
Бо мақсади ҷалб намудани муҳассилин ба хондани китобҳои бадеӣ, муқаддас доштани он, баланд бардоштани маҳорат ва малакаи эҷодкорӣ , ғанӣ гардонидани тафаккури маънавии онҳо дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Зарнисор” муассисаи №10 ҳамоиши адабӣ таҳти унвони «Китоб манбаи илму маърифат» бо иштироки ҷавонон, омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимӣ баргузор гардид.
Дар баромадҳо қайд карда шуд, ки дар ҳаёт, бузургони олам, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём, Арасту, Афлотун, Саноӣ маҳз тавассути мутолиаи китоб машҳур гардиданд. Шояд онҳо аз рӯи мақоли бузург – «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй» – амал карда бошанд. Пас бояд шитоб кард, бисёр бояд китоб хонд, китобҳои нодир дарёфт намуд, илму маърифат омӯхт, амал кард, то инсони асил буд, зеро китоб чун ганҷи бебаҳо бо роҳи росту хиради воло раҳнамун месозад. Тавассути мутолиаи он инсон аз бадахлоқӣ, муҳтоҷӣ, ғаму дард озод мегардад.
Барномаи ҳамоиш хело рангин, пурмазмун иборат аз маърӯзаҳо, панду ҳикматҳои бузургон дар васфи китоб, модар, Тоҷикистон, Ватан, рақсу таронаҳо, саҳначаҳои пурмазмун ва дигар мавзӯъҳо буд, ки баромадкунандагон ибрози сухан ва қироат намуданд.