
Ин навбат гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо сокинони деҳаҳои Чиларча, Абдусамад ва Ҳавзаки болои Ҷамоати деҳоти Саразм дар мавзӯҳои муҳими рӯз сӯҳбат орост.
Муовини раиси Кумитаи иҷроия Парвина Тошева, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Қобил Ҷалолов ва устоди коллеҷи иноватсионӣ-технологии шаҳр , рӯзноманигор Қаҳрамон Олимов ба сомеъон вазъи сиёсии имрӯзаи ҷаҳонро вобаста ба воқеаҳои Афғонистони ҳамсоя шарҳ дода, таваҷҷӯҳи онҳоро ба тарбияи дурусти фарзандон, пешгирии гароиши онҳо ба ақоиди ифротӣ ҷалб намуданд.
Ҳамчунин онҳо мазмуну мӯҳтавои қонунҳо дар бораи танзими ҷашну анъана, масъулияи падару модар дар тарбияи фарзанд, пешгирии хушунат дар оиларо ба онҳо шарҳ дода, таъкид намуданд, ки санадҳои ҳуқуқӣ бо мақсади таъмини рӯзгори осоиштаи мардум қабул шуда, иҷрои онҳо аз ҷониби шаҳрвандон воҷиб аст