Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Конфронс оид ба дастовардҳои 30 соли Истиқлолият

Конфронс оид ба дастовардҳои 30 соли Истиқлолият

4-11-2021, 09:46
Хабарро хонданд: 123 нафар
Назарҳо: 0
Конфронс оид ба дастовардҳои 30 соли Истиқлолият


29 октябр аз ҷониби раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «30 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дастовардҳо» конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.
Зимни конфронс директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатиро «Арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик” дар замони муосир шумурдаанд. “Дар ҳақиқат ҳам, дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар халқу миллат азизу муътабар аст, сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти давлату миллатҳоро муайян месозад. Аз ҷумла, миллати тоҷик ба шарофати ин дастовард, яъне расидан ба соҳибистиқлолӣ дар зарфи 30 сол таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат ба комёбиҳои назаррасе ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо назир надорад»,-афзуд Х.Зиёӣ.
Дастовардҳои зикршуда хеле зиёданд, вале аз байни онҳо мутахассисони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-тои онро тибқи омори то имрӯз дастрас ҷудо намуданд, ки аз ҷумлаи онҳо дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он ва суханронии нахустини Роҳбари давлати тоҷикон — Пешвои миллат аз минбари ин созмон, ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати ин хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини фазои сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар ва ба намунаи таҷрибаи нодир барои ҷаҳониён табдил ёфтани сулҳи тоҷикон ва ғайра мебошанд.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода зикр намуд, ки ҳадафи конфронси имрӯза на танҳо арзёбии дастовардҳои бузург тайи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, балки пайдо кардани омилҳои таҳкими соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мебошад. “Боварии комил дорем, ки олимону мутахассисони дар ин ҳамоиш ширкатдошта доир ба масъала ва мавзӯъҳои зикршуда тавсияҳои муфид пешниҳод менамоянд”,-гуфт мавсуф.
Њамчунин, Мањмадулло Наимов, муовини сардабири нашрияи марказии ЊХДТ «Минбари халќ» зимни баромади хеш оид ба масъалаи мазкур зикр намуд, ки: «Барои пешгирии баъзе «беморињои љомеа», махсусан, љунбишњои ифротї, ихтилофи назари мазњабї, бањсњои лафзї, мухолифати аќидатї ва бавуљудовардани љањонбинии дунявии муосир, афкори динии созанда, инчунин, ташкили низоми эътиќодии ободкор, моро зарур аст, якчанд Консепсияњоро тањия ва ќабул намоем».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: