ВОХӮРИҲОИ ВАКИЛОН ДАР МАҲАЛ7-01-2022, 15:22
Хабарро хонданд: 185 нафар
Назарҳо: 0
КӮШОНИЁН. Дирӯз дар толори Меҳмонхонаи “Сайёд”-и ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳия вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода, Файзулло Машраб Қурбоналӣ ва Маҷидзода Сарвиноз Комил бо фаъолони ҷамоат доир гардид. Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шомалангова Миҷгона, раиси ҷамоати Бӯстонқалъа Давлатов Қурбоналӣ, директорону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат, раисони маҳаллаҳо ва сокинони фаъоли ҷамоат иштирок намуданд. Ҷамъомадро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шомалангова Миҷгона кушода эълон намуда, баъди шиносоӣ суханро ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дод. Вакилони парлумони кишвар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ доданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.