«Парчам» аз вожаи суғдӣ гирифта шуда, ба маънии «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғажговро мегуфтанд ки бар сари дирафш ё найза мебастанд». Ин вожа аз забони суғдӣ ба забони туркӣ ва аз он ба забони форсӣ роҳ ёфта ва бо гузашти замон, дирафш низ гуфта шуд.
Куҳантарин ишора дар бораи корбурди дирафш дар ҷомеаи ориёиҳо дар «Авесто» омадааст. Чунончӣ, дар нахустин фаргарди «Видевдод» аз шаҳри Балх, ки пойтахти Кави Виштосп - пуштибони Зартушт буд, чунин ёд шудааст: «Балхи зебо бо дирафшҳои барафрошта». Ҳамчунин дар «Авесто» чанд бор ҳам аз «дирафши говпайкар» - «дирафшҳои душманони ариёҳо» ёд шудааст.Бархе аз пажӯҳишгарон бар ин боваранд, ки дирафшҳои ёдшуда дар «Авесто» монанд ба «Дирафши Ковиёнӣ» будаанд, ки басе дертар падид омадааст
Парчам таърихи беш аз 3-3,5-ҳазорсола дорад ва нахустин парчамҳо дар Эрони қадим, Чин ва Миср пайдо шудаанд.Тарҳи парчами сипоҳи Ориён (порсҳо, суғдиён, бохтариён) дар деворнигораҳои шаҳри Помпеи Рум (асрҳои 2-1 то милод) тасвир ёфтааст. Дар Аврупо чунин ливохо каме баъдтар ба вучуд омаданд ва ба якчанд намудхо чудо шуданд: давлати, харби, динӣ ва ғайра.
Дар деворнигораҳои шаҳри Панҷакенти бостонӣ, ки ба асри 7 мансубанд, тасвири парчами суғдиёнро мушоҳида кардаанд. Деворнигорае чунин манзара дорад: Рустам баъди мағлуб кардани аждаҳои одамсар бо ёронаш ҷонибе равона аст ва дар сари найзаи ду нафар аз онҳо парчамҳои зардранги сегушагуна дида мешавад. Дар миниотураҳои асри миёнагие, ки дар китобҳои ашъори шоирони классик ва дар «Шоҳонома»-ҳо кашида шудаанд, тасвири парчам зиёд ба чашм мерасад. Дар «Шоҳнома» сурати саҳнае аз ҷанги лашкари Кайқубод бо Афросиёб омадааст. Ин ҷо дар болои тоскӯлоҳи сарбозон парчамҳои сегушаи рангашон сурху зард тасвир шудааст.
Таърихи пайдоиши парчам хамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад. Махсусан, дар ҳаёти мардуми Эронзамин пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим ишора мекунад. Масалан, дар заминаи ҷустуҷӯҳо бостоншиносон дар шарқии қадимаи Эрон ливои хурди филизиеро пайдо намуданд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз милод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулӯи офтоб акс ёфтааст, яке аз қадимтарин ливо дар таърихи башарӣ ҳисобида мешавад.
Вобаста ба парчамбардории давлатҳои абарқудрати ниёгони мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд кардаанд: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нерӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад». Чун сухан аз таърихи парчамдории халқи тоҷик оғоз гардад, дар хотираи мардуми тоҷик Коваи оҳангари афсонавӣ пеши назар меояд. Шоҳномаи безаволи Фирдавсӣ, ки намунаи осори барҷастаи ватандӯстию тарғибгари некию мардонагист, аз муборизаи ин қаҳрамони миллии халқи тоҷик ёдовар мегардад. Коваи оҳангар, ки дар қатори мардуми осоишта ба меҳнати ҳалолу покиза сарукор дошт, ба зулму шиканҷа ва бедодӣ тоб наоварда, пешдомани чармини худро дирафш кард ва халқи ситамдидаро ба мубориза даъват намуд. Замоне, ки парчами Кова боло шуд, онро ҳамагон «Дирафши Ковиён» номиданд ва муборизаи онҳо муборизаи озодихоҳӣ буд. Аз он айём сар карда, парчам чун рамзи озодӣ, давлатдорӣ миёни аҷдодони мо қабул ва шоистаи эҳтиром қарор дорад. Бори аввал оид ба дирафш ё парчам дар достони асотирии «Кова ва Заҳҳок»-и «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ёд мешавад.
Рангҳои миллии тоҷикон чун дигар мардуми ориёнажод ва эронитабор сурху сафеду сабз ҳастанд, ки аз гаҳи бостон то кунун замон расидаанд.
Дар он рӯзгор ранги сафед вижаи рӯҳониён, сурх вижаи размиён ва кабуд вижаи мардум (кишоварзон ва чорводорон) будааст. Ду ранг аз он се ранг ҳануз ҳам дар дирафши Эрон ҳастанд: сурху сафед. Аммо ранги севум ба ҷои кабуд сабз гаштааст ва иттифоқан ба кори кишоварзон наздиктар аст.
Дар Эрон пеш аз густариши Ислом табақаҳои суннатии ҷомеа бино бар суннат ҷомаҳое мепӯшиданд ки аз назари ранг бо якдигар мутафовит ва муаррифи шахсияти табақотии соҳиби ҷома буданд.
Ҷанговарон ё артишторон ҷомае мепӯшиданд, арғувонӣ дар таркиби он саҳми бисёр дошт ва мазҳарии осмонии онҳо Вой буд.
Востриюшон ки дар давраи Сосониён бештар деҳқонони содаи рустоҳоро бад-он ном мехонданд, ҷомаи нилӣ ё кабуд мепӯшиданд ва мазҳари осмонии онҳо Сипеҳр буд. Ҷомаи нилиранги деҳқонон то чанд даҳа пеш дар Эрон ҳануз ривоҷ дошт.
Дар адабиёти паҳлавӣ Ҳурмузд ба маънии фазо,- эзиди ҷанг) ҷомаи арғувонии артишторон ва Сипеҳр ҷомаи нилии кишоварзонро бар тан доранд ва ҳар як муаррифи минуи яке аз табақаҳои сегонаи ҷомеа ҳастанд.
"Ранги сурх-рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад"
Тоҷикон дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд бо хусусусиятҳои хоси давлатдории худ фарқ мекарданд ва дар таърих аз худ хати равшанеро дар самти рамзҳои давлату давлатдорӣ гузоштаанд.Лоиқ ба таъкид аст, ки мардуми тоҷик нисбат ба парчам эҳтироми самимӣ ва эътиқоди хоса дорад. Вобаста ба ҳукумронии сулолаҳо аз замони қадим то имрӯз парчамдории тоҷиконро чунин шарҳ додан мумкин аст:
-Дирафши ковиёнӣ
-Штандарти империяи Ҳахоманишӣ
-Дирафши давлати Ашкониён
-дирафши давлати Сосониён
-Дирафши давлати Сомониён
-Дирафши суслолаи Ғӯриён
-Парчами Аморати Бухоро
-Байрақи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
-Байрақи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
-Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳанӯз дар китоби “Авесто” аз номи Аҳуромаздо чунин омадааст,ки : “Чаҳорумин кишвари неке, ки ман- Аҳуромаздо офаридам Баҳдии зебои афроштадирафш буд.”Аҷдоди шарафманди мо на танҳо империяҳои абарқудратро ба монанди Ҳахоманишиёну Ашкониён ва Сосониёну Сомониён таъсис додаанд, балки яке аз давлатҳоие мебошанд,ки соҳибпарчам буданд.Хушбахтона аз рӯи расм ва минётураҳои бостонӣ баъзе шаклу сохти парчамҳо барқарор гардидаанд,ки дар ҳақиқат як ҷузъи ойини давлатдории тоҷикон ва шоҳиди равшани арҷ гузоштани аҷдоди мо ба ҳамаи парчамҳои гузаштагони худ мебошад.
Парчами Хонигарии Бухоро, дертар Аморати Бухоро (то 1-уми сентябри соли 1920), баъдан Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро (аз 23-юми сентябри соли 1921 то 14-уми августи соли 1923 ва аз 11-уми октябри соли 1923 то 19-уми сентябри соли 1924) ҳар кадоме бо таҳрирҳои нав, ки рамзи асосиашон ҳилол ва ситора буд ва алифбои форсӣ (ب خ ش ج), яъне Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро навишта шуда буд, пайиҳам рӯйи кор омаданд.
Баъд аз он парчамҳои Тоҷикистон бо тақозои талабот ва сиёсати вақт давра ба давра иваз шудан гирифтанд, ки аслан аз парчами ИҶШС (СССР) гирифта шуда буданд, ки чунин шакл доштанд:
Парчам дар солҳои 1929 - 1931. Тоҷикистон 14-уми октябри соли 1924 чун Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ дар таркиби ҶШС Ӯзбекистон бунёд шуд ва 16-уми октябри соли 1929 ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ва ба таркиби ИҶШС дохил шуд. Ин парчам 23-юми феврали 1929 пазируфта шудааст.
Бо ҷумҳурии иттиҳодӣ шудани Тоҷикистон ва пазириши Қонуни асосии нав парчами он низ дигар шуд ва ин дирафшро 25-уми феврали соли 1931 сохтаанд.
4-уми июли соли 1935 парчам дигаргун шуд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам ба забони русӣ навишта шуд.
Парчам дар солҳои 1940 - 1946. Соли 1928 алифбои тоҷикиро аз форсӣ ба лотинӣ табдил доданд. Ин дигаргунӣ дар парчам низ кора кард. Дар он рӯзгор номи ҷумҳуриро дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии лотинӣ (RSS Tojikiston) ва русӣ (Таджикская ССР) менавиштанд ва дар болои он нишонаи заррини “досу путк”-ро менигоштанд.
Парчам дар солҳои 1946 - 1953. Соли 1940 алифбо аз лотинӣ ба кириллии русӣ табдил дода шуд ва парчам низ дигаргун шуд. Ранги он сурх монд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии кириллии тоҷикӣ (РСС Тоҷикистон) ва кириллии русӣ (Таджикская ССР) навишта шуд. Дар болои номи ҷумҳурӣ нишонаи заррини “досу путк” нигошта шуд.
Парчами ҶШС Тоҷикистон аз 20-уми марти соли 1953 то 9-уми сентябри соли 1991.
Парчами ҶШС Тоҷикистон порчаи сурхе буд ба андозаи 1:2, ки ду рахи сафед ва сабз дошт. Рахи сафед ду баробар паҳнтар аз рахи сабз буд. Ранги сафед рамзи пахтакорӣ, бунёди санъатии кишвар ва ранги сабз намояндаи дигар маҳсулоти кишоварзӣ буд.
Парчами Тоҷикистон дар солҳои 1991 - 1992. То пазириши парчами кунунӣ, Тоҷикистон парчами пешинаи шӯравиашро, бо андак дигаргунӣ, бе ситораи панҷгӯша ва нишонаи коммунистии “досу путк” ба кор мебурд. Рангҳои парчам ба андозаи зерин буданд: 1:2 сурх, 1:5 сафед, 1:10 сабз, 1:5 сурх
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчам аз 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донистаанд.
То санаи кабули нишон ва парчами давлати чанд мох кабл озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пушида чараён меёфт . Дар озмун зиёда аз 200 лоиха пешкаш карда шуд, ки хар як лоихаро комиссияи махсус тахти рохбарии академик Мухамммад Осими мавриди омузиш ва хулосабарори карор медод.Ҳамаи барандагони озмуни беҳтарин парчами милли матои серангаро (матоъ бо се тасмаи рангаро) пешниход намуданд, ки хар як ранг ифодакунандаи мухтавои таърихи гузашта ва имрузаи халки точик буд. Яъне ранги сурх – озоди, сафед – ороми, сабз – ободии давлат ва миллатро бозгӯ мекард.
Оиди интихоби лоиҳаи парчам ва нишон комиссияи давлатие, ки аз чониби Хабибуллаев З, Заневский А., Додхудоева Л, Игнатушина Н ва Сайдалиев М пешниход шуда буд, нукта гузошт. Авҷ гирифтани ҷанги шаҳрванди ба тахия ва кабули рамзхои нави давлати монеа эчод кард ва танхо санаи 24 ноябри соли 1992 дар Касри Арбоб дар Ичлосияи XVI – уми Шурои Олии Чумхурии Точикистон Нишон ва Парчами нави давлати кабул гардид. Дар Ичлосия “Карор оид ба Парчами Чумхурии Точикистон» ва “Карор оид ба Нишони Чумхурии Точикистон» кабул гардид, ки дар асоси он ба моддаи 169 ва170 Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд.Мувофики он «Парчами давлатии Ҷумхурии Точикистон рамзи Истиклолияти давлати иттифоки вайроннашавандаи коргарон, дехконон ва зиёиён, дусти ва бародарии хамаи халкхои маскуни чумхури мебошад».
Ба ин чихат бояд арч гузошт, ки бори аввал дар тули зиёда аз 70 соли мавчудияти Точикистон хамчун ҷумхурӣ, бори аввал парчами ин кишвар хамчун рамзи истиклолияти давлати тавзеҳ дода мешавад ва ё аввалин маротиба калимаи «ИСТИКЛОЛИЯТ» дар тафсир ва ё шарҳи парчам ворид шуд. То ин дам парчамҳои қаблӣ танхо рамзи фарққунадагии давлатиро иҷро мекарданд, ки Тоҷикистонро ҳамчун ҷумхурии тобеъ аз 14 ҷумҳурии дигар Иттифоқ дар фарқият қарор медод. Парчами нав бошад, акнун Тоҷикистонро на чун давлати тобеъ, балки хамчун ҷумҳурии мустақил миёни зиёда аз 200 давлати дунё дар тафовут мебахшид.
Бо парчами нави давлати орзухои нав ва интизорихои халки тоҷик ба вучуд омад. Мутаасифона ҷанги шахрвандӣ интизорихои точикистониёнро як муддат зери шубҳа бурд, аммо он дурурдароз давом накард ва баъди истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ умеди мардум ба давлат ва эътиқоди онхо ба ояндаи созанда дучанд эхё шуд.
Бояд зикр намуд, ки «Дирафши Ковиён» то замони мо аҳамияти таърихии худро хифз карда омадааст ва он дар маркази Ливои Президенти Чумхурии Точикистон дарч ёфтааст, ки рамзи абадӣ, бардавомии таърихии давлатдории миллии тоҷикон мебошад.
Аз ин рӯ, бузургдошти Парчами давлати - арҷгузори ба тачрибаи давлатдории гузуштагони форсу точик махсуб ёфта, химоя ва кадрдонии он ба кушишхои хар як фарди чомеа тавъам мебошад
Дар аввали моҳи сентябри соли 2011, Тоҷикистон саҳми худро дар китоби рекордҳои Гиннес гузошт. Дар як маросим дар Душанбе бахшида ба 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, парчами миллӣ дар баландтарин пояи милаи парчами олам 165 метр баланд бардошта шуд (рекорди қаблӣ бо баландии 162 метр ба Озарбойҷон тааллуқ дошт). Парчам аз 60 то 30 метр ва вазнаш на камтар аз 700 килограмм аст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рўзи 24 ноябрро «Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуданд.
Яке аз рукнҳои муҳими истиқлоли мо - қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки соли 1994 амалӣ гардид. Тибқи ҳамин Конститутсия, ки муҳимтарин санади танзими рӯзгори мо ба ҳисоб меравад, се унсури асосии муқаддасоти миллӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ муайян шуданд. Инҳо аломатҳои асосии истиқлол ва рамзҳои ҳастии миллат ба шумор мераванд. Дар байни ин се унсур - Парчами миллӣ аз нигоҳи таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллат аҳамияти хоса дорад.
Ҳанӯз 12-уми ноябри соли 1991 Президуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти эъломияи истиқлолияти давлатӣ озмун барои беҳтарин матну оҳанги Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ қарор қабул намуда, низомномаро дар бораи Нишон ва Парчам эълон намуд.Бо назардошти талаботи озмун комиссияи босалоҳият ва ҳайати доварон аз 20 нафар таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он рассомон, наққошон, олимон, аз ҷумла академикҳо Муҳаммад Осимӣ, Раҳим Масов ва Фозил Тоҳиров шомил гардида буданд. Дар натиҷа, ба кори комиссия зиёда аз 200 адад тарҳи Нишону Парчам пешниҳод гардид. Аз ин ҳама пешниҳодҳо тарҳи Нишон ва Парчаме ҷои аввалро соҳиб гардид, ки сарварии гурӯҳи кории онро рассом Зуҳур Ҳабибуллоев ба ӯҳда дошта, муаллифи бевоситаи Парчам Маҳмадулло Сайдалиев гардид.
Дар атрофи рангҳои Парчам, тоҷу ҳафт ситораи он дар ҷараёни кори Иҷлосияи 16-ум баҳсҳои тӯлонӣ ба миён омада бошанд ҳам, Парчами миллӣ дар шакли имрӯзи он аз се ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора қабул гардид, ки ҳар ранг ва акси тоҷу ҳафт ситора ба худ хос моҳияти таърихӣ ва аҳамияти сиёсиро дороанд.
Парчами ҳозираи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол аст ва мову Шумо хуб медонем, ки эҳёи дубораи миллати арҷманди тоҷик маҳз аз замони истиқлол шурӯъ шуд. Истиқлолият зиндагии моро шукӯҳу таровати тоза бахшид ва арзишҳои миллии моро низ дигар кард. Паёмбари акрам саллалоҳу алайҳи ва саллам мефармояд, ки “дӯст доштани Ватан аз имон аст”. Ҳар касе ки соҳиби имони комилу садоқати холис бошад, Ватани худро дӯст медораду барои ободӣ ва хуррамии он саъю талош мекунад.
Мурод аз ин нуқтаҳо дар он аст, бояд вазифаи мо насли имрӯзаи миллат, барои дар рӯҳияи эҳтиром доштану рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба онҳо, тарбия намудани ҷавонону наврасони миллатамон бошад. Ҳамин тавр, донистани қадри муқаддасоти миллӣ, аз қабили Парчами миллии Тоҷикистон маънои донистани қадри Ватан ва арзишҳои онро дорад. Буду набуди ватан, эътибору шаъну шарафи онро маҳз ҳамин рамзҳо ифода мекунанд. Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад. Зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар доимо пойбарҷо бошад ва бояд ҷаҳду талош кунад, ки ба қадри неъматҳои ин ватан бирасад ва барои ободии он заҳмати худро дареғ надорад.