
Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ибтидоӣ гурӯҳҳои муштараки корӣ таъсис дода, нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷумла “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ “-ро ба дарки сокинон расонида истодаанд.
Ин навбат кормандони Кумитаи иҷроия дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Баҳор” суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро шаҳру тавзеҳ доданд.
Аъзои гурӯҳи муштараки корӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроия Муродов Раҳмон суханронӣ намуда, қайд кард, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пешрафти устувори кишвар дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ башорат медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми нвбатии худ маорифро асоси рушди ҷомеа номида, таъкид намуданд, ки “ Бунёди миллат аз мориф оғоз мегардад” ва ғамхорӣ ба соҳаи маориф сармоягузорӣ ба рушди нерӯи зеҳнӣ ва ояндаи дурахшони миллат аст.
Дар ҳақиқат бо татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаҳои нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда ба истифода дода шуд. Ҳукумати мамлкат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.