Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

МАКТАБИ ПЕШВО

25-01-2022, 10:30
Хабарро хонданд: 156 нафар
Назарҳо: 0
МАКТАБИ ПЕШВО
Дар шароите, ки равандҳо афзун гардидаву раванди ҷаҳонишавӣ пуршитоб таъсир расонида истодааст, на ба ҳар миллату халқият муяссар мегардад, ки аз гирдоби пурталотуму ҳавлангези он, аз илм, фарҳанг, забон, таърих, ҳувият ва низоми давлатдории суннатии хеш ҳифозат намояд. Олими ҷавону пуркор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ бо дарки бузурги масъулияти таърихӣ ва афзалият додан ба масоили актуалии илми имрӯзаи тоҷик, ҳамчун як фарди рушанфикр зарур медонад, ки дастовардҳои илмии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, саҳми хешро гузорад. Зеро мегӯянд мақоме, ки халқ ба шахсият медиҳад, мақоми воқеист, он заволнопазир аст, чун ростиву ростагорӣ роҳи бефаност ва устод Ғафурзода Давлаталӣ воқеан олими асил аст. Ин олими фурӯтану хоксор шахсияти инсонро новобаста аз мартаба ва салоҳияташ ба пояи баланд мегузорад. Эҳтироми устод нисбат ба ҳамкоронаш хеле зиёд аст. Бо сифатҳои беҳтарини инсонӣ – хоксорӣ, адолатпарастӣ, хушмуомилагӣ, дурандешӣ ва некхоҳӣ ба эҳтироми умумии кормандону донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатӣ сазовор гардида, ба дили пиру барно ҷой гирифтааст.
Ҳамроҳи ин марди равшанфикр, ки роҳбарии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дорад, атрофи муваффақиятҳои яксолаи ин муассиса суҳбате оростем.

- Мо қариб ҳамарӯза тариқи ВАО аз чорабиниҳои мухталифе, ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд, огоҳем. Хулосаи ҳамаи ҳамин чорабиниҳо ин аст, ки дар ин муассиса кормандон бо шавқу шӯри баланд ва рӯҳбаландӣ кору фаъолият менамоянд. Ҳамин илҳом аз куҷост?
- Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Фаъолияти кории мо аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ дар Донишкадаи идоракунӣ ҳоло Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шиор сар зад ва ин ҳам бошад, бо як эҳтиром ба аҳли кормандон, садоқат ба Ватан ва эътимоду масъулият ва боварии Пешвои муаззами миллат. Вақте мо вориди ин коллективи бисёр созанда шинос шудем, бо онҳо мо маслиҳат кардем, ки ҳар як ташаббуси созанда ва ҳар як ташаббусе, ки барои рушди Академия аст ва ё аз пойтаху аз диёр аст, дастгирӣ мегардад. Ҳар ташаббус ва пешравиро бо сарбаландӣ, дар якҷоягӣ, аз фаррошу донишҷӯён сар карда, то муовинон ва профессорони муассиса кӯшиш намудем ба анҷом расонем ва боиси ифтихор ҳам аст, ки дастовардҳои Академия бе ягон зиёдаравӣ дар муқоиса ба солҳои пешин хело назаррас аст ва инро каму зиёд карда намешавад. Таълим, давомоту табодули донишҷӯён, техникаву технологияҳои муосир, зиёд шудани ҳаҷми оморҳои илмӣ, ҳимояҳои рисолаҳои номзадӣ худ гувоҳ мебошанд.
Дар солҳои 2019-2021 ба дастовардҳои бузург ноил шуданамон аз қадами мубораки Пешвои миллат ба Академия барои ифтитоҳи бино сарчашма мегирад. Ба ҳамагон маълум аст, ки рӯзи 29 феврали соли 2020 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи табдил додани Донишкадаи идоракунӣ ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва ин боис шуд, ки дар рушду пешравиҳои Академия таккони ҷиддӣ бахшад.
- Ҳамкориҳои Академия дар самти муносибатҳои байналмилалӣ хеле назаррас аст. Аз дастовардҳои асосии соли сипаришуда дар ин самт ба фикри Шумо кадомҳоянд?
- Дар самти робитаҳои байналмилалӣ муваффақиятҳои мо дар ҳақиқат назаррасанд. Новобаста ба вазъияти COVID-19, ки тамоми сарҳадҳо баста буданду ҳамаи грантҳои байналмилалӣ мавқуф гузошта шуданд, зиёда аз 2 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби грантҳо ва лоиҳаҳо ҳамчун узви меҳнат ворид шуд. Инчунин, ҳамкориҳои мо бо шарикони рушд аз ташкилотҳои Созмони Милали Муттаҳид оғоз мешаванд, то ташкилотҳои аврупоиву минтақавии ба монанди Бонки байналмилалии рушд, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Маркази дӯстии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия ва даҳҳои дигар.
Нуктаи муҳими дигар дар ин самт ин аст, ки дар ҳамин соли сипаришаванда қариб 40 нафар донишҷӯёни Академия дар мубодилаи донишҷӯён, табодули афкори байни донишҷӯён дар шаҳрҳои Остонаи Қазоқистон ва шаҳрҳои Москав, Екатеринбург, Владимир, Орёл ва Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ба таҳсили 1+1, 2+2 фаро хонда шуданд. Умуман, дар муассисаи мо алакай соли сеюм аст, ки бо 3 забон-русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ дарс меравад. Ва гурӯҳҳои мазкур бо ин се забон пурра фаъол ҳастанду меҳмонон бо забонҳои хориҷӣ озод лексияҳо хонда, дарсҳои кушоди худро мегузаронанд. Дар принсипи робитаҳои байналмилалӣ ба натиҷаи ҳар як созишнома мо хулосабардорӣ мекунем, ки ба мо чӣ медиҳад. Ва ин аст, ки фақат дар доираи ҳамин як сол барои муассиса техникаву технологияҳои муосир, мебелҳо барои толорҳои конфронс, ки маблағи зиёда аз 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, аз ҷониби Сафорати Чин қабул намудем, инчунин, бо зиёда аз 100 ҳазор доллари амрикоӣ Маркази ТИКА-и Туркия ду синфхонаи моро дар якҷоягӣ бо як ҳуҷраи корӣ муҷаҳаз гардонид.
Лозим ба таъкид аст, ки дар самти робитаҳои байналмилалӣ дар соли сипаригардида Асотсиатсияи академияҳои идоракунии мактабҳои олиро бо иштироки Қавқози шимолӣ, Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ таъсис додем. Дар давоми сол, мо зиёда аз 100 нафар меҳмон қабул кардем.
Ҳамчунин, дар Академияи идоракунӣ соли ҷорӣ як қатор чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, бахшида ба 20-солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ва дар асоси розигии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи идоракунӣ маросими ифтитоҳи “Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон”, дар доираи хамкориҳо бо Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) I Форуми муколама оид ба ҳамкориҳои байналмилалии академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Аврупои Шарқӣ, Саммити ректорони академияҳои идоракунии давлатии давлатҳои аъзои СҲШ таҳти унвони “20 соли СҲШ: дурнамои ҳамкории академияҳои идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ” дар шакли омехта (маҷозӣ ва ҳузурӣ) ва дигар чорабиниҳо дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.
- Дар ҷалби грантҳо ва пешниҳоди лоиҳаҳо Академияи идоракунӣ аз дигар муассисаҳои олӣ дида, ба маротиб пешсаф аст. Барои ҷалби грантҳо дар ин муассиса магар шуъба ё раёсати махсус фаъолият мекунад?
- Аввалин коре, ки мо дар самти робитаҳои байналмилалии Академия анҷом додем, ин ба раёсат табдил додани шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ мебошад ва дар ин раёсат чанд шуъбаҳо аст. Масалан, шуъбаи табодули донишҷӯён, шуъбаи ҷалби грантҳо, шуъбаи таҳсил дар хориҷи кишвар. Ин сохтор хело ҷавон буда, кормандонаш бисёр соҳибтаҷриба ҳастанд. Бо такя ба ҳамин устодони Академия ва кормандони он ба ин мувафақиятҳо ноил гардидем. Чизи муҳими дигар он аст, ки шахсан худам вақте, ки дар ҳар як симпозиюму конфронсҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ иштирок мекунам, ҳатман дар баробари ҳамин баромадҳо вохӯриҳо низ ташкил мекунам. Бо шарикон ва дигар мактабҳои олӣ рафта, вохӯриҳо мекунам ва аз пешравиҳои академия ба онҳо хабар мерасонам. Онҳо бошанд, омодагиҳои худро доир ба ҳамкориҳо иброз медоранд. Ҳатто дар самти ҳимояҳои рисолаҳои номзадиву докторӣ ва ҷалби китобхонаҳои электронӣ дар асоси созишномаҳои мо имрӯз дар Академия ба зиёда аз 30 миллион китобҳои хориҷиву тоҷикии электронӣ дастрасӣ ҳаст.
- Низоми супурдани имтиҳонҳо барои таҳсилкунандагон чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
- Мо имтиҳонҳои бидуни компютер ва техникаро ба пуррагӣ манъ кардем, яъне шакли классикии имтиҳонсупориро. Зеро яке аз падидаҳои номатлуб-омилҳои коррупсионие, ки дар мактабҳои олӣ дида мешавад, ин имтиҳонҳои анъанавист. Ҳоло бошад, дар муассисаи мо донишҷӯён имтиҳонро ба пуррагӣ дар назди компютерҳо худашон месупоранд. Тамоми устодон қаблан, саволномаҳои тестӣ ва матни лексияҳову модулҳои таълимиро дар шакли электронӣ ба донишҷӯён пешниҳод мекунанд. Вақте донишҷӯ ба маълумот дастрасӣ дорад, барояш супоридани имтиҳон хело осон мегардад.
- Соли ҷорӣ дар муассисаи мазкур яке аз марказҳои воқеан бонуфуз кушода шуд - Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”. Мехостем равшанӣ андозед, ки фаъолияти марказ асосан ба кадом самтҳо равона шудааст?
- Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон худ як лоиҳаи бисёр нодир ва илмӣ аст. Ва дар доираи ин мактаби давлатдорӣ мо боз як маркази омузишии илмӣ-тадқиқотӣ ташкил намудем, ки дар ин ҷо зиёда аз 40 нафар олимон тадқиқотҳо мебаранд ва тавассути он марказ ҳатто кормандони доимии худро дорад. Аз ходимони илмӣ, мушовирони илмӣ, докторони илм ва номзадони илмӣ иборат аст, ки дар доираи ҳамин мактаб пурра ба таҳқиқи Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон шуруъ кардаанд. Ҷилди як, ду ва сеи ин китоби бисёр нодир ва муқаддас, ки сарчашма мегирад аз аввалину нахустин қадамҳои Пешвои муаззами миллат ба минбари мактаби давлатдории худ аз Иҷлосияи XVI то ҳадафҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай. Тасаввур кунед, тахминан 30 сол пеш дар як давлати абарқудрат мо шомил будем ва давлати сотсиалистӣ будем, ҷумҳурии моро касе намешинохт. Агар мо сафарҳои солҳои 2000-уми худро дар хориҷа таҳлил кунем, вақте Тоҷикистон мегуфтем, номи Ӯзбекистонро мегирифтанд ва ё Афғонистон мегуфтанду касе аз куҷо будани тоҷику дар куҷо будани Тоҷикистонро намедонист. Вале, имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун як давлати рӯ ба тараққиву рӯ ба руш мешиносанд. Дар ин самт, оид ба Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон ман факту рақамҳое дорам, ки худ шоҳиди он ҳастам. Дар давлате, ки нефт надорад, газ надорад ва бо роҳҳои байналмилалии обӣ мо дастрас нестем, лекин шуруъ аз соли 2000-ум инҷониб 100 маротиба буҷети мо афзоиш ёфтааст. Бо дарназардошти оне, ки давлатҳои Фаронса, Гретсия ва дигар давлатҳои абарқудрати аврупоӣ ба буҳронҳои шадиди молиявӣ гирифтор шуданд, дар тули 30 сол 3 буҳрони шадиди молиявиро мо пушти сар кардем. 4-ум буҳрон, ин паёмадҳои шадиди COVID-19 аст, ки дар аксарият давлатҳо нарху наво боло рафт ва аз маводҳои озуқа танқисӣ мекашанд. Нархи маводҳои тиббӣ низ бениҳоят баланд шуд. Эҳтиёҷот ба ин маводҳо зиёд гардид. Новобаста ба ана ҳамин мушкилот, то ба имрӯз зиёда аз 60 дарсади қисми даромади буҷети моро маблағҳои пулии соҳаи иҷтимоиёт ташкил медиҳад. Яъне, маориф ва тандурустӣ.
Дар робита ба ин ҳама, Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”-ро мо дар Академия таъсис додем. Дар Марказ лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд” амал мекунад, ки се ҷилд китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд”-ро аз чоп баровард. Китоби мазкур метавонад, хизматҳои шоёни Пешвои миллатро ба хонанда ва наслҳои оянда расонад ва дар замири онҳо тафаккури давлатдорию давлатсозиро ташаккул диҳад. Гуфтан мумкин аст, ки ин китоб хотира ва оинаи таърихи даврони соҳибистиқлолии мо мебошад. Ошно кардани насли ҷавон ба хизматҳои шоёни Пешвои миллат аз ҳадафҳои дигари таълифи китоби мазкур мебошад. Дар се ҷилди китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд”: беш аз 300 иқтибосҳо танҳо аз паёмҳои Президенти кишвар оварда шудааст ва дар ин китоби нодир расмҳое, ки мо ҷо кардем, воқеиятҳои таърихиро бармало месозанд. Ҷилди 4 ва 5-и китоби мазкур то 30-солагии Иҷлосияи таърихӣ ҷамъбаст мегарданд.
- Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон дар назди Академияи идоракунӣ фаъолият менамояд. Оё Академия дар ифтитоҳи ин марказ саҳм дорад? Ҳамчунин, дар соли ҷорӣ, ки кишвари мо Раёсатро дар ин созмони бонуфуз бар уҳда дошт, дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон чӣ чорабиниҳо доир гардид?
- 22 феврали соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон” ифтитоҳ гардид. 27 апрели соли 2021 бошад, дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Дурнамои фаъолият ва ҳамкориҳои Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар мизи мудаввар Котиботи СҲШ, шарикони Марказ, аз ҷумла: Кумитаи чинӣ оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ, Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Ӯзбекистон, Платформаи ҷавонони СҲШ SCOLAR Network, намояндагони сафоратҳои давлатҳои узви СҲШ ва мутахассисони соҳа иштирок доштанд.
Тибқи нақшаи фаъолияти Марказ баргузории лексияҳои кушод ва вохӯриҳои дипломатон, сафирони давлатҳои иштирокчиёни СҲШ ва олимони соҳа бо донишҷӯён, магистрантон, аспирантон ва кормандони Академия дар назар аст. Ҳамин тариқ, 6 майи соли равон вохӯрии донишҷӯёну, магистрантон, устодону кормандон ва муҳаққиқони ҷавони Академия бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Олимов Рашид Қутбиддинович баргузор гардид. Ҳамчунин, 11 май чунин вохӯрӣ бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Лякин-Фролов Игор Семёнович дар мавзӯи “Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия дар ҳама соҳаҳо тавсеа меёбанд” баргузор гардид, ки яке аз масъалаҳои зери диққати махсус қарор гирифта, иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд.

- Хотираҳои соли сипаригаштаистодаро бо чанд ҷумла ёд мекардед.
- Ҷашни 30-солагии Истиқлоли ҷумҳурӣ, 20-солагии СҲШ ва зиёда аз 30 ҳазор иншоотҳои ҷашние, ки ба истифода дода шуданд, авфи маҳбусон, шомҳои дӯстӣ, хайрхоҳӣ ин ҳама дар соли 2021 барои мардуми тоҷик шодиву нишоти зиёд овард. Ҳамеша таманно мекунем, ки сулҳу ваҳдат ва рушди давлатдории мо бегазанд бошад. Мардуми сарбаланди тоҷик ҳамеша даст ба даст ниҳода, дар фазои осоиштаи кишвар ба рушди мамлакатамон камари ҳиммат бубанданд, чуноне ки шоир фармудааст:

Кист сарсупурдаи Ватан, ману туем,
Он ки дӯст дорад ин чаман, ману туем!

Ташаккур барои суҳбат!

Мусоҳиб Қурбон АҲМАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: