Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Боздид аз намоиши техника, шиносоӣ бо лоиҳаҳои “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ, марҳилаи-2” ва “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ” дар шаҳри Хоруғ

Боздид аз намоиши техника, шиносоӣ бо лоиҳаҳои “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ, марҳилаи-2” ва “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ” дар шаҳри Хоруғ

29-09-2021, 13:36
Хабарро хонданд: 160 нафар
Назарҳо: 0
29.09.2021 09:42, шаҳри Хоруғ
29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хоруғ бо татбиқи Лоиҳаҳои “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ, марҳилаи-2” ва “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ” шинос шуданд.

Нахуст Сарвари давлат аз техникаҳои манзилию коммуналӣ ва партовкашонӣ, ки ба маъраз гузошта шуд, дидан карданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи лоиҳаҳои мазкур автомошинаҳои махсуси ёрии техникӣ, асанезатор, асбоб-детектор оид ба муайян намудани ҷойҳои садама дар системаи обтаъминкунӣ, инчунин 6 техникаи махсусу ёрирасон барои кормандони соҳаи манзилию коммуналӣ харидорӣ гардидааст ва баҳри хизматрасонӣ дар шаҳри Хоруғ сафарбар карда мешаванд.

Техникаҳо замонавӣ буда, фаъолияти кормандони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналӣ ва Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғро дар самти хизматрасонӣ ба корхонаву ташкилот ва аҳолӣ бамаротиб беҳтар менамоянд. Дар доираи Лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ, марҳилаи-2” ду стансияи канализатсионӣ таҷдид, бинои маъмурии Корхонаи таъминоти об ва канализатсия таъмир, 14,7 километр қубурҳои обгузар барқарор ва 8 километр хати оби нав кашида шудааст.

Иқтидори ду пойгоҳи канализатсионӣ, ки аллакай пурра таҷдид шудааст, 12 ҳазор метри мукаабро дар як шабонарӯз ташкил медиҳад. Таҷҳизоти барқии пойгоҳҳо низ замонавӣ гардонида шуда, ба таври автоматӣ кор мекунад. Бинои маъмурии Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғ аз 13 ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, ба таври муосир таъмир гардидааст. Ҳоло дар доираи лоиҳа сохтмони 5 ҳавзи пасобтозакунӣ идома дорад. Масоҳати умумии иншооти пасобтозакунӣ 1,5 гектарро ташкил медиҳад ва он берун аз шаҳр ҷойгир мебошад. Дар заминаи бунёди иншоот пасоби шаҳри Хоруғ дар чор марҳила полоида мешавад ва барои истифодабарӣ ҳамчун оби полезӣ имконпазир мегардад.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ, марҳилаи-2” беш аз 90 фоиз иҷро гардидааст.

Иҷроиши Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ” бошад, 63 фоизро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳаи мазкур сохтмони партовгоҳи беруназшаҳрии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ идома дорад.

Масоҳати умумии иншоот 15 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, он то охири соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Ҳоло дар партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ ширкати “Ҳаят гуруҳ”-и Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ҷалби 7 техникаи пуриқтидор ва сохтмончиёни маҳаллӣ кор карда истодааст.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи баъдӣ дар ин минтақа таъсиси корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ низ пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот 75 фоиз иҷро гардидааст.

Сохтмонӣ бинои маъмурӣ ва иншооти ёрирасони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хоруғро ҳам сохтмончиёни маҳаллӣ дар доираи барнома 75 иҷро намуда, ҳоло қисман корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи дуюми бинои ёрирасон, аз ҷумла утоқҳои истироҳатии кормандон ва рангу бори дигар биноҳоро идома дода истодаанд. Ин иншоот низ то моҳи декабри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Мавриди зикр аст, ки иншооти таъминоти об ва канализатсия, инчунин хоҷагии манзилию коммуналӣ дар шаҳри Хоруғ солҳои тулонӣ истифода гардида, куҳнаву фарсуда шудааст. Акнун баъди татбиқи Лоиҳаҳои “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ, марҳилаи-2” ва “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ” сатҳи хизматрасонӣ дар соҳа беҳтару хубтар гардида, шароити созгори зиндагӣ ба мардум фароҳам меояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳаи ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои созанда ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ изҳори сипос намуда, онҳоро ба иҷрои босифати корҳои боқимонда ҳидоят карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: