Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Мастҷоҳ боз як зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад

Дар Мастҷоҳ боз як зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад

6-12-2021, 07:51
Хабарро хонданд: 108 нафар
Назарҳо: 0
Дар Мастҷоҳ боз як зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад
Дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастҷоҳ сохтмони зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВт оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ.

Зеристгоҳи барқӣ бо маблағгузории филиали ҶСК шабакаҳои тақсимот ва интиқоли неруи барқи шаҳри Гулистон бо мақсади сабук намудани сарбории зеристгоҳи барқии 3510 ва «Дилварзин-1» бунёд мегардад.

Бо сохта шудани зеристгоҳи мазкур дар ин минтақа як трансформатор бо тавоноии 16 кВа ва 4 адад чашмакҳои содиротӣ васлу насб мегарданд. Дар натиҷа бори зеристгоҳи барқии 3510 ва «Дилварзин-1» сабук гашта, сифати шиддат мувофиқи меъёр таъмин мегардад ва талафоти неруи барқ дар ин минтақа аз байн меравад- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 12 адад зеристгоҳҳои барқӣ мавҷуд буда, ҳамасола ба аҳолӣ тавассути онҳо неруи барқ интиқол дода мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: