Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

СУРОҒИ ЁДҲО

10-11-2021, 09:39
Хабарро хонданд: 2162 нафар
Назарҳо: 0
СУРОҒИ ЁДҲО

Як пора ёддошт аз ҷоннисориҳои ватанхоҳонаи собиқ муовини сарвазири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Мунавваршоҳ Назриев.
Ману ту эй чароғ, имшаб ба қасди шаб,
Бисўзему бихандему бимирем,
Бимон ин дилсияҳ бинад, ки мо мардона
мемирем.
Зиндагномаи ин родмарди ватанхоҳ саропо аз самимият ва муҳаббати ватандорӣ буда, ҳамин абёти боло бо забони дард бар гўши ҷони мо аз матонату ҷасорати ватанхоҳонаи ин ҷонфидои роҳи истиқлолияти сисолаи кишвар ҳикоят мекунад. Чароғ, ки рамзи рўшноӣ, бедорӣ ва истиқлолхоҳӣ мебошад, дар муқобили торикӣ ва тирагиву ноумедӣ муқовимат намуда ба хотири рушани фардои дурахшон худро қурбон месозад. Ҳамин фидоии роҳи истиқлолият ба хотири ваҳдату якпорчагӣ ва пояндагии Ҳукумати навтаъсиси мардумӣ, ки охири моҳи ноябри соли 1992 дар қасри таърихии Арбоб, дар Хуҷанди бостонӣ зери роҳбарии райиси тозаинтихоби Шўрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўи кор омада буд, то вопасин нафас ба халқу Ватан ва роҳбари Олии кишвар содиқона хидмат намуда, 22 – октябри соли 1994 ҳангоми сафари хидматӣ дар ноҳияи Ғарм аз ҷониби душманони истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба шаҳодат расид. Фаъолияти ин ҷоннисори меҳан аз соли 1964 оғоз гардида, дар тули биступанҷ соли фаъолияти пурсамараш дар замони Шўравии абарқудрат то ба мақоми Райиси Кумитаи ҳифзи табиати РСС Тоҷикистон расида будааст. Ў аввалин райиси Кумита буда, бо ҷасорат ва матонат дар замони Шўравӣ аз бойигариҳои табиии Тоҷикистони азиз пуштибонӣ намуда, ҳифзи муҳити зисти кишвар ва дурнамои рушди онро қарзи муқаддаси худ шуморида, беҳтарин мутахассисон ва донишмандони ҳифзи муҳити зистро атрофии худ ҷамъ карда буд. Маҳз бо ташаббуси бевоситаи ў аввалин озмоишгоҳҳои биологӣ ва кимёӣ дар кишвар сохта шуда, ин озмоишгоҳҳо мутахассисони варзидаро ҷамъ оварда барномаи дурнамои рушди муҳити зист таъсис дода шуд. То ба мақоми Райиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист омаданаш ў дар мақоми котиби дуюми Ҳ.К вилояти Қурғонтеппа, Райиси Кумитаи иҷроияи вилояти Қурғонтеппа фаъолият намуда миёни мардум соҳиби обрўву эътибори баланд гардида номи некаш ҳамеша вирди забони аҳли заҳмат буд. Дар ҳамин мақоми идории давлатӣ меҳнати софдилонаву ватанхҳонааш аз ҷониби Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон бо орденҳои «Байрақи Сурхи меҳнат», «Нишони фахрӣ» ва Ифтихорномаву ду медали пурэътибори меҳнатӣ сарфароз гардонида шуда буд. Ў ки дастпарвари мактаби Олии Ҳизби Комунистии Иттиҳоди Шўравӣ дар шаҳри Тошканд буд, мактаби бузурги роҳбариро гузашта, дар мақомҳои баланди роҳбарии ҳизбӣ соҳиби эътибори хеле баланде будааст. Яке аз арбобҳои шинохта – котиби авали Ҳизби Комунистии вилояти Қурғонтеппа шодравон Иззатулло Ҳалимов, ки миёни роҳбарияти Олии Тоҷикистони Шўравӣ хеле соҳибэътибор буд дар мавриди ин арбоби шинохтаи давлатӣ, чунин гцфта буд: «Ман бо Мунавваршоҳ Назриев солҳои дароз ошноӣ доштам. Бо амри тақдир дар вилояти Қурғонтеппа ҳамҷоя кор кардем. Ў аз мақоми роҳбарии ҳизбӣ, ки тамоми соҳаи сохтмон ва роҳҳову пулҳоро назорат мекард, ба мақоми Райиси Кумитаи иҷроия омада болои ин ҳама соҳаи обёрии заминҳои ташналаби «Бешкент» низ бар души ў вогузошта шуд. Ин кори басо сангин, ки дар нақшаи панҷсолаи меҳнатии Ҳукумати РСС Тоҷикистон яке аз нақшаҳои муҳими дурнамои рушди соҳаи агросаноатии вилояти Қурғонтеппа ба шумор мерафт ўро хеле серташвиш намуда шабу рўз дар ҷабҳаи меҳнат буд. Бо ибтикори ин ҷавони серғайрат ва меҳнатдўсту ватанхоҳ садҳо гектар заминҳои ташналаб сероб гардида чандин пулҳои пуриқтидор болои наҳру заҳбурҳо сохта шуд. Киштзорҳои пахтаи маҳинах дар вилояти Қурғонтеппа бо ташаббуси бевоситаи ў зиёд гардида, мардум соҳиби нон ва ному эътибори баланди меҳнатӣ шуданд. Котиби аввали Кумитаи Ҳизби Комунистии Тоҷикистон Раҳмон Набиев ба хотири меҳнати ҳалол ва ватандўстиву ватанхоҳиаш ўро хеле эҳтиром дошт. Дар яке аз маҷлисҳои сайёри Ҳукумати кишвар дар шаҳри Қурғонтеппа котиби аввали Ҳизби Комунистии Тоҷикистони Шўравӣ Раҳмон Набиев бо эҳтироми зиёд дар бораи Мунавваршоҳ Назриев гуфта буд: «Агар ҳамаи роҳбарҳо мисли Мунавваршоҳ Назриев софдилона ва ватандўстона барои халқ ва кишвари худ меҳнат мекарданд кишвари мо гул-гул шукуфта рўзгори мардумамон хеле беҳтар мегардид». Ин баҳои роҳбари Олии кишвар гувоҳи поктинатӣ ва меҳнатдўстиву ватанхоҳии ў буда, ҳамагон дар симои ў роҳбари пурэътибори баору номуси Ватанро медиданд».
Ҳамин ватанхоҳӣ ва покдиливу меҳнатдўстиаш буд, ки ҳангоми Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Тоҷикистон соли 1992 дар қасри Арбоби Хўҷанди бостон ўро ба мақоми муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд. Ў бо арҷу эҳтиром ва сипоси бепоён омодаи хидмат ба халқу Ватан буд. Дар ҳамон шабу рўзи тақдирсоз аз сиёсати ватанхҳонаи Райиси тозаинтихоби Шўрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, яке аз мубаллиғони ин сиёсат дар ҳама маъракаҳои пешазинтихоботии Президенти кишвар буд. Вилояти Қурғонтеппа, ки бо фитна ва дасисаи чанд бебасар ба майдони ҳарб ва ниқору кинаи қавмӣ гирифтор шуда буд, интизори дасту бозўи тавонои роҳбарее буданд, ки бо муҳаббату самимияти ватанхоҳона ин парокандагиро ҷамъ оварду сулҳу осоиштагии мардумро пойдор созад.
Ҳамин хиради азалии Райиси тозаинтихоби Шўрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки оташи кинаву адоватро хомўш намояду аз миёни мардум пурэътибортарин фарзандони фарзонаи миллатро атрофии худ ҷамъ созад. Интихоби содиқтарин фарзандони миллат ба мақомҳои роҳбарии шаҳру навоҳии кишвар дар он шабу рўз аз роҳбарияти Олии кишвар зиракии сиёсӣ ва хираду заковати баландро тақозо дошт.
Рақибони нокомгашта ва фитнабози сиёсати сулҳпарваронаи Райиси ҷавони тозаинтихоби Шўрои Олии Тоҷикистон бо ҳар роҳу восита миёни мардум фитна ангехта мардумро гумроҳ намуда, сиёсати фитнаангезашонро миёни мардум паҳн менамуданд. Дарки баланди масъулият ва номусу шарафи ватандорӣ Райиси тозаинтихоби Шўрои Олии Тоҷикистонро лаҳзае ором намегузошт. Ҷамъ кардани як гурўҳи пурмасъули ватанхоҳ коре буд басо сангин. Мухолифи сиёсати сулҳхҳонаи Райиси Шўрои Олии кишвар, ки худро намояндаи як гурўҳи қавмии этникии Тоҷикистон ном мебурданд, аз расонаҳои иғвоангези хориҷӣ фаъолияти Ҳукуматро зери тозиёнаи танқид қарор дода, аъзои Ҳукуматро таҳдид менамуданд. Мунавваршоҳ Назриев, ки дар водии Қаротегин ва миёни мардуми қаротегинии вилояти Қурғонтеппа хеле арҷу эҳтиром дошт тавонист, ки сиёсати сулҳхоҳона ва ваҳдатофарии Райиси Шўрои Олии вақтро миёни ин мардум пуштибонии ҳамаҷониба намояд. Шояд ҳамин буда бошад, ки намояндагони мурдумии Порлумони соли 1990 ба Мунавваршоҳ Назриев хеле арҷу эҳтиром доштанд. Ўро ҳамчун роҳбари соҳибарҷу эҳтиром ва ватанхоҳу ободкор мешинохтанд. Мардуми меҳнатдўсти вилояти Қурғонтеппа зери роҳбарии ў хеле аҳлона хидмат намуда, ўро марҳами дардҳо ва мушкилкушои мардум ном мебурданд. Солҳои 1983-1988, ки дар мақоми Райиси Кумитаи иҷроияи вилояти Қурғонтеппа фаъолият менамуд бо хирадмандиву дардошноияш миёни мардуми ин минтақа соҳиби арҷу эҳтироми хеле баланд буда, роҳбарияти Олии Ҳукумати РСС Тоҷикистон фаъолияти кориашро борҳо бо мукофотҳои меҳнатӣ қадрдонӣ намудаанд. Воқеият он аст, ки ў содиқтарин фарзанди фарзонаи миллат ва сазовортарин узви пайкараи Ҳукумати тозабунёди дар қасри Арбоби Хўҷанди бостон рўи кор омада буд.
Воқеияти дигар он аст, ки ў дар мақоми муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамон шабу рўзи тақдирсози миллат аз сиёсати ватансозиву сулҳпарваронаи Райиси тозаинтихоби Шўрои Олии ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонии ҳамаҷониба намуда дар ин роҳ худро қурбони амнияту осудагии кишвар намуд. Ва ҳамин фарзонафарзанди миллат аввалин қурбонии Ҳукумат ва роҳбарияти Олии кишвар зери роҳбарии Райиси тозаинтихоби Шўрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.
Яъне дар баҳои ҷони ҷавони хеш аз сиёсати сулҳпарварнаву кишварсозии ин абармарди таърихи навини кишвар пуштибонӣ намуда, садоқаташро ба Ватан ва роҳбари тозаинтихоби он дар амал нишон дод. Ин қурбонӣ вуҷуди роҳбарияти пуштипардагии мухолифини оштинопазири Ҳукумати вақтро ба ларза андохта ҳушдоре буд ба онҳо, ки ин Ҳукумат мансубияти қавмӣ ва гурўҳӣ надошта саропо мардумӣ мебошад.
Мунавваршоҳ Назриев аз он сарсупурдагони миллат мебошад, ки бе ҳеҷ мансубияти миллӣ, қавмӣ, гурўҳӣ, мазҳабӣ ва динӣ аз сиёсати сулҳхоҳонаи Райиси Шўрои Олии кишвар, номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонии ҳамаҷониба намуда мардуми ба доми фиреб ва фитнаи ошубгарон уфтодаро мефаҳмонид, ки атрофии Ҳукумат муттаҳид гашта, дар роҳи Сулҳу якпорчагии миллат саҳмгузор бошанд. Хамин орзўву ормонҳои ин фарзонафарзанди миллат, баъди ду соли даргузашти ў бо ибтикору талош ва ҷоннисориҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти мардумии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пўшид. Ҳеҷ нерўи аҳриманӣ ба ҳама фишору таҳдид ва зўровараш натавонист, ки роҳи Сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва якпорчагиву истиқлолхоҳии Пешворо бубандад. Инак он ниҳоли сарсабзи сулҳу оштӣ, ки дар баҳои ҷони садҳо ҷавонмардони ватанхоҳе чун Мунавваршоҳ Назриев бо ранҷу заҳматҳои зиёди Пешвои муаззами миллат парварда шуд ба дарахти ҳамешабаҳори баркамоли наздик ба чоряк асра расида, аз меваҳои шаҳдбораш мардуми саросари кишвар коми худ ширин намуда бо кафи пур аз дуо, дуои ҷони Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти мардумии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хонадони покмаҳзари ў менамоянд. Хеле бомаврид мебуд агар дар остонаи ҷашни чорякасраи Имзои созишномаи Сулҳу истиқрори Миллӣ ва садсолагии пойтахти азизамон шаҳри ҳамешабаҳори Душанбеи азиз бо дастгирии бевоситаи шаҳрдори ҷавони соҳибарҷу эҳтиром ва хушбину зебоиофари ҳампои Душанбеи дўстдоштанӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар боғи сисолагии Истиқлолияти давлатӣ лавҳи ёдгории Мунавваршоҳ Назриев гузошта шуда, хотири неки ўро шод намоем. Ва дар ҳошияи ибтикорҳои созандаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рашт хиёбони хушманзару хуштарҳи замонавиеро ба номи ў номгузорӣ менамуданд. То ояндагон аз корномаи ватанхоҳии ин шаҳиди роҳи истиқлолияти кишвар огоҳӣ пайдо намоянду чун ў ҷоннисори Ватан ва ормонҳои миллат бошанд.

Ҷумъахони Темурзода

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: