Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПАНҶАКЕНТ: Як рӯз бо ҳизбиёни Моғиён ва Шинг

ПАНҶАКЕНТ: Як рӯз бо ҳизбиёни Моғиён ва Шинг

8-02-2022, 07:39
Хабарро хонданд: 383 нафар
Назарҳо: 0

ПАНҶАКЕНТ: Як рӯз бо ҳизбиёни Моғиён ва Шинг


Дирӯз раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода бо ҳизбиёни ташкилотҳои итидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҷамоатҳои деҳоти дурдасти Моғиён ва Шинг силсилаи мулоқоту сӯҳбатҳоро дар мавзӯъҳои муҳими рӯз баргузор намуд.

Мулоқоти нахустин бо ҳизбиён ва дигар омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и деҳаи Моғиён, № 28 ва 23-и деҳаҳои Ғезани боло ва Ғезани поин сурат гирифт. Дар ин сӯҳбатҳо сухан аз нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷиси Олии мамлакат, таваҷҷӯҳи хоса ба рушди маориф рафта, таъкиди Пешвои миллат- Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад, шарҳу маънидод карда шуд. Дар ҷараёни ин мулоқотҳо ба 25 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии мазкур, ки бо амри дил ба сафи ҳизб пайвастаанд, шаҳодатномаҳои узвият супорида шуд.

Чунин мулоқот дар калонтарин муассисаи таълимии Ҷамоати деҳоти Шинг- МТМУ № 11 низ баргузор шуда, дар вазъияти тантанавӣ ба 3 нафар аъзоёни нави ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳақиқат” шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дода шуд.

Дар сӯҳбатҳои самимӣ, ки дар ин сафар бо ҳизбиён ва фаъолони ҷамоатҳои деҳоти Моғиён ва Шинг баргузор шуд, Мурод Шукурзода таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла, дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои истиқлол, вазифаҳо дар соли равон ва давраҳои минбаъда, оғози омодагиҳо ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, масъулияти фаъолон, зиёиён, омӯзгорон дар тарбияи насли ҷавон, пешгирии гароиш ба хурофот ва ақоиди ифротӣ, ба таҳсил дар муассисаҳои миёнаи касбӣ ва олӣ бештар фаро гирифтани духтарон, ҷонибдорӣ аз сиёсати Сарвари давлат ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ҷалб намуд.

Ҳини мулоқоту сӯҳбатҳо мардум ҷонибдории самимиашонро аз сиёсати Пешвои миллат, ҳадафҳои барномавии ҲХДТ иброз намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: