Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ ҲОЛАТҲОИ ГИРИФТОРШАВӢ БА COVID-19 БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУДАНД. Табиби бемориҳои сироятӣ ба АМИТ «Ховар» дар бораи нишонаҳои омикрон нақл кард

ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ ҲОЛАТҲОИ ГИРИФТОРШАВӢ БА COVID-19 БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУДАНД. Табиби бемориҳои сироятӣ ба АМИТ «Ховар» дар бораи нишонаҳои омикрон нақл кард

24-01-2022, 07:30
Хабарро хонданд: 246 нафар
Назарҳо: 2
ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ ҲОЛАТҲОИ ГИРИФТОРШАВӢ БА COVID-19 БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУДАНД. Табиби бемориҳои сироятӣ ба АМИТ «Ховар» дар бораи нишонаҳои омикрон нақл кард
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, пас аз танаффуси думоҳа дар Тоҷикистон ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дубора ба қайд гирифта шуданд. Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар бораи 23 ҳолати нави сироятёбии шаҳрвандони кишвар ба ин беморӣ хабар дод.

Ҳанӯз гуфта нашудааст, ки гап сари кадом навъи коронавирус меравад, ҳарчанд аллакай гузоришҳои зиёде дар бораи вуруди навъи «омикрон» ба кишварҳои ИДМ, аз ҷумла ба Осиёи Марказӣ нашр гардида буданд.

Ба ҳар сурат, хабарнигори АМИТ «Ховар» аз профессори кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Саидбек Сатторов хоҳиш намуд, ки дар бораи нишонаҳои (оризаҳои) асосии навъи нави бештар ва тезтар сирояткунанда – «омикрон» нақл кунад.

«Дарди сару бадан, бемадорӣ, дарди гулӯ, сулфа ва атса, дарди шикам аз нишонаҳои асосии омикрон маҳсуб ёфта, он бештар ба зукоми маъмулӣ монандӣ дорад», — гуфт ӯ.

Ба андешаи мавсуф, навъи «омикрон» шакли нави тағйирёфтаи COVID-19 буда, нишонаҳои он ба дигар навъҳои COVID-19 қариб ки монандӣ доранд.

«Баморӣ метавонад дар шакли обравӣ аз бинӣ, бемадорӣ, дарди сар, беиштиҳоӣ ва халалдоршавии хоб ба амал ояд, вале он нисбат ба дигар намудҳои COVID-19 сабуктар мегузарад», — гуфт Саидбек Сатторов.

«Навъи омикрон хеле зудпаҳншаванда буда, давраи беморӣ нисбатан сабук паси сар мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо метавонанд нишонаҳои беморӣ дар 3-4 рӯз бартараф шаванд. Навъи нави COVID-19-ро аз шамолхӯрдагӣ фарқ кардан мушкил аст. Аз ин рӯ, дар сурати ҷой доштани нишонаҳои зикршуда бемор метавонад аз ташхиси COVID-19 гузарад»,- афзуд ӯ.

Ёдовар мешавем, ки навъи омикронии коронавирус ё B.1.1.529 моҳи ноябри соли 2021 дар Ботсвана ва Африқои Ҷанубӣ ба қайд гирифта шуда буд. Ба гуфтаи коршиносон, афроде, ки бемор гардидаанд ва ваксина гирифтаанд, низ метавонанд ба он гирифтор шаванд. Навъи нав аллакай дар 110 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои ИДМ ошкор шудааст. Ба ақидаи коршиносон, омикрон нисбат ба навъи қаблӣ – «делта» зудтар паҳн мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (2)
Kelle 31 января 2022 08:43
Then criticizing the appeals court that has yet to hear the case.
It was a San Francisco court that initiated a nationwide blockade -- along traces
that conservatives usually applaud. The White House and Jeff Sessions can now add San Francisco to the
derision laid on "an island in the Pacific" for opposing the
travel ban. Even if federal money is now made out there, it’s exhausting to think about states like Wisconsin all
of the sudden becoming generous with assist. In clear
terms, Trump is attempting to penalize cities for broad uses of money
that Congress and federal agencies had lengthy validated.

Trump is failing in court docket, however
he could also be making points in public opinion,
given the best way national media tends to mischaracterize the difficulty - by suggesting that sanctuary cities are not cooperating with the
federal government. The Kaiser Foundation points out that Wisconsin was a part
of a nationwide effort to bridge the hole for these citizens until the net marketplaces received going in 2014.
So federal money turned involved then - with the ACA -- where excessive risk pools prior to now
relied on 60% cost by enrollees' premium funds, 20% by assessments on Wisconsin insurers, and 20% by
supplier discounts.

Also visit my blog movies at theater - https://www.gfxwiki.com/index.php?title=User:RosarioEnglish3 -
Цитировать          1
Mckenzie 31 января 2022 23:22
Hello, I believe your website might be having browser compatibility issues.
Whenever I take a look at your web site in Safari, it looks fine however, if opening in Internet Explorer,
it's got some overlapping issues. I just wanted to give you a quick heads
up! Other than that, great blog!

Take a look at my web blog: vape cu nicotina
Цитировать          2
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: