Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар Калифорния роҳи табобати бемории саратонро ёфтанд.

Дар Калифорния роҳи табобати бемории саратонро ёфтанд.

3-03-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 464 нафар
Назарҳо: 0
Дар Калифорния роҳи табобати бемории саратонро ёфтанд.Бемории саратон яке аз масъалаҳои муҳими тиббию иҷтимоии дирӯзу имрӯзи соҳаи тандурустии умумиҷаҳонӣ боқӣ мемонад.

Новобаста ба он, ки барои тибби ҷаҳонӣ саратон бемории наву ноошно нест ва сол ба сол техникаву таҷҳизоти наву замонавӣ барои ташхису табобати маризони ин навъи беморӣ фаъол гардонида мешавад, мутахассисон дар пешгирӣ, табобат ва коста гардонидани хурӯҷи он ба мушкилиҳои нав ба нав дучор меоянд.

Бино ба маълумоти олимони соҳа ба беморӣ то соли 2020 16 миллион нафар сокинони ин сайёра гирифтор хоҳанд шуд. Ҳол он ки соли 2000 дар саросари кишварҳои дунё шумораи умумии гирифторони саратон 10 миллионро ташкил медод. Ҳамчуноне аз ҳисоботи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Агентии ҷаҳонии омӯзиши саратон бармеояд, гирифторшавӣ ба ин беморӣ аз соли 1999 то соли 2020 ду маротиба афзоиш хоҳад кард. Авҷи беморӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарор дошта, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз чунин кишварҳост, ба мушоҳида хоҳад расид, пешгӯӣ менамоянд, мутахассисони сатҳи байналмилалӣ.

Полини оддӣ- арметизин (Artemisia Annua) иқтидоре дорад, ки дар тӯлӣ 16 соат 98% ҳуҷайраҳои саратониро аз тани бемор нест кунад, мегӯянд олимони Донишгоҳи Калифорния.

Бар ақидаи муҳаққиқони калифорниягӣ агар бемор арметизини яксоларо истеъмол кунад, 28% ҳуҷайраҳои саратони шуш ба нестӣ мерасанд. Дар сурати бо оҳан омехта кардани арметизин имкони ба пуррагӣ нест шудани ин навъи беморӣ фароҳам аст, мегӯянд олимон.

Натиҷаи таҳқиқ собит менамояд, ки арметизин ҳуҷайраҳои саратониро танзим карда метавонад.

Аллакай ширкати фарматсевтии «Sanofi» омода аст, ки истеҳсоли солонаи ин навъи гиёҳро то 50-60 тонна расонад.

Ёдовар мешавем, ки пештар ин растании талхмаза барои табобати бемории вараҷа истифода бурда мешуд.
Маъруфи Бобораҷаб
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: