Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба истифода додани хати оби нӯшокӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Ба истифода додани хати оби нӯшокӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

29-10-2021, 08:13
Хабарро хонданд: 145 нафар
Назарҳо: 0

28.10.2021 12:14, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон хати оби нӯшокиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Хати оби нӯшокӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Барқароркунии системаи обтаъминкунии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ” бунёд гардид.

Нахуст ба Сарвари давлат ҷараёни татбиқи Лоиҳаи “Барқароркунии системаи обтаъминкунии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ” муаррифӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳа аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба маблағи умумии 5 миллиону 975 ҳазор доллари америкоӣ амалӣ карда шудааст.

Бо татбиқи муваффақонаи лоиҳа, ки бо саъйу талошҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, наздики 5000 хоҷагии маркази маъмурии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ-шаҳраки Балх, ё тақрибан 20 ҳазор нафар бо оби тозаи нӯшокӣ шабонарӯзӣ таъмин шуданд.

Дар доираи лоиҳа корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла 4 километр қубурҳои обпартои обу корез ва дар масофаи 5 километр хобонидани қубурҳои қутрашон гуногуни байникӯчагӣ анҷом дода шудааст.

Бунёду сохтмони қубури асосии баландфишору худҷоришаванда, истгоҳи нави обтаъминкунӣ, барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии мавҷудаю обанбор, барқарорсозии истгоҳи нассосӣ, таҷдиди коллекторҳои мавҷудаи канализатсионӣ дар шаҳраки Балх ва харидориву насби ҳисобкунакҳои об аз тадбирҳое мебошанд, ки дар доираи лоиҳаи “Барқароркунии системаи обтаъминкунии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ” иҷро гардиданд.

Сохтмони ташхисгоҳ, бинои насосҳои обкаши 1-ум ва 2-юми барориш, ҳавзҳои обтакшинкунанда, ҳавзҳои захиравии Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ ва корезӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ аз зумраи тадбирҳои анҷомёфта дар доираи лоиҳа мебошанд.

Тадбири мазкур дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал - “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” татбиқ шуда, мақсад аз он таъмини сокинони шаҳраки Балх бо оби нӯшокӣ мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки дар доираи лоиҳа сохтмони бинои маъмурии Корхонаи давлатии фаръии “Обтаъминкунӣ ва корезӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сомон ёфта, он комилан муҷаҳҳаз карда шуд.

Бунёди биноҳои ёрирасони корхона низ дар чаҳорчӯбаи амалишавии ҳамин тарҳ бо сифати хуб анҷом дода шудааст.

Инчунин дар доираи муҷаҳҳазгардонии корхона 1 адад автомашинаи асенизатсионӣ, мошини садамавӣ-техникӣ, экскаватор, автоманипулятор, автобус, компрессор, таҷҳизоти кафшергарию асфалтбурӣ ва ғайра дастрас гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми амалишавии лоиҳа зиёда аз 100 нафар сохтмончию муҳандис ба кори мавсимӣ ҷалб шуданд. Бо ба анҷом расидани лоиҳа шумораи кормандони доимии корхона аз 22 ба 36 нафар расид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки масъалаи дастрасии пурраи аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ аз ҳадафҳои аслии роҳбарияти давлату Ҳукумат маҳсуб ёфта, ин раванд дар мамлакат тавассути татбиқи тарҳҳои сармоягузорӣ ва ҷалби маблағҳои ҷумҳуриявӣ марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: