Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

СОҲИЛИ ЁДҲО

27-07-2021, 16:29
Хабарро хонданд: 294 нафар
Назарҳо: 0
 СОҲИЛИ ЁДҲО
сухане чанд аз рўзгори пур аз панди собиқ котиби дуюми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон Тоҷиддин Исоев

Ҳар ки чун хуршед месўзад агар пас аз ғурўб,
Мекунад аз осмони ёдҳо аз нав тулўъ.

Номи пурифтихори хонадони Исо Каромов оғози садаи бистум, аниқтараш солҳои 1910-1914 миёни мардуми водии Қаротегин хеле овозадор буд. Меҳнатдустӣ, ватанхоҳии ин хонадон ифтихори ҳама хешу табор ва қавму сокинони зиёди ин воҳа гардида, овозаи нондориву номдориашон сароғози ҳама гуишҳои мардум будааст. Аввалин муҳоҷирати меҳнатӣ ба корхонаву коргоҳҳои вилоятҳои Намангон, Фарғона, Тошканд, ва Қаракалпоқистони Ўзбекистони ҳамсоя аз ҳамин хонадон оғоз гардидааст. Бобои Исо ва бародараш Бадриддин бо ҳалолкорӣ миёни мардум соҳиби эътибори баланд гардида гуруҳҳои мардикориро аз Қаротегин ба корхонаҳои саноатии Намангон, Фарғона ва Тошканд ҳаминҳо ворид намудаанд, ки баъди ин ҳама рўзгори мардум беҳ гардида заминҳои бекорхобидаи ин воҳаи кўҳистон аввалин ҳосилро ба мардум доданд. Рафтуомад ба он марказҳои саноатии Осиёи Миёна чашми мардумро боз намуда хабарҳои тозаи Руссияи подшоҳиро, ки дар саросари ин корхонаҳо паҳн гардида буд, ҳамин муҳоҷирини меҳнатӣ ба Қаротегин оварда, ин бедории фитрии мардуми коргар хоби бисёре аз амлокдорони сохти кўҳнаро нороҳат намуда буд. Охири соли 1917 ғалабаи Инқилоби Кабири Октябр дар тамоми қаламрави Осиёи Миёна паҳн гардид. Ҳама мардуми мардикор, ки луқмаи ҳалоли хешро бо заҳмати зиёд аз ин корхонаҳо ба даст меоварданд аз муждаҳои нави Инқилоби Октябр ва сохти нави сотсиалистӣ бохабар гардида раъиятпарвариву мардумсолории сохтори нави сотсиалистиро бо ҷону дил дастгирӣ намуданд. Мардуми аз зулму истибдоди амлокдорони замон ба шўр омада бо гурўҳҳои бедори ҷамъият пайваста шарораи Инқилоби Бузурги Октябрро соли 1920 ба Қаротегин оварданд. Тоҷиддини ҷавон, ки он замон ҳамагӣ шонздаҳ сол дошт бо ин ҳаракатҳои бедорӣ пайваст.
Ниҳоят охири соли 1920 ва оғози 1921 Инқилоби Бузурги Октябр дар ин воҳаи файзрезу фазхез парчамашро баланд афрохта, дари маърифатро ба рўи мардум боз намуд. Тоҷиддин, ҷавони ҳабдаҳсола, аввалиншуда ба сафи Иттиҳодияи синфии Ҳизби коммунист шомил гардида, садҳо ҷавонони бедордили ин воҳаро атрофи худ ҷамъ овард. Бо ибтикори ў аз соли 1918 то соли 1923 садҳо ҷавонони боғайрату ватанхоҳи ин воҳаи меҳнатқарин ба корхонаҳои саноатии Тошканд, Фарғона ва Намангон сафар намуда, соҳиби рузии фаровон гардиданд. Соли 1924 то соли 1926 бо ташабуси Тоҷиддини ҷавон як гурўҳи дусаднафараи ҷавонони тоҷик шомили бригадаи роҳсозон гардида, дар сохтмони роҳи оҳани Тирмиз - Душанбе саҳми арзандаи хешро гузоштанд. Маҳз ҳамин роҳ ҳамин меҳандўстиву ватанхоҳӣ ва маърифатпаноҳии Тоҷиддин Исоев ўро бо Ширинмоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсумов наздик намуд. Ширинмоҳ Шоҳтемур дар симои Тоҷиддини ҷавон матонату қаҳрамонӣ ва ҷасорату меҳнатдўстиро пай бурда, ўро назди худ хонд. Ва бо Нусратулло Махсумов дар бораи қадрдонӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи ин ҷавони соҳибистеъдод маслиҳатҳои корӣ намуданд. Баъди сохта, ба истифода додани роҳи оҳани термиз – Душанбе соли 1929 аввалин қатора ба Душанбе омад. Раиси КИМ ҶМШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум дар ҳамин қатора ба Душанбе омада, аз номи КИМ Иттиҳоди Шўравӣ мардуми тоҷикро табрик намуда, Тоҷиддин Исоеви ҷавонро барои саҳми арзандааш дар сохтмонии ин роҳ бо ордени Ситораи Сурхи Меҳнат сарфароз гардонд. Қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва садоқату ватанхоҳии ўро ба назар гирифта, соли 1930 ўро ба мақоми раиси Иттифоқи колхозҳои водии Ғарм таъйин намуданд. Дар ин мақоми пурифтихори роҳбарии сохтори нав ў то соли 1932 фаъолият намуда, худи ҳамон сол ўро ба курсҳои роҳбарии мақомоти КМ ВКБ (б) мефиристанд. Курси кўтоҳмуддати роҳбарии ҳизбиро ў бо дониши баланд ва ахлоқи намунавии ҷамъиятӣ ба итмом расонда, бо мақоми раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Ғарм таъйин мегардад. Дар ин мақоми олии роҳбарӣ ў бо муваффақиятҳои зиёд ноил гардида, бо тавсияи КНМ ўро барои таҳсил дар курсҳои олии ҲК (б) ба Мактаби олии ҲКНШ ба шаҳри Ленинград мефиристанд. Ин мақоми олии ҳизбиву сиёсии Иттиҳоди Шўравиро бо муваффақият ба итмом расонда, бо роҳхати КНМҲКИШ ба Бюрои сиёсии ҳизбии Осиёи Миёна фиристода мешавад. Баъди як соли фаъолияти сиёсӣ, ўро барои таҳсил ба Мактаби олии коммунистии кишоварзӣ ба шаҳри Сталинобод мефиристанд. Ҳангоми таҳсил дар курси аввали ин даргоҳи пурифтихори роҳбарии ҳизбӣ ўро ба сифати мудири шўъбаи ҲК (б) шаҳри Сталинобод таъйин менамоянд. Соли 1936 бо тавсияи КМҲК (б) Тоҷикистон ўро ба сифати котиби якуми ҳизби коммунистии яке аз ноҳияҳои кўҳистони Хатлон ноҳияи Даштиҷум мефиристанд. Ў, ки таҷрибаи хеле калони кори роҳбарӣ ва шахсияти шинохтаи соҳибарҷу эҳтиром буд, зуд дар ин минтақаи куҳистон сохиби эҳтироми зиёд гардид. Мардум дар симои ў фарзанди содиқи Ватанро дарёфта, иттиҳоду якпорчагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар роҳи ободии Ватан ҳадафҳои асосии кораш будааст. Пирони рўзгордидаи солҳои шасти садаи гузаштаи ин мавзеи кӣҳистони кишвар номи поки Тоҷиддин Исоевро бо ифтихори зиёд ба ёд оварда, замони раҳбарии ўро дар он солҳои вазнин замони шукўфоӣ ва фаровони ном мебурданд. Устоди зиндаёд, шахсияти хеле шинохтаву соҳибарҷу эҳтиром Фазлиддин Набиев, ки ҳамон солҳо ба сифати муаллим фаъолият доштааст, Тоҷиддин Исоевро боре чунин ёдоварӣ намуда буд: «Соли 1936, замоне, ки Тоҷиддин Исоев котиби аввали Ҳизби коммунисти ноҳия омада буд барои мардуми соли аз ҳама бобарор буд.
Ноҳияи Даштиҷум, ки дар масофаи хеле дури кўҳистон ва сарҳад бо кишвари ҳамсояи Афғонистон доман густурда буд, ҳам аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи иҷтимоӣ дар минтақаи Кўлоб дар маркази диққати роҳбарияти олии кишвар қарор дошт. Мардуми некному меҳнатпарасти ин ноҳия аслан бо кишти ғалла, меваҷот ва чорводорӣ машғул буд. Ҳосили баланди гандум худи ҳамон сол хони мардумро пур ва шуҳрату шонашро овозадор намуда, эътибори роҳбарияти ноҳия ифтихори тамоми Тоҷикистони азиз гардида буд. Маҳз бо ибтикори Тоҷиддин Исоев, дар беш даҳ маркази деҳаҳои бузург мактабҳои замони нав ба фаъолият оғоз намуданд. Мактабу маориф яке аз ҳадафҳои асосии ў ба шумор рафта, бо даъвати ў ба деҳаҳои дурдасти ноҳия муаллимони соҳибмаълумот аз минтақаи шимоли Тоҷикистон: шаҳрҳои Хуҷанду Конибодом, Истаравшану Исфара барои таълиму тарбияи насли нави ояндасоз ба ин ноҳияи кўҳистон даъват гардида, дар роҳи саводомўзии мардум саҳми бузурги хешро гузоштаанд. Ҳамин самимият ва муҳаббати ватандории Тоҷиддин Исоев буд, ки ноҳияи Даштиҷум дар ҷамъбасти соли 1936 соҳиби Байрақи Сурхи Меҳнат гардида, роҳбари ноҳия Тоҷиддин Исоев ба мақоми раиси комиссияи озуқавории Тоҷикистон ба (Сталинобод) Душанбеи имрўзи оварда шуд.
Боли парвоз
Дар ин мақоми пурифтихор ў миёни роҳбарияти олии кишвар соҳиби эътибори хеле баланд гардида, соли 1937 котиби сеюми ҲК(б) Тоҷикистон таъйин гардид. Ин мақоми пурифтихори роҳбарӣ эътибори ўро дар саросари Тоҷикистони азиз овозадор намуда, ҳама дар симои поки ў роҳбари ғамхор ва ватандори бонагу орро медиданд. Баъди чанде қобилияти баланди кордонӣ ва таҷрибаи бузурги роҳбарияшро ба инобат гирифта, ўро соли 1938 ба мақоми олии роҳбарии ҳизб аъзои бюрои сиёсии ҲК(б) Тоҷикистон пешбарӣ менамоянд.
Котиби аввали Ҳизби коммунисти (болшевикии) Тоҷикистон Дмитрий Захарович Протопопов ба фаъолияти кории Тоҷиддин Исоев баҳои баланд дода, соли 1941 то соли 1945 ўро ба мақоми котиби дувуми Ҳизби коммунисти (болшевикии) Тоҷикистон пешбарӣ менамояд. Дар ин мақоми пурмасъули давлатӣ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаъолият намудан, на ба ҳар роҳбар эътибори мардумӣ насиб мегардид. Қувваҳои истеҳсолии кишвар, ки дар ҳолати пасти иқтисодӣ қарор дошт, аз ҳамагон заҳмати шабонарӣзи талаб дошт, то кишварро аз вартаи ҳалокат наҷот бубахшанд. Аҳли заҳмати Тоҷикистони азиз дар он солҳо дар ду ва се баст кор карда, на танҳо мардум, балки фронтҳои ҷангии Белоруссия, Украина, Ленинград ва Москваро бо озуқаворӣ таъмин менамуданд. Бисёре аз корхонаҳои манотиқи ҷангзадаи кишвари абарқудрати Шўравӣ ба Тоҷикистон оварда шуда, коргарон бо заҳмати зиёд дар ду баст зери шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба!» заҳмат мекашиданд. Маҳз бо ташаббус ва роҳбарии фарзанди содиқи Ватан Тоҷиддин Исоев дар ҳамон солҳои душвор сохтмони Неругоҳи барқи обии Варзоб бо суръати баланд ба сомон расонда шуда, неругоҳ ба кор даромад. Дар Хуҷанд, Истаравшан ва Исфара корхонаҳои коркарди мева ба истифода дода шуда, маҳсулоти истеҳсолшудаи онҳо, аллакай, дар Фронт дастраси ҷанговарон гардида буд. Корхонаҳои равғанкашии ноҳияҳои Шаҳритус, Фархор ва Кўлоб бо суръати дучанд ба фаъолият даромада, маҳсулоти онҳо ҳамеша зери назорати қатии ў қарор дошт. Ҳамин будааст, ки мардуми меҳнатқарини тоҷик ташаббусҳои созанда ва ибтикору заҳматҳои шабонарўзии котиби дуюми Ҳизби коммунисти вақти кишвар Тоҷиддин Исоевро қадрдонӣ намуда, дар симои ин роҳбари олии кишвар содиқтарин фарзанди ватанро медиданд. Зери роҳбарии бевоситаи ин фарзанди номвари миллат нимаи дуюми соли 1941 дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ хати роҳи оҳани камбари Душанбе - Қўрғонтеппа ба истифода дода шуд, ки дарозии он 125 километрро ташкил медод. Тавассути Роҳи оҳани тоҷик бо ибтикори котиби дувуми Ҳизби коммунистии кишвар Тоҷиддин Исоев ва Раиси Президиуми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон Мунаввар Шогадоев соли 1942 - 151 вагон озуқаворӣ ва либосҳои гарм ба фронтҳои Белоруссия, Украина ва Ленинград фиристода шуд. Ин саҳми бузурги миллати қаҳрамони тоҷик бо ҳарфҳои тиллоӣ дар таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба абадият сабт гардидаанд. Номварӣ, далерӣ ва шуҷоату қаҳрамонии Тоҷиддин Исоев дар қалби садҳо ҳазор фарзандони содиқи миллат садсолаҳо боз шуълаи умед ба фардои некро афрўхта, номи некаш дар равоқи эътибори миллат бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт гардиданд.
Тоҷиддин Исоев моҳи декабри соли 1937 вакили Шўрои Олиии ИҶШС (даъвати якум), моҳи феврали соли 1946 (даъвати дуввум) интихоб гардида, дар кохи бузурги Кремл борҳо ба минбар баромада, Тоҷикистони азизро ба оламиён ошно намудааст. Ў дар ду вохўрии таърихияш бо роҳбари олии Иттиҳоди Шўравӣ Иосиф Виссарионович Сталин бо далелхои шаръӣ ватандўстиву ватанхоҳии халқи тоҷикро собит намуда, ўро водор намуд, ки ин миллати қаҳрамони достонангези тоҷик соҳиби адабиёт ва фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ буда, дар баробари дигар халқҳои Шўравӣ дар роҳи ободии кишвар саҳми бузурги хешро гузоштаанд. Соли 1945 аз мақоми олии котиби дуввуми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо амри Роҳбари Олии Иттиҳоди Шўравӣ Иосиф Виссарионович Сталин барои таҳсил ба мактаби Олии Ҳизбии назди КМ ВКП(б) ба шаҳри Маскав фиристода мешавад. Соли 1948 баъди хатми ин даргоҳи олии роҳбари ўро ба сифати котиби аввали кумитаи ҲК(б) Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба кор мефиристанд. Ў дар Бадахшони Шўравӣ низ зуд ба мардум унс гирифта, соҳиби обрў ва эътибори баланд мегардад. Мардуми некному заҳматкаши Бадахшони Советӣ, ки аз корномаи Тоҷиддин Исоев ва мулоқотҳои судмандаш ба Шириншоҳ Шоҳтемур хеле огаҳӣ доштанд, бо эҳтироми зиёд ўро арҷгузорӣ менамуданд.
Дар симои пур аз матонаташ корномаи ҷовидонии Шириншоҳ Шоҳтемурро медиданд. Ранҷу заҳматҳои зиёди кишварсозӣ ва ватанхоҳиву миллатдўстӣ вуҷуди ўро дардманд намуда буд. Шояд ҳамин буда бошад, ки ҳангоми фаъолияти корияш дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон вазъи саломатияш бад гардида, бо хоҳиши шахсӣ ва номаи махсус ба котиби аввали Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров аз вазифаи котиби аввали кумитаи Ҳизби Коммунисти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон озод гардида, дар ихтиёри Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шўравӣ вогузошта мешавад. Баъзе аз нотавонбинон ва ҳасудони рашкзада аз муваффақиятҳои меҳнатӣ ва эътибори баланди роҳбарии ў ба дилларза уфтода миёни уву роҳбарияти олии кишвар низоъҳои сунъи ангехта эътибори ин давлатмарди пурифтихорро костан мехостанд. Шояд онҳо то ҷое бар ин ҳадафашон расида бошанд. Вале, муҳаббат ва садоқати ватанхоҳӣ ва садоқат бар меҳнату эътибори ватандорияш зинҳор эътибори ўро кам накард. Роҳбарияти Олии кишвар Турсун Ўлҷабоев ва Ҷаббор Расулов бо заҳматҳои ватанхоҳонаи Тоҷиддин Исоев баҳои баланд дода, дар ҳама вохўриҳояшон номи ўро бо ифтихори зиёд ба забон меоварданд. Оре, ҳамин асилзодаи кўҳистони тоҷик эътибори миллат ва давлати тоҷиконро ҳамеша дар користони қаламрави Иттиҳоди фарҳангпарвару мардумсолори собиқи Шўравӣ шуҳраи оламиён намудааст. Шукуҳу шаҳомат ва эътибори ватандории Тоҷиддин Исоев ҳасудонашро онқадар нороҳат сохта буд, ки аз ҳар қадам ва ҳар нафаси ў ғубори нокоми меҷўстанд ва интиҳои ин ҳама ўро маҷбур сохт, ки муддате чанд тарки кишвар намояд. Ҳамин тавр баъди чанде бо тавсияи роҳбарияти Олии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шўравӣ ўро барои кор ба Ҷумҳурии Қазоқистон мефиристанд.
Дур аз Ватан
Роҳбарияти Олии Ҳизби коммунистии Қазоқистон ўро гарму самимӣ истиқбол намуда, дар мақомҳои олии раҳбарии вилоятҳои ҷануби Қазоқистон таъйинаш менамоянд. Қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва раъиятпарварияш миёни мардуми вилояту ноҳияҳои ҷануби Ҷумҳурии Қазоқистон овозадор гардида, номи тоҷик тавассути ин хирадманди заковатпеша шуҳраи аҳли меҳнат мегардад.
Дар авҷи камолоти фаъолияти меҳнатиаш вазъи саломатиаш бад гардида, бемориҳои пайдарпай садди роҳи фаъолияташ мегарданд. Бо ҳамаи ин нигоҳ накарда, ў фаъолияти хешро идома медиҳад. Аз соли 1956 то соли 1959 дар мақомҳои олии раҳбарии вилоятҳои ҷануби Қазоқистон ифои вазифа намуда, соли 1959 бо хоҳиши худаш бо сабаби беморӣ аз кор озод гардида, ба Тоҷикистон меояд. Моҳи октябри 1959 котиби аввали Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Турсун Ўлҷабоев ўро гарму самимӣ истиқбол намуда, ба мақоми мудирияти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон таъйинаш менамояд. Турсун Ўлҷабоев, ки ўро хеле нағз мешинохт ва арҷу эҳтироми хоса дошт, ҳама корҳои пурмасъули давлатиро бо ў машварат менамуд. Фаъолияти хуби роҳбарӣ, покдилӣ ва поктинатиии Тоҷиддин Исоевро хеле қадрдонӣ намуда, мехост бо ў то дер боз ҳамкорӣ намояд. Вале, вазъи саломатии Исоев ба ў имкон намедод, ки дар паҳлуи Турсун Ўлҷабоев пурсамар меҳнат намояд. Бо ҳамаи ин нигоҳ накарда, ў то замони омадани Ковал ба Тоҷикистон дар паҳлўи Турсун Ўлҷабоев фаъолият намуда, бинобар бад шудани вазъи саломатияш соли 1963 ба нафақаи давлатӣ мебарояд. Бо он ки вазъи саломатиаш дар пешбурди корҳо садди роҳаш мегардид, ҳамеша роҳбарияти кишвар, махсусан котиби аввали Ҳизби коммунисти Тоҷикистони Шўравӣ Ҷаббор Расулов ҳамеша аз машварат ва маслиҳатҳои манфиатбори Тоҷиддин Исоев истифода мебурд. Ҳамин тавр, ин қаҳрамони воқеии ватанхоҳ ва номвари миллат то вопасин нафас дар хидмати халқу Ватан ҷоннисорӣ намуда, 2 апрели соли 1971 дар шаҳри Душанбе, дар синни 67-солагӣ аз олам даргузашт.
Корномаи саропо пур аз матонату қаҳрамониаш рўи саҳфаи хотираҳои номварони давру замонҳо ба абадият ҳаккокӣ гардида, ҳамин порчаи абёти бузургонамон ифодаи рўзгори пуршўраш будааст:

Гоҳам ба гуноҳи бехудоӣ куштанд,
Гоҳам ба забони ошноӣ куштанд.
Аз решаву аз кундаву аз шоха маро
Карданд ҷудову дар ҷудоӣ куштанд.

Ў на танҳо роҳбари пуртаҷриба ва мушкилкушои мардум, балки падари меҳрубон ва соҳибэътиборе низ буд. Рўзгори ин марди некуном ва бошарафу пурэътибор намунаи ибрати тамоми кишвар метавонад, ки буда бошад. Завҷаи азизу меҳрубон ва боиффату поктинату покдомонаш Мавҷия тўли 42 соли зиндагони чаҳор духтар, чаҳор дилбар, чаҳор модари боиффатро ба дунё оварда, ҳар чорро соҳиби маълумоти олӣ ва эътибори баланди инсонӣ намуда, дар хидмати мардумони олам раҳсипорашон намуданд. Ду духтари аввали ў Исоева Аслия (Елена) Тоҷидиновна ва Исоева Зулфия Тоҷиддиновна олимони шинохтаи соҳаи тибб ва табибони номдор, навасагони Буалии Сино буда, дар шаҳри Маскав фаъолият доштанд. Духтари саввумӣ, Исоева Биҳанифа Тоҷиддиновна соҳиби маълумоти олӣ буда, бо ду фарзандаш дар ҷумҳурии Полша кору фаъолият доранд. Духтари хурдӣ, Исоева Собира Тоҷиддиновна низ соҳиби маълумоти олӣ ва эътибори баланди давлатӣ буда, айни замон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон фаъолият дорад. Хидматҳои бузурги ин марди пурэътибору бошарафро Ватани азизаш бо орденҳои Ленин, «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Барои хизмати шоён дар ҷанги бузурги ватанӣ – солҳои 1941 1945» ва мукофоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон «Барои азхудкунии заминҳои навкорам» ва ифтихорномаи Президуми Шурои Олии ИҶШС қадрдонӣ намуда, номи покаш дар китоби пурэътибори «Ватансозони Иттиҳоди Шўравӣ» ва «Фарзандони инқилоб» бо ҳарфҳои тиллоӣ ба абадият сабт гардидаанд. Соҳили ёдҳои пур аз матонату қаҳрамонӣ номи поки пурифтихорашро рўи амвоҷи ёдвораҳо бар чашми хотироти мо аз кафкҳои рашку ҳасад берун намуда бо садои пуршуре аз қаъри уқёнуси таърихи бурдубохти миллат мегўяд:
Аз захми табар чун нахли тар хаста шудем,
То бар табари табарзанон даста шудем.
Номи нек ва эътибори баланди ватандориаш зинҳор аз қалбҳои пурҳарорати фарзандони содиқи ватан зудуда нахоҳад шуд.

Ҷумахони ТЕМУРЗОДА

P.S. Имсол садумин солгарди Инқилоби мардумсолори Октябри бузург мақдамашро ба минтақаи Рашт хоҳад гузошт. Бо ҳама бурду бохтҳо таърихи 70-соли ватандории мо – тоҷикон бо ин 70 сол сахт алоқамандӣ дошта, ҳама бузургони миллатамон, устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Мунаввар Шогадоев, Тоҷиддин Исоев, Чинор Имомов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Ҷўра Зокиров, Сайфулло Абдуллоев, Ҳайдар Усмонов ва даҳҳои дигар парвардаи ин инқилоб буданд. Ва ин дастпарварони мактаби бузурги раъиятпарвариву ватансозӣ барои шукуфоии Тоҷикистони азиз ранҷу заҳматҳои зиёде кашида, кишвари сарсабзу ободеро ба мо ба мерос гузоштаанд. Имрўз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор ва саодатмандии зиёд давомдиҳандаи роҳи пуршарафи ин бузургон буда, дар ҳамешагӣ бо номи поки онҳо ифтихор намуда, онҳоро ахтарони дурахшони самои худшиносии миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ ном мебарад. Хеле хуб ва бамаврид мебуд, ки ин санади тақдирсози миллатро истиқбол намуда, аз ин абармардҳои таърихи ватандории Тоҷикистони азиз ёд намоем, то ояндагон низ бо ифтихор аз мо ёд намоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: