Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар нӯҳ моҳи соли 2021

Ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар нӯҳ моҳи соли 2021

27-10-2021, 07:53
Хабарро хонданд: 242 нафар
Назарҳо: 0
Ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар нӯҳ моҳи соли 2021

Имрӯз дар толори кумитаи иҷроияи вилояти Суғд, ҷаласаи васеи фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раисони КИ ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд, кормандони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд иштирок намуданд.

Нахуст, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳозиринро хайрамақдам гуфта, иштирокдоронро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.

Муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов оид ба натиҷаи фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд давоми нӯҳ моҳи соли 2021 ҳисобот дод. Мавсуф оид ба сафи аъзоёни ҲХДТ сухан карда қайд намуд, ки айни ҳол теъдоди аъзои ҲХДТ дар вилояти Суғд ба 155 ҳазору 764 нафар расид, ки аз он 87 ҳазору 644 нафарро занон ва 59826 нафарро ҷавонон ташкил медиҳад. Инчунин муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов оид ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидои дар нуҳ моҳи соли 2021, “Маҳзани ягонаи электронии аъзои ҲХДТ”, таъсиси заминҳои ёрирасон дар назди кумиҷроияҳо, натиҷаи обуна барои соли 2022 ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” ва дигар дастовардҳои КИ ҲХДТ ҳисобот дод.

Сипас раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Зиёваддинзода Сурур дар баромади нуҳ моҳи КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара қайд намуд, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 1191 нафар ба сафи ҳизб қабул карда шуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 775 нафар зиёд мебошад.

Кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар бораи баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон дар мавриди хатари терроризму экстремизм, бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву терорристӣ, муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон, хоса ҷавонон дар самти мубориза бар зидди коррупсия, баҳри пешгирии касалии коронавирус ва оқилонаву сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, корхонау ташкилотҳо дар маҳаллаҳои Ҷамоатҳо бо усули “кӯча ба кӯча” ва “хона ба хона” вохӯриҳо баргузор намуданд. Дар ин 186 вохӯриҳо дар маҷмӯъ 12975 наафр сокинони Ҷаббор Расулов иштирок намуданд. Ин нуктаро Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам дар ҳисоботи хеш қайд намуд. Дар фарҷоми ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар нӯҳ моҳи соли 2021 ба Раисони КИ ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва кормандон оид ба иҷро расонидани нақшаи обуна ба рӯзномаи “Минбари халқ” ва рӯзномаи “Сухани халқ” барои соли 2022, баҳри вусъат бахшидани ҷараёни сохтмони бинои ҳизбӣ дар шаҳру наҳияҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан, Гулистон, Ҷаббор Равсулов, ташкили қитаъи замини ёрирасон дар назди кумиҷроияҳо, иҷроиши нақша ва барномаҳои ҲХДТ ба ҳозирин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: