Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Парчами давлатӣ- рамзи шарафу озодӣ

Парчами давлатӣ- рамзи шарафу озодӣ

25-11-2021, 08:55
Хабарро хонданд: 241 нафар
Назарҳо: 0
Парчами давлатӣ- рамзи шарафу озодӣ

Дар доираи маросимҳои тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар чорабинии идона баргузор гардид. Дар Чорабинии мазкур роҳбарону фаъолони КИ ҲХДТ, адибону зиёиён, меҳтарони ҷангу меҳнат ва намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоятро донишҷӯёни парчамбардори коллеҷи мазкур бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифтанд.
Нахуст меҳмонону иштирокчиён аз намоиши озмуни “Расми беҳтарин” дидан намуда, истеъдодҳои ҷавононро ҷиҳати рушду сайқал додани истеъдоди хеш ва муаррифӣ намудани маҳсули эҷодиашон тавассути расонаҳои иттилоотӣ тав-сияҳои судманд доданд.
Маросими расмии бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Қиёмиддин Миралиён Абдусалимзода, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ифтитоҳ бахшида, оид ба ин санаи муҳими таърихӣ ва моҳияти дар сатҳи баланди маърифатӣ ҷашн гирифтани он чунин иброз дошт:
– Чун дилхоҳ давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон – Ватани маҳбубамон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ соҳиби Парчами давлатӣ гардид, ки он яке аз рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ арзёбӣ мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз баромадҳои хеш ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, гуфта буданд: “Оини бостонии парчамдорӣ – аз дирафши ковиёнӣ то парчами имрӯзаи давлатӣ – дар тӯли таърихи дуру дарози тоҷикон имкон фароҳам овард, ки миллати сарбаланди мо таҳти ин рамзи ватандорӣ дар муқобили ҳама гуна таҳдидҳо истодагарӣ карда, мероси ғании ниёгон, арзишҳои бостонии миллӣ ва дар маҷмӯъ ҳастии миллати худро ҳифз намояд”.

Парчами давлатӣ- рамзи шарафу озодӣ
Дар воқеъ, сулолаҳои қадимаи тоҷикон ба монанди Каёниён, Ҳахоманишиён, Ашкониён, Сосониён ва Сомониён дар баробари дигар расмиёт, инчунин дорои рамзҳои хоси давлатдории худ низ буданд ва онҳоро пос медоштанд. Дар гузашта яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ, ин соҳиби парчами худ будан ба шумор мерафт. Аз сарчашмаҳои таърихӣ ва осори адабии гузаштагонамон маълум мегардад, ки парчами давлатдории сулолаҳои аҷдодӣ бо номи “Дирафши Ковиён” машҳур будааст, ки он аз муҳорибаи озодихоҳонаи Коваи оҳангар ба муқобили Заҳҳоки Морон, ки рамзи зулму ситам ва бедодгарӣ буд, маншаъ гирифтааст. Дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дар “Достони Заҳҳок бо Коваи оҳангар” омадааст, ки: чун Коваи оҳангар аз ноҳақиҳои зиёди шоҳи золим – Заҳҳоки Морон ба дод омада, бо хашму ғазаб аз назди ӯ берун мешавад ва пешдомани чармини худро бар сари найзае печонда баланд мекунад ва мардумро ба муқобили зулму бедодгарии Заҳҳок ба по мехезонад.
Ин қисса ифодагари он аст, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём мардуми шуҷоъ, боғайрат, нотарс, ҷасур ва ватандӯсту тамаддунофар буда, доимо дар роҳи ҳифзи марзу бум, шаъну шараф ва фарҳангу ҳастии худ мубориза бурда, ҳамчун халқи мубориз шинохта шудааст. Парчам бошад, дар иҷрои ин рисолати ирсӣ нишони ифтихормандӣ ва манбаи ҳавасмандгардонӣ буда, ба бедор кардани нангу номус ва баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ нақш дорад.
Парчам барои шаҳрвандони ҳар як давлати соҳибистиқлол мояи ифтихору сарфарозӣ буда, ифодагари ҳимояи марзу бум, забону фарҳанг, Ватану миллат ва нангу номуси фарзандони асили он низ мебошад. Аз ин рӯ, соҳиби парчами миллӣ ва ё давлатӣ будан, ин худ рамзи мустақилияту соҳибихтиёрии давлат буда, парафшонии он дар ҳар гӯшаву канори олам аз мавҷудияти ҳамон давлату миллат башорат медиҳад. Барафротани парчами миллӣ таҷассумгари симои сиёсии ҳар як давлати соҳибистиқлол дар миқёси ҷаҳон мебошад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ пас аз як соли ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ қабул шуд ва баъдан соли 2009 дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 24-уми ноябр дар ҷумҳурӣ “Рӯзи Парчами давлатӣ” эълон гардид. Инак, 13 сол мешавад, ки шаҳрвандони ҷумҳуриамон ин рӯзи таърихиро ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.
Мардуми шарифи кишвар ифтихор аз он дорад, ки соли 2011 бо ташаббуси Президенти мамлакат ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе манораи бузурги парчами давлатӣ бунёд гардид, ки баландиаш 165 метр, паҳноияш 30 метр ва дарозиаш 60 метр буда, ба китоби рекордҳои Гиннес шомил шудааст. Дар пайравӣ ба ин иқдоми нек ва дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳудудан дар маркази ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ, манораи парчами давлатӣ бунёд гардиданд, ки ба ҳусни ин шаҳру ноҳияҳо ҳусни хоссае зам мекунад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар тамоми корхонаву муассисаҳо парчамҳоро баланд афрохта, чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ баргузор менамоянд ва хурду бузург аз парфишонии парчами миллӣ ба ояндаи дурахшони ин миллату ин давлат бо назари ихлос менигаранд.
Мо – аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти шиори бунёдкориву созандагӣ, бо муҳаббату эҳтироми зиёд нисбат ба Ватану муқаддасоти он ҳамеша талош меварзем, ки дар таҳкими давлату давлатдорӣ, Истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он саҳмгузор бошем ва аҳли кишварро низ барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумат ҳидоят намоем. Имрӯз ҳар як шаҳрванд, бахусус аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро зарур аст, ки бо Ватан, миллат ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллии хеш ифтихор намояд ва онҳоро чун гавҳараки чашм аз ҳар гуна нуқсонҳо эмин нигаҳ дорад.
Зимнан, тамоми ҳизбиён ва аҳли кишварро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯем ва орзуманди онем, ки Парчами миллии мо ҳамеша сар ба фалак, пойдору парфишон бошад ва халқи куҳанбунёду тамаддунофарамон низ дар араси ҷаҳонӣ ҳамеша обрӯманду сарбаланд бимонад.
Дар чорабинӣ ҳамчунин раиси собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, собиқадори ҷангу меҳнат Тутихон Назарзода, шоири ватансаро Усмон Билолӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни фаъоли Муассисаи давлатии Коллеҷи тибии шаҳри Бохтар оид ба таърихи парчамдории халқи тоҷик, моҳияти Парчами давлатӣ дар таҳкими ғояҳои давлатдорӣ ва муборизаву ҷонбозиҳои фарзандони шуҷои халқи тоҷик баҳри боло нигоҳ доштани Парчами давлатӣ андешаҳои худро изҳор намуданд.
Зикр гардид, ки ниёгони мо аз аҳди қадим инҷониб, ҳамеша зери Парчами худ саф ороста ватану миллат, забону фарҳанг, шарафу озодӣ ва марзу буми сарзамини аҷдодии хешро ҳимоя кардаанд. Танҳо баъди ҳазорсолаҳои бедавлатӣ дар натиҷаи саъю талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо соҳиби Парчами давлатӣ ва давлати соҳибистиқлол ноил гардидем.
Парчами миллӣ таҷассумгари иқболу сарбаландӣ иттиҳоду соҳибистиқлолӣ, баёнгари ҳуввияти миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватандории мардуми куҳанбунёду фарҳангӣ мақсаду мароми олии миллати моро дар рангҳои худ инъикос менамояд. Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бузург ба амал омада, барои пешрафти соҳаҳои гуногуни мамлакат ва ташаккули афкори мардум шароити мусоид фароҳам овард.
Ин аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун арзиши муқаддас ва рамзи давлатдориву ифтихору озодии мардуми Тоҷикистон барои ҳар фарди ин кишвар азизу муқададс буда, насли ҷавони кишвар бо ҳисси ифтихор аз Парчаму давлати соҳибистиқлол ҳифзи Ватан ва марзу буми онро вазифаи муқаддаси хеш мешуморанд.
Дар идомаи чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони озмуни вилоятии ҳизбии “Расми беҳтарин” муайян гардиданд. Тибқи натиҷагирии ҳакамони озмуни мазкур хонандаи синфи 11-и МТМУ №11 шаҳри Бохтар Мадина Мирзокаримова соҳиби ҷойи аввал, Хонандаи синфи 11-и МТМУ №12 ноҳияи Хуросон Манучеҳри Маҳмадамин ҷойи дуввум ва донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи давлатии Данғара Бурҳон Музаффаров мақоми севвумро соҳиб гардиданд. Ҳамин тавр, ғолибони ҷойи ифтихорӣ ва иштирокчиёни фаъоли озмуни вилоятии “Расми беҳтарин” аз ҷониби роҳбарияти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва меҳмонони расмӣ бо сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Ҷамолиддини УСМОНИЁН,
“Ҳамрози халқ”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: