Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АЙНӢ: Паём-роҳ ба сӯи зиндагии осоишта

АЙНӢ: Паём-роҳ ба сӯи зиндагии осоишта

8-02-2022, 07:46
Хабарро хонданд: 320 нафар
Назарҳо: 0
АЙНӢ: Паём-роҳ ба сӯи зиндагии осоишта
Дар доираи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ оид ба тарғибу ташвиқи Паём, имрӯз раиси кумиҷроияи ноҳия Рузибой Раҳимзода бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Анзоб вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ бо фаъолон муҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 21.12.2021 сол ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуда, ҳамзамон дар ҷараёни суҳбат оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи самараноки нерӯи барқ ва дигар мавзӯҳои мубрам суханронӣ карда шуд.

Қайд гардид, ки Пешвои миллат зимни ироаи Паём иброз доштанд, ки “Роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли мо дар давоми сӣ соли гузашта, инчунин, дастовардҳое, ки мо дар ин муддат ба онҳо ноил гардидем, як нуктаи бисёр муҳимро возеҳу равшан собит сохтанд: мардуми шарафманди тоҷик метавонанд дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунанд, онро боз ҳам обод намоянд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд”.

Дар ин давра маҳз ба шарофати заҳмати содиқонаи халқи азизи Тоҷикистон ва дастгириву пуштибонии хурду бузурги кишвар аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумат мо мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоиро бартараф сохта, як кишвари орому босубот ва рӯ ба тараққиро бунёд намудем. Ҳамзамон, аъзои гурӯҳи тарғоботии КИН дар ҳудуди ҷамоат атрофи Паём андешаҳои худро баён доштанд.

Дар интиҳои вохӯрӣ, сокинон атрофи Паём ва дигар масъалаҳои ҳалталаб саволҳо дода, ҷавобҳот мушаххас гирифтанд. Вохӯриҳо доир ба тарғиби паём аз ҷониби масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ дар дигар Ҷамоатҳои деҳот ва ташкилоут муассисаҳои ноҳия бомаром идома дорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: