Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат-ҳоми ва пуштибони занон

Пешвои миллат-ҳоми ва пуштибони занон

11-02-2022, 10:41
Хабарро хонданд: 389 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат-ҳоми ва пуштибони занон

11-уми феврал-Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм

“Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст”,- мефармоянд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Агар ба таърихи тамаддуни башарият назар афканем, нақши занонро хеле назаррасу муассир хоҳем дарёфт, ки ба шарофати эшон тамаддуни инсоният ба таҳаввулҳои бузурге даст ёфтааст. Ба вижа, дар таърихи гузаштаи ориёитаборон мавқеи зан бузург будааст. Аҷдодони гузаштаи мо нисбат ба зан эҳтироми зиёд доштаанд ва барои ба илму дониш фаро гирифтанашон шароитҳои мусоидро фароҳам меовардаанд. Ҳатто, дар замонҳои хеле қадим нисбат ба Зан - Модар мардумони ориёитабор эҳтироми хоса зоҳир менамудаанд, ки дар достонҳои устуравӣ ва ҳикматҳои донишварони замонҳои қадим бармало дида мешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ориёитаборон дар қиёс ба дигар қавму миллатҳо бузургӣ ва манзалати занро пештар дарёфтаанд ва гиромӣ баргузидаанд. Натиҷаи он ҳама арҷгузориву баргузида доштани зан аз ҷониби мардуми ориёитабор, бахусус миллати тоҷик, ин ба бузургонамон рабт мегирад, ки дар илму фарҳанг ва маърифат кашфиётҳои беназир намуданд, ки то имрӯз башарият аз онҳо истифода мебарад.
Хушбахтона, имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо мақом ва ҷойгоҳи бонувон хеле баланд буда, аз ҷониби Ҳукумати кишвар, шахсан бо пуштибониҳои ҳамешагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуқуқу озодиҳои занҳо ҳифз карда шудааст. Барои фаъолияти бонувон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки занҳо дар дилхоҳ касбу пеша фаъолият намоянд.
Тибқи маълумоти оморӣ дар кишвари мо 49,3 фоизи аҳолиро занон ташкил медиҳанд. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд.
Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Дар замони истиқлолият 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд. Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.
Албатта, мо занону духтарон, қадрдонӣ ва ғамхориҳои доимии Пешвои муаззами миллатро дар кору фаъолияти ҳаррӯзаамон эҳсос намуда, дар навбати худ кӯшиш менамоем бо меҳнати садоқатмандона дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошем. Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳои худ қайд намуданд, ки: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад». Аз ин лиҳоз, мо занон ва духтаронро зарур аст, ки аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, пайи омӯзиши илму дониш ва тарбияи насли наврас ҷаҳду талош намоем.
Дар охир қайд намудан мехоҳам, ки ҳамин мақому манзалати занону модаронро ба инобат гирифта Ассамблеяи генералии СММ аз 11 - уми феврали соли 2012 бо қарори худ, ин санаро ҳамчун «Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм» қабул намудааст, ки имрӯзҳо дар саросари олам таҷлил карда мешавад. Аз фурсат истифода намуда, кулли бонувони кишвари азизамонро бо ин санаи муборак табрику муборакбод менамоям. Бо боварии том гуфта метавонам, ки ояндаи мо бонувон бо ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии падаронаи Пешвои муаззами миллаттамон гул карданист.
ДАВЛАТЗОДА Ҳангома Рустам
Мудири шуъбаи умумии КИ ХХДТ дар ш. Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: