Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » “Тоҷикистон ба пеш!"

“Тоҷикистон ба пеш!"

22-11-2021, 09:22
Хабарро хонданд: 584 нафар
Назарҳо: 0
“Тоҷикистон ба пеш!"

Дар толори Қасри фарҳанги ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамоиши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони “Созандагони Ватан” таҳти унвони “ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!” ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доираи васеи ҷавонону наврасон, ғолибони озмунҳои фаннӣ, гирандагони стипендияҳои президентӣ, ноҳиявӣ, варзишгарони номӣ, кормандони ҷавони соҳаҳои саноат, иқтисод ва савдо, кори бонкӣ, маориф, тандурустӣ, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорони ҷавон, сарбозону ҷавонони хизмати ҳарбиро сарбаландона адонамуда, баргузор гардид.

Ҳамоиши ҷавонон бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амирҷон Анварзода оид ба амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон, иқдомҳои ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқӣ – Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули ҳамаҷонибаи ҷавонони саодатманд, дастовардҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеъ баҳри рушду такомули ҷавонон суханронӣ намуда, тамоми аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавононро ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуд.

Сипас, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷавонон, таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб, таъмини суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, муқовимат ва пешгирӣ аз интишори ақидаҳои ифротӣ ва харобкорона, ҷалби ҷавонон ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба таҳсили илм фаро гирифтани наврасону ҷавонон ва даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ки воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад, фикру андешаҳои худро баён намуд.

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода низ аз нақши ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва адабиву фарҳангии кишвар ибрози назар намуда, аз таваҷҷӯҳ ва хизматҳои арзандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар давлатдории миллӣ, қабули қонун ва барномаҳои давлатӣ баҳри рушди бемайлони ҷавонон дар давлати демократӣ, таъмини шароити хуби таълиму тадрис, фароҳамсозии имкониятҳои васеъ баҳри тарбияи зеҳниву ҷисмонӣ, дар ҳама зинаҳои ҳаёти ҷомеа мавқеъгирӣ дар сатҳи байналмилалии ҷавонон дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ ибрози назар намуда, ҷавононе, ки хизматро бо сари баланд адо намуда, бо сару либоси ҳарбӣ бо як ҳисси баланди ватандорӣ ба ҳамоиш ташриф оварданд, изҳори миннатдорӣ намуд. Инчунин, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” –и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Маъруфҷон Акбарзода – оид ба ғамхориҳои Пешвои миллат ва омодагии аъзои Ташкилот дар рушду нумӯи Ватани азиз баромад намуд, Ҳамчунин Хосияти Шаҳобиддин, омӯзгори коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Сорбон Бобоҷонов сарбози қатории қисми низомии 14356 низ бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар бо пуштибонӣ аз сиёсати ҷавонпарваронаи Роҳбари давлат суханронӣ намуда, изҳори сипосмандии хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президент – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд. Баъдан, дар вазъияти тантанавӣ ба 12 нафар хонандагони массисаҳои таълимии ноҳия Идрорпулии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров супорида шуда, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо Сипосномаи Кумиҷроия сарфароз гардиданд.

Инчунин ғолиби озмуни ҷумуҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман ” Гулноза Ғаффорӣ, ки зода ва дастпарвари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад, қадршиносӣ карда шуд.

Дар идома Муроҷиатномаи иштирокчиёни ҳамоиши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти унвони “ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ!” ба самъи ҳозирин расонида шуда, он бо ҳамраъйӣ қабул гардид.

Барномаи фарҳангии омоданамуда, ки меҳри Ватан, ифтихору арҷгузорӣ ва садоқату вафодорӣ нисбати марзу бум, гиромидошти муқаддасоти давлатӣ ва арзишҳои миллиро таҷассум менамуд, ба ҳамоиши шукуҳи тоза бахшид.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: