Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҲХДТ натиҷагирӣ карда шуд Январь 19, 2022 08:41

Дар Душанбе фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҲХДТ натиҷагирӣ карда шуд Январь 19, 2022 08:41

20-01-2022, 09:05
Хабарро хонданд: 179 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҲХДТ натиҷагирӣ карда шуд Январь 19, 2022 08:41

ДУШАНБЕ, 19.01.2022?: Соли 2021 дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт майдончаҳои варзишию бозии кӯдакона ва истироҳати калонсолон бо харҷи умумии 1 миллиону 70 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуданд, ки ин туҳфаи арзандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба сокинони сарбаланди пойтахт мебошад. Ин нукта 18 январ зимни баргузории ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар соли 2021 ва вазифаҳо барои шашмоҳаи якуми соли 2022 баён гардид. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.


Дар он муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, раисони кумитаҳои иҷроияи ноҳиявии ҳизб, кормандони сохторҳои ҳизбии пойтахт, фаъолои ҳизб ва як гурӯҳ вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.

Зимни ҷаласа зикр гардид, ки ҳизбиёни пойтахт дар ин давра дар якҷоягӣ бо вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ шанбегиву ҳашарҳои дастҷамъӣ доир намуданд, ки дар онҳо 16337 ниҳолҳои ороишиву сояафкан шинонида шуданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1118 адад зиёд мебошад.

Зикр гардид, ки дар ин давра аз ҷониби сохторҳои ҳизбии пойтахт 11 616 мулоқоту суҳбат ва соати сиёсӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, конунҳои миллӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ гузаронида шуда, ба 3994 нафар аз оилаҳои ниёзманд маводи хӯрокворӣ кумак расониданд, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 491 оила зиёд аст.

Ҳамзамон ба қабулгоҳҳои ҷамъиятии назди кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳриву ноҳиявии ҳизб 533 нафар сокини шаҳри Душанбе ба таври хаттиву шифоҳӣ муроҷиат намуданд, ки аз ин талаботи 467 нафар шаҳрванд дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» қонеъ гардонида шуд.

Дар ин давра бо мақсади пешгирии паҳншавии мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус ва фаро гирифтани сохторҳои ҳизбии пойтахт ва кормандони соҳаи тандурустии пойтахт гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, 500 суҳбату вохӯрӣ бо фарогирии 29322 сокинону меҳмонони пойтахт доир кард шуданд.

Дар Душанбе фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҲХДТ натиҷагирӣ карда шуд Январь 19, 2022 08:41
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар доираи онҳо масъулин 18915 ниқоб, 13630 варақаи иттилоотӣ, 395 маводи антисептикӣ ва 400 дастпӯшро ба сокинону меҳмонони пойтахт ба таври ройгон тақсим карданд.

Дар ин марҳила ҷиҳати татбиқи сиёсати кор бо ҷавонон ва таҳкими оила 2179 мулоқоту суҳбат ва маҳфили маърифативу иттилоотӣ доир карда шуд, ки дар муқоиса ба давраи соли гузашта 163 чорабинӣ зиёд мебошад.

Инчунин миёни кумитаву ташкилоти ҳизбии пойтахт озмуни «Кумитаи беҳтарин», «Ташкилоти беҳтарин», «Вакили беҳтарин», «Хабарнигори беҳтарин» дар ду давр ташкил карда шуд, ки ғолибони он бо диплому ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар маҷлис муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода оид ба дастоварду комёбӣ ва камбудиву норасоиҳои сохторҳои ҳизбии пойтахт дар соли 2021 сухан гуфта, ҷиҳати таҳкиму тақвияти фаъолият дар назди кумитаву ташкулоти ибтидоии ҳизбӣ вазифаҳои мушаххас гузаштанд.

Дар маҷлис вобаста ба тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 қарори дахлдор қабул гардид.

АМИТ Ховар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: