди сиёсиву ҷамъиятие ҳастанд, ки мақсадҳои ғаразноку нопок доранд. Мутаассифона, мазмуни дар боло зикргардида, халалдор шуда ҳизбҳое дида мешаванд, ки равия ва таҳрикоти исломӣ - мазҳабӣ доранд.
Дар ибтидо ва даҳсолаи дуюми асри 21 гурўҳҳои террористиву экстремистии зиёд пайдо шуда, рў ба инкишоф оварданд. Таъсиси азҳобу равияҳои исломӣ, ба монандӣ “Ихвон-ул-муслимин”, ”Ҳизб-ут-таҳрир”, “Давлати исломӣ”, “Ҳизбулло”, “Ал қоида”, “Боко- ҳарам”, ”Толибон” бо мақсади анҷом додани ғаразҳои сиёсӣ бо истифода аз дини мубини ислом равона гардиданд. Албатта, атрофи ин мавзуъ андеша рондан мақолаи наверо тақозо дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 таҳти № 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ қабул шуд, ки дар муқаррароти он нисбат ба ҳуқуқҳои шаҳрвандон барои аъзо шудан ба ҳизбҳои сиёсӣ, таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, узвият дар ҳизбҳои сиёсӣ, Оинномаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар паҳлуҳои қонуни он моддаҳо дар шакли алоҳида муқаррар шудааст.
Мувофиқи моддаи 2-и қонун, ҳизби сиёсӣ ду рисолати бузург дорад.
Дар ҷамъбаст ҳаминро бояд гуфт, ки имрўз мавқеи ҳизбҳои сиёсии назари мусбатдошта, барои пешрафти ҳамагуна ҷомеа бузург аст. Бахусус, мақом ва манзалати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар байни дигар ҳизбҳои сиёсие, ки имрўз дар Тоҷикистон фаъолият доранд баланд аст. Зеро, тавре Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони истиқлоли кишвар бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандўстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо намуд”.Бо ҳамин мақсад, ҲХДТ тўли фаъолияти пурсамари худ, зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” ҷомеаи кишварро аз як роҳи сарбаста ба масири сулҳу субот, шукуфоӣ ва пешрафтҳои рўзафзун раҳнамун сохта, созандагию бунёдкориро ҳадафи олии худ қарор додааст.
Т.Орифӣ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: