Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Арҷгузорӣ ба Парчам ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи виҷдонии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст Ноябрь 24, 2021 08:22

Арҷгузорӣ ба Парчам ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи виҷдонии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст Ноябрь 24, 2021 08:22

24-11-2021, 10:38
Хабарро хонданд: 145 нафар
Назарҳо: 0
Арҷгузорӣ ба Парчам ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи виҷдонии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст Ноябрь 24, 2021 08:22
Дар ҷаҳони муосир соҳиби Парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил мебошад. Бинобар ин, дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ арҷгузорӣ ба Парчам ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи виҷдонии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин нуктаро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ иброз доштанд.

-Ба хотири арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ва тақвияти ҳисси милливу ифтихори ватандории сокинони кишвар, пеш аз ҳама, барои наврасону ҷавонон солҳои охир дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин, шаҳраку деҳоти мамлакат даҳҳо майдону гулгашти Парчам бунёд гардида, ҳоло дар онҳо ин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон парафшонӣ мекунад,- баён намуданд Пешвои миллат.

Ёдовар мешавем, ки Парчами давлатӣ 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихӣ ва сарнавиштсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Баъдан, бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 24 ноябри соли 2009 ин сана Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардида, ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ бошукӯҳ таҷлил мешавад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: