Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» ш.Гулистон: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – нерӯи пешбари ҷомеаи муосир

ш.Гулистон: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – нерӯи пешбари ҷомеаи муосир

13-12-2021, 08:57
Хабарро хонданд: 103 нафар
Назарҳо: 0
ш.Гулистон: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – нерӯи пешбари ҷомеаи муосир

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баҳри иҷрои барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти рақами 105 аз 07 декабри соли 2021, бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ таҷлил намудани 27-солагии таъсисёбии “Рӯзи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, муассисаҳои таълимӣ, коллеҷи тиббӣ баргузор намудани мулоқоту сӯҳбатҳо, мизҳои мудаввар, конфронсҳо, аёдати собиқадорону аъзоёни ҲХДТ ва дигар чорабиниҳои мақсаднокро ба роҳ монд.Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Сирдарё”, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 бо иштироки фаъолони ҳизб, ҷавонону аъзоёни “Созандагони Ватан” мизи мудаввар ва хониши сиёсӣ таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-нерӯи пешбари ҷомеаи муосир” ташкил ва баргузор карда шуд. Зимни чорабиниҳо қайд карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони истиқлоли кишвар бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандўстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо намуд. Дар тӯли 27 соли сипаригашта ҳизби мо тавонист, ки ҳамаи дастовардҳоро дар самту бахшҳои гуногун ва муҳими давлатдорӣ соҳиб гардад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: