Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПАНҶАКЕНТ: Кумитаи иҷроия бо маҳаллаҳо ҳамкорӣ мекунад

ПАНҶАКЕНТ: Кумитаи иҷроия бо маҳаллаҳо ҳамкорӣ мекунад

3-02-2022, 09:07
Хабарро хонданд: 134 нафар
Назарҳо: 0
ПАНҶАКЕНТ: Кумитаи иҷроия бо маҳаллаҳо ҳамкорӣ мекунад
То баргузории маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ободонӣ”, ки кормандони КФД “ Хоҷагии манзилӣ- коммуналӣ” ва раисони маҳаллаҳои шаҳри Панҷакентро сарҷамъ менамояд, раисони маҳаллаҳои шаҳр масъалаҳои марбут ба танзими маъракаҳо ва омодагӣ ба иди Наврӯзро баррасӣ менамуданд.

Дар ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, сарвари муассиса Шоҳрух Шарифов аз фаъолияти ин ниҳоди ибтидоии ҳизбӣ дар соли гузашта наитиҷагирӣ шуда, аз ҷумла, ба кори раисони маҳаллаҳои шаҳр, ки ҳамаашон узви ҲХДТ ҳастанд, дар самти риояи муқаррароти Қонун дар бораи танзими ҷашну маросим ва маъракаҳо, даъвати ба ном бибихалифаҳои камсавод ба маъракаҳои дафн, кам кардани хароҷоти баргузории ҷашну сур, корҳои омодагӣ ба истиқболи ҷашни Наврӯз ба- ҳо дода шуд. Дар ҷаласа ҳамчунин пешниҳод шуд, ки ҳамкории Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо маҳаллаҳо бештар карда шавад.

Дар суханронии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мастона Муродзода ва Турдибой Солеҳзода нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода, вазифаҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, ки аз он бармеояд, матраҳ гардид.

Ҳизбиён нақшаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва хонишҳои сиёсиро дар нимсолаи якуми соли равон тасдиқ намуданд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: