Ташкилоти террористии собиқ ҳизби наҳзати исломӣ авлодӣ аст?7-07-2020, 14:37
Хабарро хонданд: 2799 нафар
Назарҳо: 0
Ба ҳамагон маълум аст, ки саркардаи наҳзатӣ, ки баъди содир намудани ҷинояту хиёнатҳо аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта, айни замон дар фазои иттилоотӣ бо туҳмату буҳтон задан бар зидди Ватану миллат амал дорад, дар вақташ бо як мафкураи ифротию тафаккури тиҷорӣ ба собиқ ТТЭ ҲНИ пайваста буд. Баъди ба даст гирифтани роҳбарии ташкилоти мазкур онро ба як ҳизби хонаводагӣ ва воситаи ба даст овардани манфиатҳои шахсиаш табдил дод. Аслан, аз таърих медонем, ки исломи сиёсӣ худ хонаводагаро аст. Шаҷарабандии сайидзодаҳо, эшонҳо, махдумҳо, хоҷаҳо ва амсоли инҳо махсусияти хонаводагии диниро нишон медиҳанд ва собиқ ТТЭ ҲНИ ҳам пойбанди мафкураи исломи сиёсист ва наметавонад аз ин хусусият орӣ бошад. Ҷангу низоъҳое, ки дар доираҳои ҳукмрони кишварҳои исломӣ дар тули таърих ба вуқуъ пайвастаанд, ин ҳақиқатро бозгў мекунанд, ки ғасби қудрат ва хонаводагӣ кардани он аз марҷаоти усулии салатанати динӣ маҳсуб меёбанд. Бинобар ин, ҷалби хонавода ба умури сиёсӣ, ҳизбӣ ва мафкуравӣ ба собиқ ТТЭ ҲНИ ва раҳбари фирории он аз гузаштагони исломи сиёсӣ мерос мондааст. Аҷиб аст, ки дар як муддати кутоҳ саркардаи наҳзатӣ дар қолаби дараҷабандӣ ё ба истилоҳ, иерархияи динӣ аъзои хонаводаи худро ба мудирияти ҳизбӣ ҷалб намуд, то тамоми фаъолияти ниҳод таҳти назорат ва султаи як нафар қарор бигирад ва «бегона»-е ба арсаи роҳбарии наҳзат ворид нагардад. Агар дурусттар таваҷҷуҳ намоем, аён мегардад, ки барои пардапўш кардани ниятҳои султахоҳӣ, пулпарастӣ ва рифоҳталабӣ саркардаи наҳзатӣ, усулан аз василаҳои маъмулии риёкории сиёсӣ ва иҷтимоӣ кор мегирад ва худро чунон вонамуд мекунад, ки гўё фариштае дар колбади инсонӣ бошад. Аммо ӯ бо муқаддасоти динӣ ва сиёсӣ - Худо, дин, мазҳаб, Қуръон, паёмбар, миллат, давлат, демократия, мардумсолорӣ, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ ва амсоли инҳо бозӣ карда, ҳар яки ин вожаҳоро дар ҷояш ба ҳадафи ба даст овардани султа, қудрати сиёсӣ ва тиҷоратӣ суйистифода мекунад. Мусоҳибаҳо, суханрониҳо ва матолиби ӯ аз корбурди вожаҳои мазкур моломол аст ва тавассути технологияи суханварӣ кушиш мекунад, ки ба хотири манфиатҳои ғаразнокаш ҷомеаро таҳти фишори равонӣ, забонӣ, такаллумӣ ва сиёсӣ қарор диҳад. Ҳамин тавр, саркардаи наҳзатӣ дар давоми мудирияти ҳизбӣ ин ниҳоди динии сиёсиро, ки аслан ташкилоти ифротию террористӣ буда ва ҳаст, ба абзори хонаводагӣ табдил дод. Барои исботи ин, номи чанде аз аъзои хонаводаи Кабириро, ки дар вазифаҳои масъули собиқ ТТЭ ҲНИ қарор доштанд, мисол меорем: Акоша Кабирӣ (узви Раёсати Олӣ ва Шурои сиёсии собиқ ТТЭ ҲНИ—бародараш); Кабиров Муҳаммадсолеҳ Тиллоевич (раиси ҶДММ «Бинокорсервис», узви фаъоли собиқ ТТЭ ҲНИ-бародараш); Бибисоро Кабирӣ (ҷонишини мудири шуъбаи ҷавонон ва варзиши собиқ ТТЭ ҲНИ—хоҳараш); Муҳаммад Сафарзода (масъули шуъбаи робита бо ҷомеаи собиқ ТТЭ ҲНИ-бародарзодааш); Раҳматуллоева Мастура (масъули кор бо бонувони собиқ ТТЭ ҲНИ- ҳамсараш); Тиллозода Руҳуллоҳ (масъули таъминоти моддии собиқ ТТЭ ҲНИ-писараш); Тиллозода Муҳаммад (масъули бахши молиявии собиқ ТТЭ ҲНИ-писараш); Кабиров Салимҷон (масъули бахши ҷавонони собиқ ТТЭ ҲНИ-писараш); Сафарзода Эмомалӣ (муҳофизи раиси собиқ ТТЭ ҲНИ-бародарзодааш); Амруллоҳи Низом (рӯзноманигори ифротӣ, масъули сомонаи «Payom.net» -домоди бародараш). Ғайр аз ин, замони дар дохили кишвар фаъолият доштан саркардаи наҳзатӣ то ҳадде ки тавонист моликият ба даст овард. Масалан, вай бозори «Саховат»-и шаҳри Турсунзодаро соли 2009 аз худ карда, ба номи ҳамсараш Раҳматуллоева Мастура сабт карда буд, ки даромади солонаи он як миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор сомонӣ ва фоидаи панҷсолааш маблағи як миллиону панҷсад ҳазор доллари амрикоиро ташкил медодааст. Ин сохтори хонаводагӣ, ки раҳбарияти ҳизбӣ ва сарчашмаҳои молии калонро дар даст доштанд, имрӯз ҳам дар хориҷа аз ҳисоби пулҳои талабидашудаи наҳзатӣ маош мегиранд ва аз ин ҳисоб бешармона зиндагӣ мекунанд. Дар шаклгирии шахсияти ахлоқии саркардаи наҳзатӣ завқи молпарастӣ ва ҳарисӣ ба молу ашёи дунёӣ нақши калидӣ дорад. Талаботу ниёзҳои маишии бебаркаши вай, албатта, пушти пардаи сиёсӣ амалӣ гардидаанд. Ҳангоме ки ба майдони бизнес ва тиҷорат ворид мегардад, дармеёбад, ки бо ин васила ҷойгоҳи мувофиқ пайдо кардан ва расидан ба қудрати сиёсӣ осон аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Кабирии қаллобу тоҷир, ки барои расидан ба мақсад ба савдо задани ҳама муқаддасот омода аст, дили раиси собиқи ҳизби мазкурро нарм карда, оҳиста-оҳиста ба боварии ӯ медарояд ва дар пайи ба даст овардани сарват иқдомоти ҷиддиро рӯйи даст мегирад. Ҳамин тавр, таҷрибаи сиёсӣ ва ҳизбиро аз худ карда, барои андухтани сарват раҳбарияти ҳизбиро аз ҳисоби аъзои хонавода пур мекунад. Аз ин сабаб, наздикону муқаррабони саркардаи наҳзатӣ, ки аз онҳо ном бурда шуд, дар мансабҳои асосии ҳизбӣ такя зада, бахшҳои даромадноки он – молия, таъминоти моддӣ ва иқтисодро таҳти назар қарор дода буданд. Аслан, вай қаллобест, ки кушиш мекунад бо найранг ҳар фурсату вазъиятро ба нафъи молиявии худ ҳал намояд ва худро минҳайси инсони вораста, покниҳод, адолатхоҳ ва бениёз ба ҷомеа вонамуд кунад. Ӯ ин ташкилотро бо худ тавъам намуда, ҳамчун моликияти шахсию инфиродӣ истифода бурдааст. Дар баробари ин, Кабирӣ доимо таъкид мекард ва мекунад, ки гӯё наҳзат ҳизби моддигаро нест. Аммо агар ин ташкилот моддигаро намебуд, чаро мансабҳои калидӣ дар дасти аъзои хонаводааш қарор доштанд? Чаро хонадони Кабирӣ имрӯз ҳам дар хориҷа дар рифоҳи молӣ зиндагӣ мекунад? Маблағҳои ҳангуфте, ки дар қисмати молиявии ҳизб мавҷуд буданд, ба чӣ кор масраф гардиданд? Албатта қабл аз ҳама, ба манфиати хонаводаи ӯ сарф шуданд, зеро манфиати хонавода асли сиёсати ҳизбии уро ташкил медод ва медиҳад. Дар асл, талаботи меҳварии вай ҳамин будааст – хонаводагӣ кардани мудирияти созмони сиёсӣ, ба ихтиёр гирифтани буҷаи ниҳод, ихтиёрдорӣ кардани сармояи ҳизбӣ, аз тариқи хешутаборчигӣ ва сатҳу сифати манфиатрасонӣ тақсим намудани мансабҳои ҳизбӣ ва мувофиқи хосту хоҳиши худ масраф намудани маблағҳои ташкилоти мазкур. Ин «талабот»-ро Кабирӣ иҷро кард ва дар муддати раҳбари расмии ҳизб будан кушид, ки тамоми хонадони худро ба кори ҳизбӣ ҷалб созад ва аз ин тариқ манфиати бештар гирад. Маълум аст, ки саркардаи фирории наҳзатӣ дар хориҷа ҳам ҳамон тарзи фаъолияти худро идома медиҳад ва ба тиҷорати машғул аст, аммо дар пушти ин тиҷорат ҷамъоварии сармояи гарон барои аҳли хонаводааш ниҳон аст. Аз ин ҷост, ки вай барои ҳифзи дороию тиҷораташ ва ҳизби хонаводагии худ, ҳамчунон аз шиорпароканиҳои миллат, давлат, озодӣ, Ватан, мардум, дин, мазҳаб, демократия, инсонсолорӣ ва мардумпарастӣ истифода мебарад ва бозори бизнеси хонаводагиашро гарм нигаҳ медорад. Яъне ғайр аз манфиати худу хонаводааш барои вай чизи дигаре муҳим нест ва арзиш надорад. Ногуфта намонад, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум, хусусан дар соли 1993 наҳзатиҳо аз ҷониби баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ маблағҳои зиёде ба даст меоварданд. Коршиносон, тахмин мекунанд, ки дар он давра наҳзатиҳо ҳудуди 70 миллион доллари амрикоӣ ба даст оварда буданд. Аммо саволе ба миён меояд, ки куҷо шуданд он маблағҳо? Ё он маблағҳо ба сифати сармояи аввалия барои ташкил шудани “бизнес”-и наҳзатиҳою ҳаммаслаконашон дар кишварҳои дигари пасошуравӣ харҷ шуданд? Аз хабарҳои паҳншуда дар васоити ахбори умум маълум аст, ки саркардаи наҳзатӣ ҳатто дар овони ҷавонӣ ва донишҷӯӣ ба ҷамъоварии сармояи бедардимиён иштиёқ доштааст. Саркардаи наҳзатӣ зимни суханрониҳояш таъкид кардааст, ки дар як кишвари пасошуравӣ соҳибкорӣ мекардааст. Аммо саволе ба миён меояд, ки сармояи аввалияи тиҷорати худро дар он кишвар аз куҷо пайдо кардааст? Ҳол он ки на шаҳрвандии ин кишвари паосшуравиро дошту на дастрасӣ ба кредитҳои бонкҳои он давлат ва дигар кишварҳои пасошуравиро. Пас, чӣ тавр Кабирӣ бидуни доштани “сарпараст” тавонистааст дар яке аз кишварҳои паосшуравӣ “бизнеси” худро ташкил диҳад. Чӣ муаммое дар инҷо ниҳон аст? Субҳиддин Зиёев, номзади илмҳои филология |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.